ФАЪОЛИЯТИ БИСЁРСОҲАВӢ БАРОКОТ ДОРАД

Дар доираи иҷрои қарори Президент «Дар бораи чорабиниҳои ташкил кардани марказҳои хурди саноатӣ, ҳунармандӣ, хонакорӣ ва чорводорӣ дар маҳаллаҳо» дар маҳаллаи Мустақиллики ноҳияи Чуст корҳои зиёд амалӣ мешаванд.

5400 нафар аҳолии мансуб ба миллатҳои тоҷик, ӯзбек, рус, қароқалпоқ, тотор, қазоқ ва қирғизи маҳалла аҳлу тифоқ умр ба сар мебаранд. Дар маҳалла тағйиротҳои зиёди мусбӣ ба назар мерасанд. 
Шуғли асосии мардум дар ин ҷо мисли чустиён соҳибкорӣ ва ҳунармандӣ буда, онҳо аз имкониятҳое, ки фароҳам оварда шудааст, фаровон истифода мебаранд.
Аҳли хонаводаи Мирзоназаровҳо яке аз оилаҳои ибратбахши маҳалла буда, бо занбӯриасалпарварӣ шуғл меварзад. Вақте аз хонаводаи ин оилаи ибратбахш дидан кардем, тозагиву озодагӣ, саранҷому сариштагии он баҳри диламонро кушод.
Аз қадим гузаштагони мо мегуфтанд, ки токпарварӣ самтест, аз замини хурд ҳосили зиёд меоварад. Дар ҳавлӣ навъи зиёди ангур пухта расидааст.
Ҳатто гармхонае, ки дар 2 сотихи он бунёд шудааст, манбаи даромад шуда метавонад. Аҳли оила аз ҳар порчаи замини 17 сотихи ҳавлӣ пурсамар истифода бурда, кӯчатҳои лиму, банан, хурмо, помидору бодиринг, гулу гулбуттаҳои хурду калонро парвариш мекунанд.
– Йӯлдошбой Мирзоназаров солҳост, ки бо занбӯриасалпарварӣ шуғл меварзад, – гуфт дар суҳбат бо мо раиси маҳалла Шакарой Турғунова. – Аз асали тозаву шифобахши он касони зиёд чашидаанд.
– Ҳамсарам қуттиҳои асалро дар ҷойи махсуси барҳавои ағбаи Қамчиқ шинондаанд. Писаронам низ кӯмакрасони падар мебошанд, – мегӯяд Орифаҷон Калонова. – Азбаски он дар сари роҳ ҷойгир шудааст, меҳмононе, ки ба водӣ меоянд, ё ки касоне, ки аз ин ҷо мебароянд, албатта асал мехаранд. Дар мавсим вақте ки кор зиёд мешавад, мо низ ба ин кор кӯмак мерасонем. Фасл ё обу ҳаворо ба эътибор гирифта, ҷойи қуттиҳоро иваз менамоем. Азбаски обу ҳавои вилоятҳои Ҷиззах, Сирдарё ва Сурхондарё нисбати мо гармтар асту аз ин сабаб, дарахтҳо саривақт муғҷа мекунад, қуттиҳоро ба гирду атрофи боғ ва ё замини пахтаи он ҷо мекӯчонем. Маҳсули асаламон, ки дар беш аз ҳазор қуттӣ парвариш мешаванд, нафақат дар вилояти худамон, балки дар мавзеъҳои дурдасти мамлакатамон низ харидори худро доранд.
Фаъолияти бисёрсоҳавӣ баракати худро доштааст. Дар оилаи мо ҳама бо кор машғуланд. Ҳатто набераҳоямро ба ин меомӯзонам. То ки донанд, нони аз меҳнати ҳалол бадастомада ширину бомаза мешавад. 
Ғайр аз шуғли асосӣ  чорводорӣ, паррандапарварӣ, дӯзандагӣ ва гулпарвариро ба роҳ мондем. Дар як хона ҷиҳозҳои дӯзандагиро гузоштем. Чаҳор келину се нафар духтаронам бо дӯзандагӣ машғуланд.
– Дастурхон, кӯрпаву болин, рахти хобе, ки бонувони ин оила медӯзанд ҳамеша харидоргиранд, – гуфт раиси маҳалла. – Ҳоло маҳсулот аз рӯйи талаботи аҳолӣ ба дӯконҳо ва бозорҳои дохилӣ бароварда мешаванд. Ба нақша гирифтем, ки ба сифати оилаи ибратбахш семинари ноҳиявиро дар ҳамин ҷо гузаронем. Албатта, дар семинар ҷавононро низ даъват мекунем. То ки тарзи рӯзгордории аҳли ин оиларо омӯзанд. Тавре ки шоҳид шудаед, корҳои лоиқи тавсиф бисёранд. 
Дар мисоли ҳамин оила гуфта метавонем, ки каси меҳнатдӯст камиро намебинад. Сазовори иззату икроми атрофиён мегардад. 

Шоҳида ДАМИНОВА,
хабарнигори
 «Овози тоҷик».

Вилояти НАМАНГОН.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: