ФАЪОЛИЯТИ ЭКСПЕРТИЗАИ СУДӢ ТАКОМУЛ МЕЁБАД

Экспертизаи судӣ яке аз ҷанбаҳои муҳим дар ҳаёти ҷомеаи кишварамон маҳсуб меёбад.

Экспертизаи судӣ яке аз ҷанбаҳои муҳим дар ҳаёти ҷомеаи кишварамон маҳсуб меёбад. Ин ниҳод дар тасарруфи Вазорати адлияи ҷумҳурӣ фаъолият мебарад. Кормандони Маркази ҷумҳуриявии экспертизаи судии ба номи Х.Сулаймонова  бар асоси фармони Президенти мамлакат “Дар бораи чораҳои такмил бахшидани сохтори экспертизаи судӣ дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон” ислоҳоти доманфарохеро пиёда менамояд.
– Мувофиқи ин фармони Президенти мамлакат дар ҷумҳурӣ барои солҳои 2021-2025 дар робита ба ривоҷ додани фаъолияти экспертизаи судӣ консепсия ва “харитаи роҳ” ба тасвиб расид. Дар ин замин таъсиси Пажӯҳишгоҳи экспертизаи судӣ барномарезӣ гардидааст, ки 15 нафар корманд ба он ҷалб мегарданд,– гуфт директори Маркази ҷумҳуриявии экспертизаи судии ба номи Х.Сулаймонова Акрам Халилов.
Ба таъкиди мавсуф дар ин пажуҳишгоҳ солона ҳадди ақал 15 кори илмиву тадқиқотӣ гузаронида шуда, шаш муассисаи давлатии экспертизаи судӣ аз кӯмакҳои илмию услубӣ бархурдор хоҳанд шуд. 
– Муҳимтар аз ин, ҳудуди 700 дастуруламали услубӣ ба таври интиқодӣ дида баромада мешаванд ва мавриди арзёбӣ қарор мегиранд,– изҳор кард А.Халилов.
Тавре ки ӯ тазаккур дод, марказ ҳаққи гузаронидани тадқиқотҳои экспертизаи судиро мувофиқи муроҷиатҳои шахсони ҷисмонӣ ва юридикӣ дорад. Барои ҳамин аз 1 сентябри соли равон бар асоси шартнома вакилони мудофеъ зимни муҳокимаҳои парвандаҳои иқтисодӣ, шаҳрвандӣ ва маъмурӣ ба ташкилотҳои экспертизаи давлативу ғайридавлатӣ баргузории ин ё он экспертизаро дархост карда метавонанд.
Маълум шуд, ки кормандони ташкилотҳои экспертизаи ғайридавлатӣ дар ҳар се сол як маротиба аз аттестатсия мегузаранд ва баъд ба фаъолияти худ идома медиҳанд. Гузашта аз ин, фармони Президент мусоидат менамояд, ки аз 1 марти соли 2022 ба ниҳодҳои ваколатдор ва аҳолӣ барои расонидани маълумот сохтори ягонаи электронии “E– ekspertiza” ҷорӣ карда мешавад.
– Дар солҳои 2021-2025 ба 55 намуди экспертизаи судӣ боз ҷорӣ намудани 16 намуди иловагии экспертизаи судӣ, ба таври мисол экспертҳои ридиотехника, видеотехника, фототехника ва муайян намудани таркиби кимёвии маҳсулоти  парфумерӣ ё атриёт барномарезӣ шудааст,– мегӯяд А. Халилов.
Сардори садорати мувофиқгардонии таълими ҳуқуқшиносӣ ва фаъолияти экспертизаи судии Вазорати адлияи ҷумҳурӣ Шерзод Рабиев иброз дошт, ки ин вазорат барои мувофиқгардонии ниҳодҳои экспертизаи ғайридавлатии судӣ ва ба тартиб андохтани он  вазифаи ниҳоди ваколатдорро бар дӯш дорад.
– Дар назди Вазорати адлия хазинае таъсис дода мешавад, ки аз рушди фаъолияти экспертизаҳои судӣ пуштибонӣ менамояд. Маблағи хазина барои ҷорӣ намудани сохтори иттилооти электронии “E-ekspertiza”, ҷудо кардани субсидияҳо барои ташкилотҳои экспертизаи судӣ, ҷорӣ намудани намудҳои гуногуни экспертиза, мустаҳкам намудани базаи моддию техникии муассисаҳои давлатии экспертизаи судӣ ва ба такмили ихтисос ва гузаштани давраи омӯзишӣ ба кишварҳои хориҷӣ фиристодани даҳ нафар мутахассисони соҳа нигаронида хоҳанд шуд, – изҳор кард Ш. Рабиев. 
Ногуфта намонад, ки бар асоси қарори ҳукумат зери рақами 206 аз соли 2017 дар тамоми вилоятҳо бахши минтақавии Маркази экспертизаи судӣ ва маркази омӯзишӣ ташкил карда шудаанд. Дар он ғайр аз кормандони экспертизаи давлатии судӣ, инчунин ходимони экспертизаи ғайридавлатӣ низ барои баланд бардоштани донишҳои ҳуқуқӣ ба омӯзиш ва такмили касб ҷалб карда мешаванд. То кунун 1 ҳазору 284 нафар экспертҳои судӣ донишу маҳорат ва малакаи худро такмил бахшиданд.
– Қарори Президент “Дар бораи чораҳои боз ҳам такомул бахшидани фаъолияти экспертҳои судӣ” аз 17 январи соли 2019 мусоидат намуд, ки бори нахуст дар мамлакатамон аз тарафи ташкилотҳои ғайридавлатӣ асосҳои ҳуқуқии ба амал баровардани фаъолияти экспертҳои судӣ офарида шавад. Баъди ин масъалаи ба тартиб даровардани фаъолияти ташкилотҳои ғайридавлатии экспертизаи судӣ муайян гардид,– мегӯяд  Ш.Рабиев.
Таълифи 53 адад дастуруламалҳои услубӣ ва тавсияҳо барои беҳбуди фаъолияти экспертизаҳои судӣ хеле мусоидат менамоянд. Ҳамчунин, дар марказ як шуъбаи махсуси илмию тадқиқотӣ ифтитоҳ шуд. Ҳадафҳои асосии моро ҷилавгирӣ аз содир намудани ҷиноятҳо низ ташкил медиҳад. Бар ин асос мо ба ниҳодҳои интизомӣ, ки ба корҳои профилактикӣ машғуланд, 1 ҳазору 660 пешниҳодҳои худро ироа намудем.
Гуфта шуд, ки фаъолияти ин соҳаи басо муҳим ва аҳамиятнок бо роҳандозии сафарҳои матбуотӣ, ташкили нишастҳои хабарӣ ва медиатурҳо аз тариқи воситаҳои ахбори умум ва расонаҳои мустақил ба мардуми кишвар ва берун аз он ироа мегардад ва ин раванд минбаъд низ идома хоҳад кард.

М. АҲРОРОВ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: