ФАЪОЛИЯТИ ИДОРАҲОИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТИРО МЕОМӮЗАНД

Як гурӯҳи депутатҳои Палатаи қонунгузори Олий Маҷлис се рӯз ба омӯзиши иҷрои ҳуҷҷатҳои меъёрӣ-ҳуқуқии зерқонун машғул шуданд, ки марбути амалиёти соҳаи Ҳукумати электронии вилояти Фарғона мебошанд.

Аъзои ин гурӯҳ доир ба самаранокии фаъолияти Садорати агентии хизматҳои давлатии вилоят ва ниҳодҳои ноҳиявии он дар Учкӯприк, Бағдод, Ёзёвон ва Олтиариқ пурсишҳо гузарониданд.
Бино ба эътирофи гурӯҳи депутатҳои парлумон вилояти Фарғона аз рӯи ба Маркази хизматҳои давлатӣ муроҷиат кардани шаҳрвандон дар ҷумҳурӣ пешсаф мебошад. 
Ҳамчунин аъзои ин гурӯҳ таъкид карданд, ки дар 16 шаҳру ноҳияи вилоят барои Маркази хизматҳои давлатӣ биноҳои наву замонавӣ сохта, шароити кор барои кормандони МХД хеле беҳтар шудааст.
Дар ин мулоқот боз тазаккур гардид, ки бо вуҷуди ин пешравиҳо ҳанӯз дар се минтақаи вилоят сохтмони биноҳои Маркази хизматҳои давлатӣ ба таъхир афтодааст. Пешниҳод гардид, ки бо назардошти он ки  маъракаи иваз намудани шаҳодатномаҳои ронандагӣ то охири сол ба поён расонида шавад, ходимони масъули идораҳои ҳаракати бехатарии роҳи Садорати корҳои дохилаи вилоят низ бояд масъулияти бештар эҳсос кунанд.
Барои ҷорӣ намудани иқтисодиёти рақамӣ дар саросари вилоят марказҳои хизматҳои давлатӣ ва ташкилотҳо бо интернетҳои суръаташон баланд бояд таъмин карда шаванд, вагарна ин ҳол барои дар амал ҷорӣ кардани иқтисодиёти рақамӣ монеаҳои зиёдеро эҷод хоҳад кард.
Бино ба натиҷаҳои пурсиши умумии хизматҳои давлатӣ, ки аъзои гурӯҳи депутатҳо гузарониданд, истифодаи хеле заифи он-лайн қайд гардид ва ин ҳол ба саводнокии аҳолӣ вобаста дониста шуд.  
Ба таъкиди аъзои гурӯҳ барои бартараф намудани ҳамаи ин нуқсонҳо аз хизматҳои давлатӣ тақозо мегардад, ки ҷиҳати истифода аз хизматҳои ягонаи интерактиви давлатии my.gov.uz ва иловаи мобилии my.gov барои тарғиби роликҳои хоси реклама аз воситаҳои ахбори умум васеъ истифода кунанд.

Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири “Овози тоҷик”.

Вилояти ФАРҒОНА. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: