ФАЪОЛИЯТИ ИНСТИТУТҲОИ МЕЪМОРӢ ТАКМИЛ ХОҲАД ЁФТ

27 сентябр дар ҳузури Президент Шавкат Мирзиёев тақдимоти чорабиниҳо дар бобати такомули низоми тарбияи кадрҳо дар соҳаи меъморӣ ва сохтмон баргузор гардид.

Солҳои охир дар мамлакатамон миқёси корҳои созандагӣ васеъ гардида, дар сохтмон усулҳои мураккаби технологӣ корбурд мешаванд. Аммо таълим ва илм дар ин соҳа аз тараққиёт хеле ақиб мемонад. Барномаҳои таълимии институтҳо ҳоло ба талаботи имрӯз ҷавоб намедиҳанд. Дар муқоиса бо амалиёти хориҷӣ миқдори фанҳои тадрисӣ зиёд, аммо сифати таълим беҳбудӣ мехоҳад. Иштироки мутахассисони  амалиётӣ дар ҷараёни таълим кифоят намекунад. Муҳандисон-конструктороне, ки тафаккури замонавӣ дошта бошанд, кам ҳастанд. 
Дар ҷамъомади видеоселекторие, ки 6 июли соли ҷорӣ баргузор гардида буд, роҳбари  давлат дар бобати ин масъала махсус таваққуф намуд ва зарурияти трансформатсияи муассисаҳои таълими олиро дар маҳалҳо таъкид кард. 
Дар ҷараёни тақдимоти мазкур чорабиниҳои ислоҳи барномаҳои таълимии институтҳои меъмории Тошканд ва Самарқанд муҳокима гардида ба дараҷаи байналхалқӣ бардоштани сифати таълим зикр гардид. 
Шахсони масъул дар бораи нақшаҳои номнавис намудани барномаҳои байналхалқии таълимии ин муассисаҳо, ба вуҷуд овардани факултетҳои нав, ҳамоҳангсозии таълим ва амалиёт, такомули фаъолияти илмӣ нақл намуданд.
Президент ин пешниҳодотро дастгирӣ намуд ва супоришҳои иловагӣ дод. Пеш аз ҳама миқдори самтҳои бакалавриро таҷдиди назар намуда, онҳоро ба талаботи шаҳрсозӣ ва технологияи муосир муносиб бояд гардонд. Дар заминаи пурзӯр сохтани талабот нисбати сифати муаллимон ва баланд бардоштани малакаи хатмкунандагон тавсияҳо дода шуд. 
Аҳамияти ба институтҳо ҷалб намудани мутахассисони баландмалакаи молики таҷрибаи хориҷӣ, инчунин сафарбар намудани профессор ва устодони маҳаллӣ ба хориҷи кишвар барои амалиёти илмӣ таъкид гардид. Барои ин Институти меъмориву сохтмони Тошканд ҳамкории илмиро бо Донишгоҳи техникии Истанбул, Институти давлатии меъмориву сохтмони Самарқанд бо Донишгоҳи техникии Йилдиз роҳандозӣ менамоянд. 
Бо мақсади таъмини робитаи зичи таълим ва таҷриба барои ҳар як кафедра вобаста намудани корхонаҳои истеҳсолӣ, дар назди институтҳо ташкил намудани технопарк ва марказҳои инкубатсионӣ супурда шуд. Дар онҳо имкон ба вуҷуд меояд, ки масолеҳи аз лиҳози энергетикӣ муфиди сохтмон ба вуҷуд оварда шуда, баргузор намудани мастер-класс ва машғулоти амалӣ якҷоя бо ширкатҳои пешқадам, тиҷоратӣ гардондани натиҷаҳои тадқиқотҳои илмӣ имконпазир мегардад.
Дар бораи ба вуҷуд овардани Мактаби олии илмӣ қарор қабул гардид, ки он кадрҳои илмӣ ва илмиву педагогиро дар асоси донишҳои пешқадами муҳандисӣ тарбия менамояд. 
Инчунин ба ногузирии такомули фаъолияти литсейҳои академии институтҳо, дар онҳо татбиқ намудани барномаи таълимии байналхалқӣ ва усули A-level ишора гардид. 

ӮзА.  

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: