Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар рейтинги ҳарсолаи маҷаллаи молиявиву иқтисодии Turcomoney (Туркия) «Арбоби соли давлати хориҷӣ» эътироф шуд.
Аз ин хусус дар маросими тантанавии воқеъ дар Истанбул бо иштироки спикери Маҷлиси Олии Миллии Туркия Б. Йилдирим, мири шаҳри Истанбул М. Уйсала, намояндагони ҳукумат, парлумон, ҷамъиятҳо ва доираҳои корчаллони ин мамлакат эълон карда шуд.
Тавре ки дар чорабинӣ қайд гардид, роҳбари давлати мо барои хидматҳои бузург ва саҳми муҳими амалиаш дар таҳкими назарраси робитаҳои сиёсӣ ва иқтисодии Ӯзбекистон бо олами беруна, Туркия ва бо кишварҳои Осиёи Марказӣ, ҳамчунин барои хеле ҷоннок кардани ҳамкориҳо бо минтақаи Осиёи Марказӣ ва атрофи он ба ин баҳои олӣ сазовор дониста шудааст.
Мувофиқи маълумоти Сафоратхонаи Ӯзбекистон дар Туркия рейтинги мазкур дар ду номгӯйи асосӣ («Арбоби соли давлати хориҷӣ» ва «Арбоби барҷастаи давлатии Туркия»), ҳамчунин шаш номгӯйи соҳавӣ гузаронида мешавад. Қарори ҳакамот дар асоси мониторинг ва омӯзиши фаъолияти сиёсатмадорони машҳур ва арбобони тиҷоратии Туркия ва хориҷӣ қабул мегардад. Дар ҳайати ҳакамот коршиносони маҷаллаи Turcomoney, аъзои ҳукумат ва парлумони Туркия, намояндагони минтақаҳои мамлакат дохил мешаванд.
Ғолиби номгӯйи асосии дуввум «Арбоби барҷастаи давлатии Туркия» дар соли равон собиқ Сарвазир ва спикери ҳолоинаи парлумони Ҷумҳурии Туркия Б. Йилдирим гардид.
Вай дар маросими тантанавӣ ба сухан баромада, ба ислоҳоти амиқи тамоми соҳаҳо, ки дар Ӯзбекистон таҳти роҳбарии Президент Шавкат Мирзиёев татбиқ мешаванд, баҳои баланд дод. Маҳсулнокӣ ва натиҷабахшии фаъолияти ислоҳсозии роҳбари ҷумҳурии мо, қатъият ва саъю ғайрати ӯро бобати татбиқ намудани роҳи стратегии пешрафти босуръати давлат, ташаккул додани шароитҳои мусоиди дохилӣ ва хориҷӣ барои пешрафти мамлакат ба фаровонҳолии халқ таъкид шуд.
Эътибори иштирокдорони чорабинӣ ба навори кӯтоҳи видеоӣ ҷалб гардид, ки ҳозиронро бо фаъолияти сермаҳсули сиёсии Президенти Ӯзбекистон дар арсаи байналхалқӣ, вохӯриҳои ӯ бо сарони давлатҳои хориҷӣ шинос кард.
Б. Йилдирим аз номи иштирокдорон роҳбари давлати моро бо эътироф гардидани хидматҳои назаррасаш дар назди Ӯзбекистон, Осиёи Марказӣ, Туркия ва ҷомеаи байналхалқӣ аз таҳти дил муборакбод намуд.
ОИ «Дунё»