ФАЪОЛИЯТИ КУМИТА БАРРАСӢ ШУД

Имрӯз дар арафаи ҷамъомади умумии бисту дуюми Сенати Олий Маҷлис иҷлосияи Кумитаи оид ба масъалаҳои занон ва баробарии гендерӣ баргузор гардид.

Имрӯз дар арафаи ҷамъомади умумии бисту дуюми Сенати Олий Маҷлис иҷлосияи Кумитаи оид ба масъалаҳои занон ва баробарии гендерӣ баргузор гардид. Дар он ҳисоботи корҳои анҷомдодаи Кумита тӯли соли 2020 ва давраи сипаришудаи соли 2021 баррасӣ шуданд.
Мувофиқи ҳисобот дар давраи сипаришуда аз ҷониби Кумита пешакӣ 3 қонун муҳокима ва ба Сенат ворид карда, умуман 6 масъала муҳокима шудаанд. Қонунҳо аз нуқтаи назари манфиати минтақаҳо аз ҷиҳати танқидиву таҳлилӣ баррасӣ гардиданд. Аз ҷумла, онҳо дар Шӯрои депутатҳои халқии маҳаллӣ бо ҷалби мутахассисони соҳаҳо, коргузорони соҳибтаҷриба ва намояндагони ҷомеа муҳокима гардида, ба ҷамъомади умумии Сенат ворид карда шуданд.
Қайд шуд, ки омӯзиш дар соҳаҳои зерин, аз ҷумла таъмин сохтани кафолати ҳуқуқ ва имкониятҳои баробар барои занону мардон, ҷараёни иҷрои қонунҳо дар соҳаи пешгирии фишор ва зӯроварӣ дар маҳалҳо нисбати занон, таъмин сохтани ҳуқуқҳои меҳнатии бонувон, ҳамаҷониба дастгирӣ кардан ва инкишоф додани соҳибкорӣ ташкил карда мешаванд.
2 пурсиши парлумонӣ бинобар муроҷиати ашхоси ҷисмонӣ ва ҳуқуқӣ, ки ба Сенат пешниҳод шудаанд, вохӯриҳои баргузоршуда ва қабулҳои сайёр бо аҳолӣ дар маҳалҳо, ҳамчунин оид ба масъалаҳое, ки дар муроҷиати шаҳрвандон дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба миён гузошта шудаанд, баргузор гардиданд.
Соли равон аз ҷониби Кумита ба рӯзномаи ҷамъомади умумии Сенат масъалаҳо дар бораи вазъият дар маҳаллаҳо, ҳифзи ҳуқуқ ва манфиати занон, дастгирӣ кардани соҳибкорӣ, таъмин намудани шуғли аҳолӣ ворид карда шудаанд.
Дар доираи фаъолият бино бар омӯхтани ҳолати иҷрои қонунҳо, дар амалия татбиқ намудани ҳуқуқ ва қабул кардани ҳуҷҷатҳои зерқонунӣ якҷо бо Пажӯҳишгоҳи мушкилоти қонунгузорӣ ва тадқиқоти парлумонии назди Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон мониторинги ҳолати қабул ва истифодаи амалии ҳуҷҷатҳои зерқонуние, ки ба татбиқ намудани қонунҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи ҳифзи занон аз фишор ва зӯроварӣ», «Дар бораи пешгирии бемориҳои норасоии йод», «Дар бораи ҳифзи аҳолӣ аз бемории сил», «Дар бораи соҳибкории оилавӣ» ва «Дар бораи кафолатҳои фаъолияти созмонҳои ғайридавлативу ғайритиҷоратӣ» гузаронида шуд.
Дар ҷараёни кор бо муроҷиати шаҳрвандон аз ҷониби аъзои Кумита дар давраи ҳисоботӣ 3342 муроҷиати хаттӣ аз ашхоси ҷисмонӣ ва ҳуқуқӣ муҳокима гардиданд.
Соли 2021 Кумита тамоми муроҷиатҳоро зери назорати худ қарор дод, аз 2009 муроҷиат 904 (45 фоиз)-тоашон ба тариқи мусбат ҳаллу фасл шуданд. Ба шаҳрвандон аз ҷониби ташкилотҳо бинобар масъалаҳое, ки дар 1105 муроҷиат бардошта шудаанду онҳо бинобар муҳтавояшон ба ташкилотҳои дахлдор фиристода шуда буданд, тавзеҳот дода шуданд.
Дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби аъзои Кумита бо интихобкунандагон ба мақсади амиқ омӯхтани мушкилоте, ки интихобкунандагонро  нигарон мекунанд, 562 вохӯрӣ гузаронида, бинобар ҳаллу фасли онҳо чораҳои зарурӣ андешида шуданд.
Умуман аъзои Кумита тақрибан 3 ҳазор шаҳрвандонро дар Сенат ва дар маҳалҳо қабул карданд.
Ҳамчунин ҳангоми ҳаллу фасли масъалаҳое, ки манфиати ҳудудҳои дахлдор ва интихобкунандагонро дар бар мегиранд, шакли назорати парлумонӣ ҳам ба сифати пурсиши сенаторӣ самарабахш истифода бурда шуд. Бинобар масъалаҳое, ки ба манфиати шахсони муроҷиаткардаи ҷисмонӣ ва ҳуқуқӣ вобаста мебошанд, ҷамъ 34 пурсиши сенаторӣ равона карда шуд.

 Хидмати ахбори Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: