ФАЪОЛИЯТИ КУМИТАҲОИ СЕНАТ ДАР СОЛИ ГУЗАШТА ВА ВАЗИФАҲОИ УСТУВОРИ ОНҲО ДАР СОЛИ РАВОН

Дар Маркази матбуоти миллӣ анҷумани матбуотии Кумитаи буҷа ва масъалаҳои ислоҳоти иқтисодии Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон оиди корҳое, ки аз ҷониби Кумита дар соли 2018 ба иҷро расонида ва самтҳои устуворе, ки соли ҷорӣ дар пеш истодаанд, баргузор гардид.

Он гуна, ки раиси кумитаи мазкур М.Ҷумагалиев ва дигарон таъкид карда гузаштанд, дар Муроҷиатномаи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ш.Мирзиёев ба Олий Маҷлис 28 декабри соли 2018, ҳамчунин мақсад ва вазифаҳое, ки дар доираи Барномаи давлатии  «Соли сармояҳои фаъол ва рушди иҷтимоӣ» муайян карда шудаанд, ба зиммаи аъзои кумита масъулияти бузург мегузорад.
Дар тамоми дунё омодасозии параметрҳои Буҷаи давлатӣ, қабули он, назорат аз болои иҷрои буҷа ҷараёни мураккаб ҳисоб меёбад. Ба ин муносибат бо мақсади содда гардонидани он, таъмини қабули буҷаи мукаммал бо назардошти муддати муайян, ташкил кардани садорати алоҳидаи буҷа ва ба роҳ гузоштани фаъолияти он яке аз вазифаҳои асосии кумита ҳисоб меёбад.
Баробари ҳамин, ба муносибати қабули консепсияи нави андоз дар таҳрири нав таҳияи Кодекси андоз оиди идомаи муттасили ислоҳоти сохтори бонк-молия, мустаҳкамсозии муҳити рақобат, дар активҳои бонкӣ давра ба давра кам гардонидани ҳиссаи давлат, боз ҳам озод гардонидани асъор андешидани чорабиниҳо дар фаъолияти кумита дар соли 2019 ҷои муҳимро ишғол менамояд.
Тавре дар анҷуман қайд ёфт, аз ҷониби кумита дар давоми соли 2018 10 ҷамъомад доир шуда, дар онҳо 32 масъала, аз ҷумла, шаш қонун баррасӣ гардид. Доири қабули қонунҳо хулосаҳои кумита пешкаш гардид. Соли 2018 корҳои кумита дар самтҳои назоратӣ-таҳлилӣ фаъол гашт. Хусусан, дар доираи он 13 тадбир рӯи кор омад. Дар доираи ҷараёнҳои назоратӣ оиди иҷрои қонунҳо ба назди Девони Вазирон, вазорат ва идораҳо вазифаҳои дахлдор гузошта, тавсия ва таклифҳо дода шуданд.
Дар натиҷаи тадбирҳои назоратию таҳлилӣ, ки аз ҷониби кумита ба амал бароварда шуданд, оиди қабул кардани қонунҳои нав, ворид сохтани дигаргунӣ ва иловаҳо ба ҳуҷҷатҳои ҳуқуқию меъёрӣ ба маъмурияти Президент 7-то, ба Девони Вазирон бештар аз сӣ таклиф ворид карда шуд. Ғайр аз ин аъзои кумита дар тадбирҳое, ки дар доираи иҷрои Барномаи давлатии «Соли дастгирии соҳибкории фаъол, ғояҳои инноватсионӣ ва технология» ба иҷро расонда шуданд, низ фаъолона ширкат варзиданд.
Таъкид ёфт, корҳое, ки кумита соли 2018 амалӣ намуд, дар соли 2019 ба назди аъзои палатаи болоии парлумон барои иҷрои вазифаҳои боз ҳам масъулиятнок замина ҳозир менамоянд.

Дар анҷумани матбуотии аз ҷониби Кумитаи фан, таълим ва масъалаҳои нигаҳдории тандурустии Сенат баргузоршуда баромади раиси кумита З.Низомхоҷаев шунида шуд.

Таъкид гардид, ки чӣ дар Муроҷиатномаи Президент ба Олий Маҷлис ва чӣ дар лоиҳаи Барномаи давлатии «Соли сармояҳои фаъол ва рушди иҷтимоӣ» дар қатори вазифаҳои устувори дигар оиди рушди соҳаҳои таълим ва фан, такмили сохтори нигаҳдории тандурустӣ, баланд бардоштани даромади воқеии аҳолӣ чораю тадбирҳо муайян карда шудаанд. Бо назардошти инҳо кумита вазифаҳои устувори соли 2019-ро муайян сохт. Мувофиқи он, ба омӯзиши иҷрои қонунҳо дар маҳалҳо эътибори алоҳида дода шудааст. Омӯзиши иҷрои қонунҳо «Дар бораи ҳифзи иҷтимоии ногироҳо дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон» дар вилояти Тошканд, «Дар бораи нигаҳдории тандурустии шаҳрвандон» дар вилояти Фарғона, «Дар бораи кафолатҳои ҳуқуқи бача» дар вилояти Самарқанд аз ҳамин ҷумлаанд. Дар баробари ҳамин, аз муроҷиатҳои аҳолӣ баромада омада, омӯзиши ҳолати хидматҳои иҷтимоию иқтисодие, ки ба ногиро ва солхӯрдаҳои интернатҳои «Мурувват» ва «Саховат» расонда мешаванд, дар ҳамин хусус шунидани ахбори вазири нигаҳдории тандурустӣ низ ба нақша дароварда шудааст.
Қайд карда шуд, аз ҷониби аъзои кумита соли 2018 оиди иҷрои вазифаҳое, ки дар зиммаи онҳост, корҳои муайян ба амал бароварда шуданд. Дар даврае, ки гузашт, 10 ҷамъомади кумита доир шуда, бештар аз 20 масъала дида баромада шуд. Ба талаботи замон мувофиқ будани ҳуҷҷатҳои қонун, хусусан, мавриди эътибор қарор гирифт. Чаҳор қонун, ки ба самти кумита тааллуқнок мебошанд, дида баромада шуданд.
Яке аз самтҳои муҳими фаъолияти кумита назорат аз болои иҷрои барномаҳое мебошад, ки бо ташаббуси роҳбари давлат қабул карда шудаанд. Хусусан, барномае, ки бо қарор дар бораи чораҳои боз ҳам ривоҷ додани хидматрасонии тиббии махсусондашуда ба аҳолии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар солҳои 2017-2021 тасдиқи худ ёфтааст, аз ҷониби кумита ба назорат гирифта шуд, аз рӯи иҷрои он дар ҷамъомади умумии шонздаҳуми Сенат ахбори ҷонишини Сарвазир шунида шуд.
Тавре дар анҷумани матбуотӣ қайд гашт, дар давраи гузашта аз ҷониби кумита панҷ тадбири назоратӣ доир шуд.
Дида баромадани муроҷиатҳои шахсони ҷисмонию юридикӣ ва кӯмак ба ҳалли масъалаҳое, ки онҳо гузоштаанд, яке аз вазифаҳои масъулиятноки аъзои кумита мебошад. Аз рӯи ба амал баровардани он 3440 муроҷиате, ки ба кумита афтодаанд, дида баромада шуданд. Бо мақсади ҳалли масъалаҳое, ки пешниҳод шудаанд, ба идораҳои ҳокимияти давлатӣ 47 муроҷиати сенаторҳо, 30 пурсиши аъзои Сенат фиристода шуд.
Дар анҷумани матбуотие, ки Кумитаи мудофиа ва масъалаҳои  бехатарии Сенати Олий Маҷлис бахшида ба мавзӯъҳои болоӣ доир намуд, узви Сенат Б.Расулов таъкид сохт, ки бахшида ба масъалаҳои рӯзмарра ва муҳим аз ҷониби кумита 17 ҷамъомад гузаронида ва 2 пурсуҷӯи парлумонӣ омода, 58 пурсуҷӯи сенаторӣ фиристода шуд, ки ин ҳама аз самаранок гузаштани фаъолияти он дар соли 2018 далолат медиҳанд. 
Ғайр аз ин аъзои кумита дар бештар аз 2600 тадбири гуногун бо маърӯза ва баромадҳои худ иштирок намуданд. Хусусан, дар чаҳор ҷамъомади умумии Сенат панҷ қонун дида баромада шуд, ки ба самтҳои фаъолияти кумита мутааллиқ мебошанд. Дар муҳокимаи ҳар қонун фикру мулоҳиза ва таклифҳои шаҳрвандон, ҷомеаи васеъ, аъзои Сенат дар маҳалҳо ба эътибор гирифта шуд. Ба тартиби рӯзи ҷамъомади умумии чордаҳуми Сенат аз ҷониби кумита Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи Хидмати амнияти давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон» ворид гардид. Ҳамчунин, қонунҳо «Дар бораи мубориза алайҳи экстремизм», «Дар бораи хидмати давлатии гумрук», «Дар бораи муайян кардани Рӯзи хидмати амнияти давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон» низ аз ҷониби кумита ба тарзи нахуст дида баромада ва хулосаҳои дахлнок тақдим гардонида шуданд. Кор бо муроҷиатҳое, ки аз шаҳрвандон меафтанд, як шохаи муҳими фаъолияти кумита ҳисоб меёбад. Аз шахсони ҷисмонию юридикӣ ба аъзои кумита бештар аз 5900 муроҷиат афтид. Аз ҷониби онҳо зиёда аз 14600 нафар шаҳрвандон қабул ва бо аҳолӣ 492 маротиба вохӯрӣ гузаронида шуд.
Дар асоси шартнома ба хидмати ҳарбӣ даромадан, муаммоҳое, ки марбут ба дароз кардани муддати хидмат ва сабукдӯшӣ аз хидмат вобастаанд, амиқ таҳлил карда ва омӯхта шуданд. Аз рӯи ҳолати иҷрои ҳуҷҷатҳои қонунӣ дар ин самт ва дастгирии ҳуқуқ дар соҳа ба Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон пурсиши парлумонӣ фиристода шуд. Ғайр аз ин бо мақсади баланд бардоштани тафаккур ва маданияти ҳуқуқии шаҳрвандон корҳои зиёди тарғиботӣ ва фаҳмондадиҳӣ пеш бурда шуданд.
Навъе таъкид гашт, фаъолияти самараноки кумита дар соли 2018 барои боз ҳам аз ҷониби сенаторон ба иҷро расонидани вазифаҳои масъулиятнок пойдевори муҳимест.
Хусусан, соли ҷорӣ ба иҷрои вазифаҳое, ки бевосита ба таъмини амният, ҳамҷиҳатии байнимиллӣ ва кушодадилии динӣ мутааллиқанд, эътибори алоҳида нигаронида мешавад.
Дар поёни анҷумани матбуотӣ саволу ҷавобҳо вобаста ба масъалаҳои амнияту дифоъ ба амал омаданд.

М. ШОДИЕВ,
мухбири 
«Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: