ФАЪОЛИЯТИ МАКТАБИ ХУСУСӢ ОҒОЗ ЁФТ

Дар шаҳри Ҷиззах маросими кушодашавии мактаби хусусии «Asia School» баргузор шуд.

Синфхона, ошхона ва толори варзишии мактаб бо таҷҳизоти замонавӣ ҷиҳозонида шудааст. Дар муассиса ба дараҷаи баланд ташкил кардани машғулиятҳои дарс ва берун аз дарс, пурмазмун гузарондани вақти холии хонандагон эътибори алоҳида нигаронида шудааст.
–Дар мактаби бо усули таълимии замонавӣ омӯзонида шудани математика, забонҳои англисӣ ва немисӣ ихтисосонидашудаи мо машғулиятҳо ба забони ӯзбекӣ ва русӣ бурда мешавад,– гуфт директори мактаб Асилбек Убайдуллоев. –Дар соли хониши нав ба синфҳои 1, 2 ва 3-юм 200 нафар хонанда қабул карда шуд. Ба хонандагон ғайр аз машғулотҳои асосӣ аз рӯйи хоҳишашон дар маҳфилҳои шоҳмот, мусиқӣ, санъати тасвирӣ, гимнастика машғулиятҳо гузаронда мешаванд.
Дар чорабинӣ падару модарон, вакилони ҳокимияти шаҳру вилоят бо имкониятҳои дар муассиса офаридашуда шинос шуданд.

Тошқул БЕКНАЗАРОВ,
мухбири ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: