Дар як суҳбати мизи гирд, ки намояндагони Агентии мубориза бо коррупсия, депутат ва сенаторони Олий Маҷлис, Агентии ахбору коммуникатсияҳо, Кумитаи омор, Иттиҳодияи эҷодии журналистон ва коршиносони байналмилалӣ ширкат карданд, мавзӯи “Кушодӣ ва шаффофии фаъолияти ниҳодҳои давлатии Ӯзбекистон: таҷрибаи Ӯзбекистон ва амалиёти хориҷӣ” мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифт.
Дар як суҳбати мизи гирд, ки намояндагони Агентии мубориза бо коррупсия, депутат ва сенаторони Олий Маҷлис, Агентии ахбору коммуникатсияҳо, Кумитаи омор, Иттиҳодияи эҷодии журналистон ва коршиносони байналмилалӣ ширкат карданд, мавзӯи “Кушодӣ ва шаффофии фаъолияти ниҳодҳои давлатии Ӯзбекистон: таҷрибаи Ӯзбекистон ва амалиёти хориҷӣ” мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифт.
Дар он қайд гардид, ки дар Ӯзбекистон ҷиҳати ҷорӣ намудани шаффофият дар корҳои давлатӣ, истифодаи фаровон аз манбаъҳои ахбор ва баланд бардоштани сифати иттилооти байналмилалӣ, ки ҷавобгӯи замон мебошанд, корҳои зиёд анҷом дода мешаванд. Ин ҳолатро дар санадҳои қабулшудаи консептуалии меъёриву ҳуқуқӣ ва ислоҳоти маъмурии солҳои охир метавон дид, ки куллан барои пешгирӣ аз коррупсия нигаронида шудаанд.
Гуфта шуд, ки имрӯз барои мубориза алайҳи коррупсия ва аломатҳои он дар кишварамон тамоми шароиту имкониятҳо фароҳам оварда шудаанд. Як қатор қонунҳои қабулшуда, аз ҷумла, “Дар бораи мубориза бо коррупсия”, “Дар бораи фаъолияти кушоди ҳокимияти давлатӣ ва ниҳодҳои идорӣ”, инчунин “Дар бораи назорати ҷамоатӣ” роҳбарони идораҳо ва ҷамъи мансабдоронро огоҳ месозанд, ки ҳар як саъй ва ҳаракати онҳо зери назорат қарор дорад ва ба фаъолияти онҳо мардум баҳо медиҳанд.
Гузашта аз ин, дар соҳаи кушодии ҳокимият барои солҳои 2021-2025 Консепсия қабул карда шудааст, ки бар асоси он аз тамоми маълумотҳои мавҷуда истифодаи фаровон ба амал овардан мумкин аст. Ба сифати давоми мантиқии ислоҳоте, ки дар солҳои охир пиёда мегарданд, Фармони Президент “Дар бораи таъмини фаъолияти кушоди органҳои давлатӣ ва ташкилотҳо, инчунин чораву тадбирҳои иловагӣ оид ба ба амал баровардани назорати босамари иҷтимоӣ” содир шудааст. Тавассути ин фармон ҳамаи масъалаҳо ва муаммоҳои дар ҳуҷҷатҳои қонунгузорӣ мавҷуд ҳаллу фасли худро ёфтаанд.
– Боз як ҷиҳати дигарро тазаккур доданиам. То имрӯз низ ҳуҷҷатҳои меъёрие мавҷуд буданд, ки кушодии ҳокимияти давлатӣ ва ниҳодҳои идориро мадди назар доштаанд. Аммо татбиқи ин ҳуҷҷатҳои меъёрӣ аз тарафи шахсони мансабдор татбиқ карда нашудааст. Ин барои дар ҳаёт татбиқ гардидани ҳуҷҷатҳои қонунгузорӣ монеа эҷод намудааст, – гуфт директори Агентии мубориза бо коррупсия Акмал Бурҳонов.
Иштирокчиёни ин суҳбати мизи гирд ба чунин натиҷа расиданд, ки самаранокии таъмини кушодӣ танҳо ба соҳаи мубориза бо коррупсия вобаста нест, балки дар ин ҷода кор бо воситаҳои ахбори умум, таъмини шаффофияти молиявӣ, такмил додани қонунгузорӣ, бархурд бо муроҷиати шаҳрвандон ва амсоли он низ дар ин самт аз аҳамият холӣ намебошад.
Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири
“Овози тоҷик”.