Алҳол дар мамлакати мо ба омӯхтани ҳаёт ва фаъолияти маорифпарварони машҳур, мероси маънавии онҳо, васеъ таҷлил намудани санаҳои хотирмони кишварамон эътибори махсус дода мешавад.
Алҳол дар мамлакати мо ба омӯхтани ҳаёт ва фаъолияти маорифпарварони машҳур, мероси маънавии онҳо, васеъ таҷлил намудани санаҳои хотирмони кишварамон эътибори махсус дода мешавад. Яке аз чунин арбобон Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ ба ҳисоб меравад.
Аз ҷониби вазоратҳои маълумоти олӣ ва миёнаи махсус, рушди инноватсионӣ, Донишгоҳи журналистика ва коммуникатсияи оммавӣ, Маркази хидматҳои илмӣ муштаракона онлайн-конфронси байналхалқии илмӣ ташкил гардид, ки ба 146-умин солгарди маорифпарвари бузург бахшида шуд.
Мақсади конфронс баланд бардоштани сатҳ ва сифати корҳои илмиву тадқиқотие, ки дар соҳаи матбуот, таърихи журналистикаи ватанӣ, аз ҷумла аз ҷониби олимони ҷавони ҷумҳурӣ амалӣ мешаванд, кӯмакрасонии амалӣ барои ҷорӣ гардидани натиҷаҳои онҳо, ҳамчунин муқаррар кардани робитаҳои илмии байни олимони ватанӣ ва хориҷӣ буд.
Ректори Донишгоҳи журналистика ва коммункатсияҳои оммавӣ Шерзодхон Қудратхӯҷа ба конфронс бо суханони ифтитоҳӣ оғоз бахшид. Дар чорабинӣ муовини директори Маркази таълими Аврупо, Русия ва Авроосиё, профессори Донишгоҳи давлатии Мичиган (ИМА) Темур Косауғлӣ (Хӯҷауғлӣ), намояндаи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқи Русия дар пойгоҳи Донишкадаи шарқшиносии Фарҳангистони улуми Русия, доктори улуми таърих Айдар Ҳабутдинов, дотсенти факултаи филологияи ӯзбеки Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров (Тоҷикистон) Мунаввара Ойматова, мудири шуъбаи робитаҳои адабии Озарбойҷон, Туркманистон ва Ӯзбекистони Донишкадаи адабиёти ба номи Низомии Ганҷавии Фарҳангистони миллии илмии Озарбойҷон, доктори улуми филологӣ, профессор Алмаз Улвӣ Биннатова бо маърӯзаҳои худ иштирок карданд. Суханронии олимони шинохтаи ватанӣ – академик Наим Каримов ва профессор Баҳодур Каримов ба иштирокдорон таассуроти хуб гузошт.
Чорабиние, ки олимони зиёдро муттаҳид сохт, дар ду сексия: «Мероси публисистии Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ» ва «Нақш ва аҳамияти матбуоти ҷадидӣ дар журналистикаи ватанӣ» баргузор гардид.
– Конфронс-онлайни илмии байналхалқӣ барои мубодилаи фикру ақида ва дарёфти донишҳои нав имконияти хуб фароҳам овард, – қайд кард мудири кафедраи назария ва амалияи матбуоти Донишгоҳи журналистика ва коммуникатсияҳои оммавии Ӯзбекистон Назира Тошпӯлатова. – Алҳол бобати ба навор бардоштани филмҳои ҳуҷҷатӣ, асарҳо, ба саҳна гузоштани намоишномаҳои замонавӣ дар бораи ҳаёт ва эҷодиёти маорифпарвар корҳои зиёде идома доранд. Бо ташаббуси роҳбари давлати мо дар Хиёбони адибони пойтахт муҷассамаи Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ низ гузошта шуд.
Бояд гуфт, ки барои донишҷӯёни мактаби олии мо стипендияи ба номи Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ таъсис гардидааст. Баробари ин дар назди донишгоҳ мактаби илмии публисистию ҷадидияи ба номи Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ фаъолият мебарад. Дар доираи фаъолияти ин мактаб баргузор намудани конфронс, нашри рисола, китобҳо, тайёр кардани силсилаи барномаҳо ба нақша гирифта шудааст.
Дар анҷоми чорабинӣ таъкид шуд, ки ҳаёти ҷадидоне, ки халқро ба бедорӣ ва соҳибмаърифат шудан даъват кардаанд, мероси эҷодии онҳо тӯли асрҳо барои насли оянда ба сифати ибрати нек хидмат хоҳанд кард.
Назокат ҲАМРОҚУЛОВА.