ФАЪОЛИЯТИ ҲАМОҲАНГИ ЗАМОНИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА

Дар натиҷаи амалӣ намудани ислоҳоти пайваста дар ҳамаи соҳаҳо, аз ҷумла фаъолияти иттифоқҳои касаба дар мамлакатамон натиҷаҳои назаррас ба даст оварда мешаванд.

Маълум аст, ки байни ҳокимияти вилояти Самарқанд, Шӯрои вилоятии Федератсияи иттифоқҳои касабаи Ӯзбекистон ва Палатаи савдову саноат барои солҳои 2003-2005 созиши минтақавии ҷамоавӣ ба имзо расида буд.

Ин бо мақсади ҳифзи таъмини ҳуқуқ ва манфиатҳои иҷтимоӣ-иқтисодии ходимон ва кордиҳандагон, пурзӯр кардани ҳамкории босамар барои баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ, пос доштани барқарорӣ дар ҷомеа бо роҳандозӣ намудани тамоюлҳои шарикии иҷтимоӣ амалӣ карда мешавад.

Ҳамин тавр иттифоқҳои касаба фаъолияти худро ҳамоҳанги ҷараёнҳои иҷтимоӣ-иқтисодие, ки дар мамлакатамон роҳандозӣ карда мешаванд, пеш мебарад.

Аз ин рӯ, дар сохтори иттифоқҳои касаба зери шиори «Саросари Ӯзбекистон саёҳат кунед!», ки ба инкишофи сайёҳӣ нигаронида шудааст, ба воситаи дохил намудан ба шартномаҳои ҷамоавӣ ва созишҳои соҳавӣ аз 19590 нафар ходимон ва аъзои оилаи онҳо, ки роҳхат гирифтаанд, сафари 13939 нафар дар қадамҷойҳои сазовори диққати минтақаи худ ва 5651 нафар дар шаҳрҳои таърихӣ ташкил карда шуданд.

Бо мақсади сермазмун гузарондани вақти холии ходимон, ғизои маънавӣ гирифтан ва бо маданияту мероси ғании таърихиамон аз наздик шинос шудан иштироки 3505 нафар коргару ходимони корхона, ташкилот ва муассисаҳои сохтори соҳавии иттифоқҳои касаба дар барномаҳои консертӣ, 10789 нафар намоишҳои театрӣ ва 1201 нафар ба тамошои музейҳо ташкил карда шуданд.

Баробари ин Шӯрои вилоятии Федератсияи иттифоқҳои касабаи Ӯзбекистон соли ҷорӣ дар сиҳатгоҳҳои сохтори иттифоқҳои касаба истироҳат ва барқарор кардани саломатии 6 ҳазор нафар коргару ходимон ва аъзои оилаи онҳоро ба нақша гирифта буд. Алҳол дар 10 моҳи соли равон 4 ҳазору 780 нафар коргарону ходимон ва аъзои оилаи онҳо аз чунин имконият истифода бурдаанд.

217-то роҳхати санаторияҳо ба собиқадорони ҷанг ва меҳнат, ҷанговарони байналмилал, «чернобилчиён», вакилони оилаҳои ҷавони фарзандталаб, ки дар ҳудудҳои дурдаст зиндагӣ мекунанд ва аъзои оилаҳои ба ҳимояи иҷтимоӣ мӯҳтоҷ, ки кор мекунанд, бемузд дода шуданд.

То анҷоми сол боз ба 1 ҳазору 220 нафар коргарону ходимон ва аъзои оилаи онҳо додани роҳхат ба санаторияҳо пешбинӣ шудааст.

 

Сӯҳроб РАФИҚОВ,

раиси Шӯрои вилояти  Самарқанди Федератсияи иттифоқҳои касабаи

Ӯзбекистон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: