Дар ёд дорам, соли 2008 таҳририяти рӯзномаи ноҳиявии Шофиркон ба бинои дигар кӯчид. Он солҳо саҳифаҳои тоҷикии рӯзномаҳои ноҳияҳои Пешкӯ ва Ромитан фаъолияташонро бас карда бошанд ҳам, чопи саҳифаи тоҷикии «Шофиркон овози» бо сарварии Мубин Носиров идома дошт.
Дар ёд дорам, соли 2008 таҳририяти рӯзномаи ноҳиявии Шофиркон ба бинои дигар кӯчид. Он солҳо саҳифаҳои тоҷикии рӯзномаҳои ноҳияҳои Пешкӯ ва Ромитан фаъолияташонро бас карда бошанд ҳам, чопи саҳифаи тоҷикии «Шофиркон овози» бо сарварии Мубин Носиров идома дошт.
Банда, ки мухбири ҷамоатии он будам, аз рӯйи кор зуд-зуд меҳмони ин даргоҳ мешудам. Рӯзе ба таҳририят омада, на Мубинакаро ва на масъули саҳифаи тоҷикии рӯзнома Икромҷон Ориповро дарёфтам. Вақте баргаштанӣ шудам, бо бонуи хушмуомила рӯ ба рӯ шудам. Ӯ пиёлаи чойи гармро дароз карда гуфт, ки чанд дақиқа интизор шавам...
Баъди чанд дақиқа Икромҷону Мубинака паси ҳам даромада омаданд.
– Алимурод шинос шавед, ин кас мудири шуъбаи маданияти рӯзнома Тамара Бӯронова, – гуфт М. Носиров. – Дастпарвари Донишкадаи омӯзгории Душанбе, яке аз бонуҳои соҳибқалами Шофиркон.
Пас аз ин воқеа мақолаҳои ҷаззоби Тамара Бӯронова ба чашмам мерасид ва ӯ дар як муддати кӯтоҳ маҳбуби газетхонон гашту соҳиби иззату эътибор шуд.
Боре аз ӯ пурсидам, ки чаро номашро «Тамара» гузоштаанд.
– Вақте шодравон падарам дар Ҷанги дуюми ҷаҳон бар зидди фашистон ҷанг мекард, рӯзе ба назди онҳо Ҳунарманди мардумии ИҶШС Тамарахонум ташриф меоварад. Консерт ба падарам маъқул мешавад ва ният мекунад, ки рӯзе ин ҷанги хонумонсӯз итмом меёбаду ба хона бармегардем. Вақте хонадор шаваму Худо ба ман духтар диҳад, номи ӯро Тамара мемонам. Ӯ ин нияташро ба Тамара Артёмовна мегӯяд, хонанда аскари ҷавонро ба оғӯш кашида, ба ниятат рас додар мегӯяд. Ин нияти падарам соли 1965 амалӣ мешавад.
Дар ҳамин ҷо бояд ёдрас намуд, ки дар бораи далерию шуҷоати Ширинбобо Бӯронов – падари Тамара Нависандаи мардумии Ӯзбекистон Иброҳим Раҳим очерке навишта буд, ки бо он корномаҳои ин марди ҷавон аз саҳифаҳои таърихи Ҷанги дуюми ҷаҳон ҷой гирифт...
Баъди хатми донишкада Т. Бӯронова ба зодгоҳ баргашта, солиёни дароз дар мактаби рақами 15-уми ба номи С. Айнии ноҳия ҳамчун муаллими синфҳои ибтидоӣ кӯдаконро хату саводнок кард.
Ин ҳангом риштаи тақдир ӯро бо муаллим Азамат Рӯзиев пайваст. А. Рӯзиев солҳои дароз сардори мактаби рақами 15, баъд услубшиноси шуъбаи маорифи халқи ноҳияи Шофиркон адои вазифа кард. Онҳо соҳиби 3 нафар фарзанд шуданд.
Пас аз чанд муддат ӯ мақолаҳои чопшудаи худро ҷамъ карда, бо номи «Тӯй муборак» чоп кард, ки китоб дар бораи расму русуми маросимҳои шоду хурсандии маҳаллӣ буд.
Нашри китоби аввал ба муаллиф илҳом бахшид. Китоби дуюми ӯ «Дилбарони Шофиркон» ном дошта, аз ҳаёти бонувони ноҳия, ки ғайр аз корҳои оилаву нигоҳубини фарзандон ба корҳои ҷамъиятиву давлатӣ ва илмиву эҷодӣ ҳисса гузоштаанд, ҳикоя мекунад.
Тамара аз соли 2015 то паҳншавии пандемияи «Covid-19» бо маслиҳат ва дастгирии Мубин Носиров нашри ҳафтаномаи «Аторуд»-ро мустақилона ба роҳ монд, ки акнун фаъолияти эҷодии ӯ нафақат вилояти Бухоро, балки ноҳияҳои наздиктарини вилояти Навоиро низ дарбар мегирифт. Нашрия ҳатто дар шаҳри тиллопазони Зарафшон низ обуначиёни зиёди худро дошт.
Пайи ҳам китобҳои ӯ «Келин омад, ёр-ёр», дар ҳаммуаллифӣ «Ҳаёт устуни» (2020), «Фидоиён» (2020), «Элим деб, юртим деб ёниб яшаганлар» (2021), «Оққан дарё оқаверади» (2022) чоп мешуданд, ки ҳамдиёрон қаҳрамонони асосии он буда, муаллиф дар ин асарҳо онҳоро азнав «кашф мекард».
Умр оби равон аст. Тамара Бӯронова ба синни нафақа омада расиданашро надониста монд. Ӯ ба роҳи тайкардаи умраш хаёлан назар бинмуда, алҳол соҳиби панҷ нафар набераи ширину шакар гаштанашро азнав ҳис кард.
Бӯронова фикр мекард, ки пас аз ба нафақа баромадан хонашин мешаваду давоми умрро ба тарбияи наберагон мебахшад. Аммо хоҳиши донишу таҷрибаи дар давоми солҳо андӯхтаашро ба насли оянда омӯзонидан, бо таълиму тарбияи онҳо сарукорнок шудан ӯро ором намегузошт. Бо тавсияи роҳбари ноҳиявии шуъбаи маънавият ва маърифат Дилором Ғаффорова вазифаи тарғиботчии масъалаҳои маънавиву маърифатии мактаби миёнаи рақами 11-ро ба ӯҳда гирифт. Акнун вазифаи бар зиммаи ӯ буда дучандон зиёд гардид. Баробари наберагон таълиму тарбияи шогирдони мактаб низ аз назари ӯ дур намемонд.
Т. Бӯронова баробари корҳои рӯзгордориву мактабу маориф дар корҳои ҷамъиятӣ низ фаъолу пешқадам аст. Ӯ соли сипаришуда дар зинаи ноҳиявӣ ва вилоятии озмуни «Бонуи сол» ҷойи аввалро ишғол кард ва ба зинаи ҷумҳуриявии он роҳхат гирифт.
Чунин саъю кӯшиши бонуи соҳибтаҷриба ӯро сазовори боварии мардум гардонд. Ӯ аз тарафи ҳамдеҳагон чанд бора депутати шӯрои ноҳия интихоб гардид, сазовори мукофоти ҳудудии созмони байналхалқии ЮНИСЕФ шуд.
Алимурод ТЕМУРОВ,
ноҳияи Шофиркони вилояти Бухоро.