ФАЪОЛОНА ИШТИРОК МЕНАМОЯНД

Конститутсияи ҷумҳуриамон ҳаёт, шаъну шараф, ҳуқуқ ва озодиҳои инсонро ҳамчун арзиши олӣ эълом мекунад.

Имрӯзҳо дар саросари мамлакатамон бахшида ба амалӣ гардонидани ислоҳотҳо дар Конститутсия бо иштироки шаҳрвандон пешниҳоду тавсияҳои онҳо мавриди муҳокима қарор гирифта, андешаю дархостҳояшонро ба комиссияи конститутсионӣ тақдим менамоянд.
Чанде пеш дар Донишгоҳи давлатии Намангон, бахшида ба муҳокимаи дигаргуниҳо дар конститутсияи Ӯзбекистон ҷамъомад баргузор гардид. Дар он профессорон ва омӯзгорон, донишҷӯён фаъол иштирок карда, оиди масъалаи дохил кардани дигаргуниҳо ба конститутсия пешниҳодҳои худро баён карданд.
– Дар донишгоҳамон баҳри баланд бардоштани фаъолии аҳолӣ дар ҷараёни ворид кардани ислоҳот ба Қонуни Асосии давлат – Конститутсия корҳои тарғиботӣ хуб ба роҳ монда шудааст, – гуфт декани факултаи забон ва адабиёти ӯзбек, доктори илми филологӣ Умидҷон Қузиев.
–Мо донишҷӯёни факултаи таърих баробари дар муҳокимаи конститутсия фаъол иштирок кардан, корҳои тарғиботиро дар маҳалҳо низ ба роҳ монда истодаем ва ҳамчун омӯзгорони ояндаи фанни таърих нафақат ҳозир, балки дар оянда ҳам корҳои тарғиботиро давом медиҳем, то ки насли наврас аз синни мактабхониаш Сарқонуни мамлакатамон – конститутсияро омӯзанд, – таъкид кард донишҷӯйи факултети таърихи Донишгоҳи давлатии Намангон Мадина Аҳмадова.

А.МУРОДОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».

Вилояти НАМАНГОН.  

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: