ФАЪОЛӢ ДАР ИНТИХОБОТ – МАСЪУЛИЯТИ ШАҲРВАНДӢ

Чунонки маълум аст, аз 20 октябри соли ҷорӣ дар миқёси мамлакати мо якмоҳаи тарғиби интихобот эълон карда шуда буд ва он айни замон бо авҷ идома дорад.

Аҳолӣ барои гузарондани интихобот омода аст ва рӯз то рӯз дар ин бобат маданияти ҳуқуқии он баланд бардошта мешавад.
Маркази маънавият ва маърифати ҷумҳурӣ, Ҷамъияти тарғибгарони «Маърифат» дар ҳамкорӣ бо Комиссияи марказии интихоботи ҷумҳурӣ дар доираи «Моҳонаи тарғиби қонунгузории ҷумҳурӣ» таҳти мавзӯи «Фаъолӣ дар интихобот ватанпарварии воқеӣ аст» семинар баргузор намуданд ва дар он роҳбарони созмонҳои дахлдор, профессору донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии ҳуқуқшиносии Тошканд, мутахассисон ва намояндагони ВАО ширкат варзиданд. Аъзои Комиссияи марказии интихобот Худоёр Маматов, Баҳодирҷон Юнусов, академик Нарзулло Ҷӯраев дар мавзӯъҳои оид ба интихобот маърӯза карда, ҳозиринро аз рафти интихобот ва корҳои марбут ба он огоҳ намуданд.
Таъкид шуд, интихобот чорабинии муҳимми сиёсие мебошад, ки ҳамчун шакли асосии иштироки шаҳрвандон дар корҳои ҷамъият ва давлат эътироф гардида, барои дар амал татбиқ гардидани ҳуқуқи сиёсӣ, таъмини баёни озоди хоҳишу иродаи онҳо хизмат мекунад. Дар асоси Сарқонун, қонунҳо, стандартҳои демократии байналхалқии аз ҷониби умум эътирофшуда баргузор намудани интихобот аз бисёр ҷиҳат ба маданияти баланди сиёсӣ ва фаъолияти шаҳрвандон, вазифаи шаҳрвандии худро амиқ дарк кардани онҳо вобастагӣ дорад.
Бинобар пурсишномае, ки аз ҷониби Маркази омӯзиши фикри ҷамоатии «Иҷтимоий фикр» гузаронда шудааст, қариб 80 фоизи респондентҳо ба ҷараёнҳои сиёсие, ки дар давлати мо рӯй медиҳанд, таваҷҷуҳ доранд ва донистан мехоҳанд, ки чӣ рӯйдодҳои муҳим ба амал меояд. Айни замон 75 фоизи шаҳрвандони Ӯзбекистон аз кай ва кадом вақт баргузор шудани интихоботи депутатҳои Палатаи қонунофарии Олий Маҷлис ва шӯроҳои маҳаллӣ хабардоранд. Ин ҳолат гувоҳи он аст, ки сатҳи маданияти сиёсии аҳолӣ хеле рушд кардааст ва нисбати ҳаёти иҷтимоиву сиёсии мамлакат бефарқ набудани онҳоро нишон медиҳад. 
Дар нишаст гуфта шуд, ки рӯзи интихобот шаҳрвандони синни ҳаждаҳро пуркардаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои интихоб кардан ҳақ доранд. Ҳангоми интихобот новобаста аз ҷинс, нажод, забон, муносибати динӣ, баромади иҷтимоӣ, мавқеи шахсиву иҷтимоӣ, маълумот ҳамаи шарҳвандон метавонанд дар интихобот ҳуқуқи баробар дошта бошанд.
Интизор меравад, ки 22 декабри соли ҷорӣ дар ин воқеаи муҳимми сиёсӣ 20 миллиону 600 ҳазор шаҳрвандон ба қитъаҳои интихобот рафта, вазифаи конститутсионии худро иҷро мекунанд, яъне, ба номзадҳои муносиб овоз медиҳанд. 
Ширкаткунандагони чорабинӣ таъкид карданд, ки оиди гузарондани моҳонаи тарғиби қонунгузории интихобот ба намояндагони аҳолие, ки дар ҳар як маҳаллаву деҳа ва ҷойҳои дурдаст зиндагӣ мекунанд, бо мисолҳои дақиқи ҳаётӣ фаҳмонда шавад. Дар он сурат муносибат бо ҷараёни интихобот боз ҳам беҳтар мешавад.
Бинобар ин, муайян гардид, ки дар ҳар як маҳаллаву ташкилот ва ҷамоаҳои меҳнатӣ суҳбатҳои мизи мудаввар ташкил намуда, «соатҳои маънавият» гузарондан ба мақсад мувофиқ аст. Баланд бардоштани маданияти сиёсиву ҳуқуқии кормандоне, ки дар сохторҳои таркибӣ фаъолият доранд, корбасти меъёр ва принсипҳои стандартҳои байналхалқии интихоботи аз ҷониби умум эътирофшуда айни муддао мебошад.

Х. ҲАМИДОВ, 
хабарнигори
 «Овози тоҷик».

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: