ФАҚАТ САДОСТ, КИ... МЕМОНАД

Мард намирад ба марг, марг аз ӯ ном ҷуст,

Мард чу ҷовид шуд, мурданаш осон куҷост?

Чанде пеш бо саъю эҳтимоми ду нафар аз мардони фарҳангӣ Ғуломмуҳаммади Фақирмуҳаммад ва ҳофизи хушадо Асадуллоҳи Қаландар бахшида ба 812-умин солгарди ҳазрати Мавлоно Ҷалолиддини Балхии Румӣ ва 73-солагии хунёгари машҳури  Шарқ, сарояндаи зинданом Аҳмад Зоҳир дар ноҳияи Сариосиё шоми шеъру суруд баргузор гардид. Дар он намояндагон аз  Афғонистон, Тоҷикистон, эҷодкорон ва сарояндагони вилоят ширкат варзиданд.
Саҳна хеле хуб ва бо диди баланд ороиш ёфта буд. Дар як сӯ чеҳраи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ бо шоҳбайтҳояш ва сӯйи дигар аксҳои Аҳмад Зоҳир ба саҳна ҳусн ва мазмун мебахшиданд. Асадуллоҳи Қаландар дар бораи ин ҳунарпешаи мумтоз ҳарф зад ва таъкид сохт, ки ӯ якумр мухлиси Аҳмад Зоҳир буду ҳаст. Сипас бо як ҳиссиёти нотакрор ва оҳангҳои ҷаззоб чанд суруд аз Аҳмад Зоҳир пешкаши меҳмонон сохт, ки хеле пуртаъсир буд. Меҳмони тоҷикистонӣ Исматулло Маҳмудов хабари ин ҷашнвораро шунида «бо пой не, бо сар давида  омадааст» ва ҳарчанд муҳандис аст, зиёда аз 50 таронаи Аҳмад Зоҳирро азёд медонад. 
Аҳмад Зоҳир рӯзи панҷшанбеи 23 ҷавзои 1325 ҳиҷрии хуршедӣ мутобиқ ба 14-уми июни соли 1946 дар шаҳри Кобул аз оилаи як корманди давлатӣ таваллуд ёфтааст. Падараш доктор Абдузоҳир аз паштузабонҳои вилояти Лағмон буда, хеле барвақт ба Кобул омадааст. Абдузоҳир маълумоти олиро дар ИМА (дар риштаи сиҳҳати омма) гирифтааст. Дар ин самт то ба вазифаи вазирӣ мерасад. 
Дар замони Муҳаммад Зоҳиршоҳ ӯ раиси парлумони кишвар интихоб мешавад ва баъдан чанд муддат дар вазифаи Садри аъзами Афғонистон низ адои вазифа намудааст. Солҳои ҳафтодуми асри гузашта муддате сафири Афғонистон дар Ҳиндустон низ будааст. Дар Кобул бо тоҷикдухтаре аз табақаи ашрофзодагон издивоҷ мекунад ва аз ҳамин никоҳ соҳиби чаҳор фарзанд: Зоҳира, Осиф, Аҳмад ва Билқис мешавад. Доктор Абдузоҳир, ки марди соҳибмаълумот ва аз адабиёту фарҳанги ниёгон бохабар буд, таълиму тарбияи фарзандонашро хеле хуб ба роҳ мемонад ва шояд ҳамин таваҷҷуҳи зиёди падар ба тарбияи фарзандон буд, ки Аҳмад Зоҳир аз хурдсолӣ ба шеъру адаб, ҳунари мусиқӣ меҳр баст. 
Муҳити хонаводагӣ ба ин чиз мусоидат мекард. Аҳмад аз ҷиҳати моддиву маънавӣ маҳрумиятеро эҳсос наменамуд. Тибқи ақидаи маъмул ин муҳит ӯро бояд фориғболу маишатпараст тарбия мекард, чунки аксаран фарзандони намояндагони қишри дорои ҷомиа ба ҳамин дарди иҷтимоӣ гирифторанд. Вале Аҳмад Зоҳир аз ин байн аз зумраи истисноҳо ба назар мерасид. Ӯ бо завқу рағбати худодод аз овони хурдсолӣ ба омӯзиши илму ҳунар пардохт.
Тибқи гуфтаи баъзе аз касоне, ки хонаводаи Аҳмад Зоҳирро аз наздик мешинохтанд, ӯ аз синни хурдӣ ба навохтани асбобҳои мусиқӣ ва овозхонӣ рағбат дошт. Ӯ махсусан навохтани армония (арғунун)-ро дӯст медошт. Дар ҷашнҳои хонаводагӣ бо ҳамин асбоб бештар овозхонӣ мекард ва аккордеонро низ хеле хуб менавохт.
Дар матбуоти мо мақолаҳое ба нашр расидаанд, ки гӯё падари Аҳмад Зоҳир зидди шуғли дӯстдоштаи писараш будааст. Ҳатто дар ин хусус гӯё байни падару писар ихтилофи шадиде рух дода бошад. Ин дур аз ҳақиқат аст, гап дар дигар ҷост.
Рӯзноманигор Султон Ҳамад соле чанд рӯзгор ва эҷодиёти Аҳмад Зоҳирро мавриди таҳқиқ қарор додааст. Ӯ мегӯяд: «Ман дар натиҷаи борҳо бо таваҷҷуҳи зиёд шунидани кассета ва дискҳои мавҷуда ва  бо назардошти маълумоти аз дигар манбаъҳо бадастомада, дар ҳоли ҳозир феҳристи таронаҳои Аҳмад Зоҳирро тартиб додам, ки аз 351 суруд иборат аст. Аз онҳо 328-то ба забони тоҷикӣ (форсӣ-дарӣ), 9-то ба забони ҳиндӣ, 6 суруд бо забони пашту, 4-то ба забони англисӣ ва як суруд ба забони русист. 
Ҳамин тариқ мо то андозае теъдоди суруду таронаҳои Аҳмад Зоҳирро муайян намудем. Акнун бо бовари комил метавонем бигӯем, ки адади суруду таронаҳои Аҳмад Зоҳир аз 351 боло аст. 
Омӯзишу таҳқиқи матни сурудаҳои Аҳмад Зоҳир нишон медиҳад, ки репертуари бебаҳои ӯ аз эҷодиёти беш аз 50 шоири классику муосири форсу тоҷик гулчин шудааст. Дар байни шуарои классик Аҳмад Зоҳир бештар ба осори Ҷалолиддини Балхӣ, Бобо Тоҳири Урён, Ҳофиз, Саъдӣ, Соиб, Хоҷуи Кирмонӣ, Абдураҳмони Мушфиқӣ, Хоқонии Шервонӣ, Амир Хусрави Деҳлавӣ, Ҳилолӣ, Хаёлии Бухороӣ, Бедил рӯй овардааст. Барои мисол дар ҳоли ҳозир бо истинод ба маводе, ки дорем, метавонем бигӯем, ки Аҳмад Зоҳир аз эҷодиёти орифи бузург Ҷалолиддини Балхӣ бештар аз 11 ғазалро ба оҳанг даровардааст, ки ҳар кадоми ин таронаҳо аз дигаре беҳтар аст. 
Дар байни шоирони муосири форсу тоҷик бештар ба эҷодиёти шоири шаҳир Абулқосим Лоҳутӣ муроҷиат кардааст. Дар суҳбатҳо бо овозхон Ҷӯрабек Назриев Аҳмад Зоҳир сабаби ба эҷодиёти Ҷалолиддини Балхӣ ва Абулқосими Лоҳутӣ бештар рӯ оварданашро чунин маънидод кардааст: «Ман аз он зиёд Мавлавиву Лоҳутӣ мехонам, ки гӯё ҳасби ҳоли маро кардаанд». 
Дар ҳоли ҳозир тибқи маълумоте, ки дар даст дорем, Аҳмад Зоҳир 15 шеъри Абулқосим Лоҳутиро дар шакли тарона ба ҳаводорони овозаш пешкаш сохтааст.
Дар номгӯи шоироне, ки Аҳмади Зоҳир  суруду таронаҳояшро аз ашъори онҳо интихоб кардааст, шоирони забардасти Эрон аз қабили Маликушшуаро Баҳор, Раҳим Муъаййирӣ, Ҳушанги Соя, Симини Беҳбаҳонӣ, Фаррухии Яздӣ, Тойиби Исфаҳонӣ, Фурӯғи Фаррухзод, Фурӯғи Бастомӣ, Баҳодури Ягона, Пажмони Бахтиёрӣ ва ғайра, аз шуарои Афғонистон Халилуллоҳи Халилӣ, Зиё Қоризода, Абулаҳмади Адо ва боз чанд нафари дигар, аз шоирони тоҷик устод Мирзо Турсунзода ва Абдулло Қодирӣ (Мумтоз) ҳастанд.
Аҳмад Зоҳир баъди Борбади Марвазӣ дар таърихи мусиқии мардуми форснажод  шояд ягона овозхоне бошад, ки аз ҳама бештар мавриди ситоишу тараннуми шоиру адибони замони худ қарор гирифтааст.
Доир ба шеърҳои шоирони Афғонистону Эрон   дар ситоиши ӯ ҳоли ҳозир чизе дар даст надорем. Вале шоирони тоҷик, ки асосан баъди солҳои 70-уми асри гузашта қалам ба даст гирифтаанд, аксаран бо амри дил Аҳмад Зоҳирро дар шеърҳои худ тараннум кардаанд.
Дар ин ҷо бамаврид аст, аз он порчаҳои назмие, ки рӯйи санги мазори  Аҳмад Зоҳир қабл аз бо дасти толибон хароб шуданаш ҳаккокӣ шуда буданд, ёдовар шавем. Мо онҳоро аз гуфтаҳои мухлисони Аҳмад Зоҳир ва мақолаҳои муаллифоне, ки дар бораи ӯ навиштаанд, гирд овардаем:

Бисмиллоҳир Раҳмонир Раҳим

Худо бувад ёрет,
Қуръон нигаҳдорет.
Сахӣ мададгорет.

Аҳмад Зоҳир.
Таваллуд: 24 ҷавзои 1325 ҳ.ш.
Вафот: 24 ҷавзои 1358 ҳ.ш.
        * * *
Ҳаргиз касе ба рӯзи ман нотавон мабод,
Монанди ман фусурдадиле дар ҷаҳон мабод.
Ҳар кас, ки нолаҳои диламро шунид, гуфт,
Мурғе шикастаболу ҷудо з-ошён мабод.
        * * *
Лола хуни дил нӯшад, настаран кафан пӯшад,
Сахт мотамангез аст сайри бӯстон бе ту.
Шишаҳо ҳама холӣ, созҳо ҳама хомӯш,
Бенамак бувад имшаб базми ошиқон бе ту.

Тавре ки мебинем, порчаҳои назмии болоӣ аз сурудҳои Аҳмад Зоҳир интихоб шудаанд. Вале қитъаи шеърии зеринро журналисти тоҷикистонӣ Салими Аюбзод, ки мақбараи Аҳмад Зоҳирро солҳои 80-уми асри гузашта зиёрат намудааст, моли худи Аҳмад Зоҳир медонад:

Дар ин равоқ суруду тарона мемонад,
Садои ошиқи ман ошиқона мемонад.
Ҷаҳон пур аст зи оҳанги ошиқонаи ман,
Фақат садост, ки андар замона мемонад.

Саодат САНГИНОВА.
Ноҳияи САРИОСИЁ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: