ФАҚР

Маънои «фақр»

Фақр яке аз фазилатҳоест, ки дар осори Навоӣ бисёр талқин шудааст. Маънои луғавии «фақр» фақирӣ, яъне камбағалист. Вале ин вожа маънии дигар низ дорад.
Метавон гуфт, ки фақр мақсади тасаввуф аст. Зеро дар гузашта ба ҷойи истилоҳи тасаввуф ибораи «фақру фано»-ро низ истифода бурдаанд, зеро тасаввуф тарғиб менамояд, ки дунё даргузар аст, Худо инсонро бо мақсади муайян офаридааст, инсон бояд умрашро дар роҳи ин мақсади олӣ сарф намояд. Дунё даргузар бошад, пас, дил бастан ба ин дунё хилофи тасаввуф аст. Ҳатто, метавон гуфт, ки тасаввуф алайҳи дунёпарастиву оқибатҳои номатлуби он ва мушкилоти иҷтимоӣ дар шакли муборизаи ба худ хос пайдо шудааст.
Дар тасаввуф пирӯзӣ ба нафс масъалаи асосист. Пирӯзӣ ба нафс адами ҳисси дунёпарастист, ҳирсро ба моли дунё коҳиш медиҳад. Сӯфиён ба моли дунё додашудагонро «аҳли дунё» номидаанд. Дар роҳи расидан ба Худо дилбастагӣ ба дунё халал мерасонад.
Дар баъзе тариқатҳои ибтидоии тасаввуф фақрро ботиниву зоҳирӣ ҳисобидаанд. Яъне сӯ-фиёне низ кам набуданд, ки аз зиндагии фақиронаи худ ифтихор доштаанд.
 
Нақшбандия ва фақр 

Нақшбандия аз ин ҷиҳат тариқати як андак дигар аст. Дар тариқате, ки Навоӣ низ ба он гаравидааст, агар гӯем, ки ботину зоҳир аз якдигар ҷудо карда шудаанд, таърифамон ранги дақиқтар мегирад. Намояндагони ин тариқат низ мисли дигарон аз паси меҳнат рӯз дидаанд, баъзеашон сарвати кам надоштаанд. Ва-ле сӯфӣ бояд моҳиятан ҳеч гоҳ ба моли дунё дил набандад.
Хоҷа Аҳрори Валӣ сарватмандтарини замони худ буд. Дар он давр дар нақшбандия пири бузургтар аз ӯ набуд. Ҳатто шайх Абдураҳмони Ҷомӣ низ аз Ҳирот чанд бор махсус ба зиёрати ӯ омадааст.

Оё дороии Навоӣ қонунӣ буд?

Бигирем Навоиро. Чӣ, ӯ магар камбағал буд? На, вай низ яке аз сарватмандони бузурги замони хеш буд. Вале дороии ӯ шаръӣ, бино ба ифодаи имрӯз қонунӣ буд. Яъне бо пули ҳалол ёфтааст. Навоӣ дар соли 1481-82, вақте чил сол дошт, ба мақсади вақф кардани молу мулк, қайди амалҳои хайрия асари махсусеро бо номи «Вақфия» таълиф намуд. Дар ин асар ӯ бо роҳи шаръӣ (қонунӣ) ёфтани дороиҳояшро қайд менамояд.
Дар ин вақфия, дархури мавзӯи мавриди назар қайди муҳиме вуҷуд дорад. Навоӣ мегӯяд: аз ин миқдор дороӣ қисматеро, ки барои умргузаронии як одам кифоя мекард, нигоҳ дошта, боқимондаашро барои корҳои хайрия сарф кардам.

Маблағе, ки ба як кас кифоя мекарда бошад, чӣ миқдор аст?

Дар ин ҷо бояд ба як ҷиҳати нозук рӯшанӣ андозем. Он маблағе, ки Навоӣ барои умргузаронии як нафар пешбинӣ кардааст, чӣ миқдор аст? Агар мо ба ин гуфта бо тасаввури имрӯз қаробат ҷӯем, хато мекунем. Бояд фаромӯш накунем, ки он рӯзгор дар ҳавлии Навоӣ камаш сад кас бо кору меҳнат машғул буд. Пас, ба ин миқдор одам ҳар рӯз хӯрок тайёр карда мешуд. Бино ба фикри олимон, ин одамон баъди вафоти ӯ ҳам чанд сол дар ин ҳавлӣ умр ба сар бурдаанд. Дар ин ҷо, ҳадаф аз хайрия, хӯрду хӯрокест, ки як одам дар як рӯз истеъмол менамояд.

«Дороӣ»-и Камоли Хуҷандӣ

Вақте сари фақр меандешем, шоир Камоли Хуҷандӣ ба ёд мерасад. Бино ба ёддошти Навоӣ, вақте Камоли Хуҷандӣ аз зиёрати Каъба бармегашт, ҳокими Табрез муътақиди ӯ мегардад ва барои истироҳат як боғи зеборо бо иморатҳояш ба ихтиёри эшон мегузорад. Вале шайх ба дороиҳо беэътибор буд. Бузургвор дар яке аз ҳуҷраҳои бинои боғ маскан гузида, ба ҳузури худ ҳеч касро роҳ намедод. Рӯзе шайх аз ҳуҷрааш берун намеояд. Вақте хабаргирӣ медароянд, мебинанд, ки шайх ҷон ба Офаридгор супурдааст. Вале... Дар зераш ба ҷуз бӯрё чизе набуд, зери сар ба ҷойи болин сангеро гузошта буд.
Сӯфиён дар ғору козаҳо ҳам хуш умр ба сар бурдаанд. Дар байти зерин нуқтаи назари сӯфиён ба дороӣ ифода ёфтааст:
Луқмони Ҳаким, кулба аз хору хас аст,
Мо раҳгузарем моро ҳамин кулба бас аст.
Тавассути дарки фақр одам дар назди Худо оҷизии худро ҳис мекуна д. Оне, ки дар назди Худо оҷизии худро ҳис кард, даргузар будани дунёро амиқтар дарк менамояд. Дар одаме, ки даргузар будани дунёро амиқ дарк кардааст, кайфияти парҳез аз ҳа-ромхӯрию ҷиноят, бадӣ, ришвахӯрӣ...ташаккул меёбад.

Султомурод ОЛИМ,
Ходими шоистаи фарҳанги
 Ӯзбекистон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: