ФАРҒОНА ДОМАНИ ҲАМКОРИҲОЯШРО ВАСЕЪ МЕКУНАД

Дар вилояти Фарғона корхонаҳои зиёди муштарак арзи вуҷуд намудаанд, ки тавассути ҷалби сармояҳои хориҷӣ бунёд гардидаанд.

Дар вилояти Фарғона корхонаҳои зиёди муштарак арзи вуҷуд намудаанд, ки тавассути ҷалби сармояҳои хориҷӣ бунёд гардидаанд. Ҳокимияти вилоят талош ба харҷ медиҳад, ки домани ҳамкориҳои худро бо кишварҳои хориҷӣ беш аз пеш васеъ бахшад.
Арабистони Саудӣ аз зумраи давлатҳое хоҳад буд, ки барои бунёди корхонаҳои нав дар ин вилоят сармояҳои худро ворид хоҳад кард. Ин матлаб зимни мулоқоти ҳокими вилояти Фарғона Хайрулло Бозоров бо Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ӯзбекистон дар Арабистони Саудӣ Улуғбек Мақсудов матраҳ гардид. 
Тавре ки дафтари матбуоти ҳокимияти вилоят хабар дод, Улуғбек Мақсудов доир ба он ҳарф зад, ки ҳамкориҳои васеъмиқёси миёни Ӯзбекистон ва Арабистони Саудӣ беш аз пеш тавсеа меёбанд. Вилояти Фарғона метавонад дар бобати ҷалб намудани сармоя, ба роҳ мондани робитаҳои тиҷоратӣ ва иқтисодӣ бо Арабистони Саудӣ ба дастовардҳо ноил шавад. 
Ба роҳ монда шудани муносибатҳои дуҷониба ба манфиати ҳарду ҷониб хидмат хоҳад кард. Татбиқи якчанд лоиҳаи муштарак дар вилояти Фарғона  имконпазир гаштааст.
– Дар бозорҳои мамлакатҳои араб, аз ҷумла Арабистони Саудӣ, ба маҳсулоти кишоварзӣ, зарфҳои кулолии Риштон ва атласу адраси ҳунармандони марғелонӣ эҳтиёҷи калон эҳсос мегардад. Дар баробари ин, Фарғона метавонад роҷеъ ба логистика, туризм ва соҳаҳои дигар бо ин кишвар ҳамкориҳои худро ба таври васеъ ба роҳ монад, – гуфт У. Мақсудов.

Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири “Овози тоҷик”.

Вилояти ФАРҒОНА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: