Кохи тантанаҳои “Афросиёб”-и шаҳри Фарғона меҳмонони зиёдро ба канор пазируфт.
Ин меҳмонон аз зумраи соҳибкорон, намояндагони доираҳои тиҷоративу бизнес, корчаллонҳо ва амсоли он буданд, ки бо истеҳсоли маҳсулоти худ дар боло бурдани иқтисодиёт, ғанӣ шудани хазинаву буҷет саҳми бузург мегузоранд. Дар ин чорабинӣ инчунин роҳбарони секторҳо, ҳокимони шаҳру ноҳияҳо низ ширкат намуданд.
– Ин чорабинии доманфарох дар пайи мулоқотҳои кушоди Сарвари давлатамон муҳтарам Шавкат Мирзиёев бо соҳибкорон баргузор мегардад. Ҳувайдост, ки дар мамлакати мо соҳибкорон ва намояндагони соҳаи бизнес ҳамеша мавриди таваҷҷуҳ ва дастгирии Президенти кишвар қарор доранд. Тавре ки шумо шоҳид шудед, Президент аз эътибор дур мондани намояндагони доираҳои соҳибкориро ғайриодилона номид, зеро тамоми кормандони соҳаҳои дигар бо унвонҳову мукофотҳои давлатӣ сазовор мегарданд. Минбаъд дар мамлакати соҳибистиқлоламон шумо, соҳибкорон низ ҳамеша аз подошҳои гуногуни давлатӣ баҳраманд хоҳед шуд, – изҳор намуд ҳокими вилоят Хайрулло Бозоров дар маросими ифтитоҳи ин чорабинӣ.
Вай афзуд, ки ҳокимияти вилоят низ аз ташаббусҳои соҳибкорону аҳли бизнес ҳамеша пуштибонӣ менамояд. Зимни зарурат омодааст, ки тамоми кумакҳои лозимаро ба онҳо расонад.
Дар маросими мазкур як гурӯҳ соҳибкорон барои чунин таваҷҷуҳ ва меҳру мурувват ба Президенти мамлакат ибрози сипос намуданд.
– Дирӯз суханронии Шавкат Миромоновичро аз тариқи телевизион тамошо кардам. Худ аз худ болидам, ки намояндагони доираҳои соҳибкорӣ аз мурувватҳои беназири давлату ҳукумат бархурдор хоҳанд шуд. Президент иброз намуд, соҳибкороне, ки ҷойҳои кори зиёд фароҳам овардаанд, самтҳои нави тиҷоратро ба роҳ мондаанд, дар соҳаи худ навоварию ислоҳот ворид намуда, дар байни мардум обрӯю эътибор пайдо кардаанд, сазовори қадрдонӣ хоҳанд шуд. Ин зумра соҳибкорон ба унвони фахрии «Соҳибкори шоистаи Ӯзбекистон» сазовор хоҳанд шуд, – гуфт ҳаяҷони худро пинҳон дошта натавониста Дилшод Сотволдиеви қувасоӣ.
Он рӯз дур нест, ки баъди таъсиси чунин унвони ифтихорӣ меҳнату шуҷоати як идда соҳибкорони вилояти Фарғона низ аз тарафи Президент қадр карда хоҳад шуд.
Ҳодисаи дигари хурсандибахш дар вилоят ба шарафи 31-умин солгарди истиқлолияти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ифтитоҳ ёфтани боғи ҷавонон дар қаламрави ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи Хонободи ноҳияи Ёзёвон мебошад.
Барои амалӣ шудани ин кори хайр, ки бо ташаббуси роҳбарони ноҳия сурат гирифтааст, 500 миллион сӯм сарф шуд. Масоҳати умумии майдони боғ тақрибан як гектарро ташкил медиҳад. Дар он ниҳолҳои дарахтони гуногун, гулҳо парвариш меёбанд, инчунин фаввора, амфитеатр, қаҳвахона, асбобҳои варзишӣ ва ғайра дар ихтиёри мардум қарор гирифтаанд,– мегӯяд ҳокими ноҳия Дилшодҷон Ҷалилов.
Вай меафзояд, ки дар арафаи ҷашни 31-умин солгарди истиқлолияти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ин боғи истироҳат бо тантанаи хос ба истифода дода мешавад. Як гурӯҳ бузургворони кору меҳнат лентаи рамзиро бурида, ба ҷавонон фотиҳа доданд. Дуо карданд, хонае ки бо саҳми мардуми зиёд дар ин ҷо бунёд ёфтааст, ба боғи шифобахш табдил ёбад. Ин ба ҳамон маънӣ мебошад, ки пиру ҷавони ба ин ҷо барои истироҳат омада бо фароғат дам гиранд ва ҳар кӣ бемор аст, аз ҷисми худ он бемориро рафъ созад.
Маросими ифтитоҳи боғи ҷавонон ба тӯйи хатнасурии 31 кӯдак пайванд шудааст. Дар ин маросими хатнасурӣ муовини ҳокими вилоят Мақсадҷон Исақов, яке аз пиронсоли кишвар Асилхон Тӯра Исоев, намояндаи кластери POCKO ба онҳое, ки дар бунёди боғ саҳм гирифтанд, арзи миннатдорӣ баён кардаанд. Инчунин, даст ба дуо бардоштаанд, ки фарзандони хатнасуришуда дар оянда аз фарзандони фидокори Ватан шуда ба воя расанд ва ба нафъи он ва мардум бо садоқат хидмат кунанд, дониш омӯзанду қуллаҳои баланди илмро фатҳ намоянд.
Ба ин кӯдакон китобҳои Қуръон, велосипед, бозичаҳо ва шириниҳо тақдим карда шуд. Барои зиёда аз 500 нафар сокинони ҷамоати шаҳрвандони маҳалла дасторхони пурнозу неъмат оростанд.
Қисми бадеии ифтитоҳи боғи ҷавонон ва тӯйи хатнусӯриро коркунони шуъбаи маданияти ноҳия бар дӯш доштаанд.
Азимҷон ХУДОЙҚУЛОВ,
журналист.
Вилояти ФАРҒОНА.