ФАРҒОНА НАҚШАИ ПИЛЛАСУПОРИРО ФАТҲ НАМУД

Кирмакпарварони вилоят имсол 39 ҳазору 168 қуттӣ кирмак парвариш намуда, дар маҷмӯъ бештар аз 2 ҳазору 240 тонна «нахи нуқрагин» руёнданд, ки аз нақша хеле зиёд аст.

Ҳанӯз соли 2021 дар минтақаҳои вилоят 6 миллиону 222 ҳазор бех ниҳоли тут шинонидаву ба парвариш он шурӯъ намуданд. Иловатан қариб дар 150 гектар майдони нави тутзор пайдо шуд.
Бар асоси татбиқи лоиҳаи миллии “Макони сабз” соли равон дар вилоят 7 миллиону 267 ҳазор бех ниҳоли тут шинонида шуд, ки барои ҳосили пилла заминаи мусоид фароҳам хоҳад овард. Байни 4 ҳазору 923 хоҷагии фермерӣ ва 8 кластери кирмакпарварии шаҳру ноҳияҳо оид ба парвариши пилла, инчунин байни ин хоҷагиҳо ва 32 ҳазору 778 нафар кирмакпарварони хусусӣ шартномаҳои дохилӣ баста шуд.
Дар таъмини иҷрои нақшаи пиллакорон ноҳияҳои Бешариқ, Ёзёвон ва Риштон нақши назаррас гузоштанд. Дар ин ноҳияҳо аз ҳар қуттӣ ба ҳисоби миёна 57,5 килограммӣ ҳосили аълосифат ба даст омадааст.  Инчунин ҷамъиятҳои масъулияташ маҳдуди “Нурли тонг силк”, “Бешариқ ипаги”, “Данғара ипаги”, “Silk world business”, “Учкӯприк ипаги” ва корхонаи истеҳсолии “Водил ипак йигирув”  дар фатҳи марраи вилоят ҳисса гузоштанд.

М. АҲРОРОВ,
мухбири 
“Овози тоҷик”.

Вилояти ФАРҒОНА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: