ФАРҒОНА: ӮЗБЕКИСТОНИ НАВ ТАМОМИ МИНТАҚАҲОИ ВИЛОЯТРО ФАРО ГИРИФТААСТ

  • ФАРҒОНА: ӮЗБЕКИСТОНИ НАВ ТАМОМИ МИНТАҚАҲОИ ВИЛОЯТРО ФАРО ГИРИФТААСТ
  • ФАРҒОНА: ӮЗБЕКИСТОНИ НАВ ТАМОМИ МИНТАҚАҲОИ ВИЛОЯТРО ФАРО ГИРИФТААСТ
  • ФАРҒОНА: ӮЗБЕКИСТОНИ НАВ ТАМОМИ МИНТАҚАҲОИ ВИЛОЯТРО ФАРО ГИРИФТААСТ
  • ФАРҒОНА: ӮЗБЕКИСТОНИ НАВ ТАМОМИ МИНТАҚАҲОИ ВИЛОЯТРО ФАРО ГИРИФТААСТ

Мувофиқи маълумоти расмӣ вилояти Фарғона аз рӯйи шумораи хонаҳои барои баҳрабардорӣ супурдашуда дар байни вилоятҳои ҷумҳурӣ ҷойи аввалро ишғол мекунад.

Гуфта мешавад, ки ин аз ҳисоби дар шаҳру ноҳияҳои вилоят сохта шудани мавзеъҳои нави истиқоматӣ, маҷмӯаҳои биноҳои серошёнаи замонавӣ маншаъ мегирад. Мувофиқи маълумоти кумитаи давлатии омор дар вилояти Фарғона теъдоди хонаҳои баландошёнаи истиқоматӣ 791 ҳазору 200-торо ташкил менамояд. 
Танҳо бунёди шаҳраке дар ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи Гулистони ноҳияи Бағдоди ин вилоят дар саросари ҷумҳурӣ садоҳои зиёд ва вокунишҳои мусбатро ба бор овардааст. Зеро, дар муддати кӯтоҳ сохтмончиён биноҳои истиқомативу иншооти иҷтимоии гуногунро сохтаву мавриди баҳрабардорӣ қарор додаанд, ки ҳамаро ангушти ҳайрат газондааст. Аъзои хонаводаҳои зиёд сокини ин хонаҳои хушсохту замонавии истиқоматӣ шудаанд. Онҳо барои чунин ғамхорӣ ва фароҳам овардани шароити хубу мувофиқ ба Сардори давлат, ҳукумати ҷумҳурӣ ва мақомоти маҳаллӣ арзи сипосу минатдорӣ баён кардаанд.
Ҳоло ҳамроҳи муштарӣ баъди ноҳияи Ёзёвон сар мезанем ба ноҳияи қадима, аммо ҳамешасабзу ҳамешабаҳори Қува ё Қубо, ки хиёбони марказии онро муҷассамаи бошукӯҳи олиму фозили ин диёр Аҳмад Фарғонӣ зебо оро додааст. Бубинем, ки дар ин ноҳия то чӣ андоза аз кору пайкори бағдодиҳои вилояти худ пайравӣ мекунанд. 
Ин ноҳия 65 ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаҳоро муттаҳид намудааст. Шаҳристони Қува аз маркази вилоят дар масофаи 20-25 километр воқеъ гаштааст. Қисмати аъзами сокинони ин ноҳияро, ки бо вилояти Андиҷон ҳаммарз мебошад, ӯзбекон ва тоҷикон ташкил мекунанд. Инчунин, дар қаламрави он намояндагони халқҳои дигар, мисли қирғизҳо, қазоқҳо, бошқирду тоторҳо, русҳо, украинҳо, белорусҳо ва амсоли он дар фазои амну субот ва орому осуда машғул ба зиндагиву кор ҳастанд. 
Ноҳияи Қува ба истеҳсоли маҳсулоти гуногуни истеъмолӣ, аз қабили ғалла, сабзавот ва мева, инчунин пахта ихтисос дода шудааст. Ғайр аз ин, солҳои охир домани истеҳсоли маҳсулоти саноат низ дар ноҳияи Қува хеле вусъат ёфта, аз ин ҳисоб рӯзгори мардуми он беш аз пеш фаровон мегардад.
– Ноҳияи Қува мисли тамоми шаҳру ноҳияҳои дигари вилояти Фарғона ва дар кулл – саросари ҷумҳурӣ дигаргуниҳои зиёдро аз сар мегузаронад. Ба ибораи дигар, дар Қува шукӯҳи Ӯзбекистони Нав тантана мекунад, иншооти наву замонавӣ сохта мешаванд, мардум аз накҳати истиқлолу Ӯзбекистони Нав ба хубӣ баҳра мебаранд, – дар ифтитоҳи суханронӣ гуфт ҳокими ноҳия Ҳалимҷон Умаров.
Тавре ки вай тазаккур дод, мардуми меҳнатқарини он мисли тамоми мардуми кишвар пандемияи коронавирусро мардонавор паси сар намуданд. Дар ҳамин ҳол ҳаёти нав дар тамоми соҳаҳои ноҳия ҷушӯ хурӯш пайдо кардааст. Яке аз вазифаҳои аввалини онҳо расонидани кумакҳои моддӣ ба оилаҳои камбизоат ва аз нигоҳи моддӣ эҳтиёҷманд мебошад. Дар баробари ин, бо манзили наву аз ҳар зовия замонавӣ таъмин кардани қишри ниёзманди аҳолӣ аллакай ба давраи ниҳоии худ мерасад. Аммо ин раванд босуръат идома дорад.
– Пеш аз ҳама ба аъзои хонаводаҳое  ин кумакҳо расонида мешаванд, ки дар феҳрасти “Дафтари оҳанин”, “Дафтари занон” ва “Дафтари ҷавонон”  шомил шудаву барои онҳо таъмини манзил низ дар радаи аввал қарор дорад. Бар асоси омӯзишҳои пай дар пай ва таҳқиқ бо усули маҳаллабай  дар ноҳияи мо ҳудуди 2 ҳазору 300 оилаи камбизоат номнавис карда шудаанд. Баъд ин теъдод ҳудуди даҳуним ҳазор нафарро ташкил намуд, – мегӯяд ҳокими ноҳия. – Дар давоми ду соли охир ба хонаводаҳое, ки шомили ин дафтарҳо шудаанд, аз буҷаи мамлакат миллиардҳо сӯм кумакҳои моддӣ расондем. Танҳо соли гузашта миқдори ин кумакҳо дар се моҳи аввал бештар аз 1 миллиарду 935 миллион сӯмро ташкил дод. 
Ногуфта намонад, ки мисли шаҳру вилоятҳо ва ноҳияҳои дигари ҷумҳурӣ дар ноҳияи Қува низ тақсиму танзими маводи хӯрокворӣ ба аъзои хонаводаҳои камбизоат ва тарзи зиндагиашон дар ҳоли рушд ҳанӯз давом дорад. Аммо дар дувуним соли охир ин теъдод ба 15-20 фоиз коҳиш ёфт, ки барои ин ноҳия муваффақияти бузург арзёбӣ гардид. Маълум шуд, ки аз ҳисоби заминҳои аз кишти ғалла озодшуда ҳудуди 700 хонавода ба кишти сабзавот машғул шуданд ва ин таҷриба, ки дар кишварамон хеле доман фарох намудааст, дар ноҳияи Қува низ паёмадҳои хеле пурбор ба бор овардааст.
– Биёед, сари мавзӯе суҳбатамонро давом диҳем, ки таҷрибаи бағдодиҳои вилоят дар ноҳияи Қува чи гуна пайгирӣ карда мешавад? Шумо манзурамро фаҳмидагистед?
– Чаро не? Албатта, фаҳмидам. Масъалаи бо манзил таъмин кардани як қишри калони аҳолӣ дар ноҳияи мо аз вазифаҳое маҳсуб меёбад, ки иҷрояш ногузир аст. Агар дар солҳои 2017-2021 ҳудуди 17 хонаи бисёрошёна сохта шудаву дар он аъзои 544 хонавода барои зиндагии орому осуда фаро гирифта шуда бошанд, танҳо соли равон бар асоси дастури Президенти мамлакат ва пуштибонии ҳомиёни сахӣ хонаҳои зиёди бисёрошёна сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор додем.  Дар ин шумор як қисми сокинони ин хонаҳои наву замонавиро аъзои хонаводаҳои камбизоат ва маълӯлу имкониятҳояшон маҳдуд ташкил мекунанд,– иброз намуд Ҳалимҷон Умаров.
Гуфта мешавад, ки дар ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи Турк корҳои сохтмонӣ беш аз пеш вусъат пайдо намуданд, дар натиҷа 40 бинои панҷошёна ба оҳистагӣ дар ин минтақаи ноҳия қомат афрохта, ба ҷои сукунати доимии мардуми зиёд мубаддал шудааст, теъдоди умумии он бештар аз ду ҳазор хонавода мебошад. Дар ин мавзеъ мактаби нав, муассисаи таълими томактабӣ, муассисаи тиббӣ, маҷмӯи варзишӣ ва тиҷоратӣ низ арзи вуҷуд мекунанд.
– Ҷанбаи хурсандибахши ин корҳо бо татбиқи лоиҳаҳои васеъмиқёс бо ҷои кор таъмин шудани як қишри калони ҷавононе низ мебошад, ки маҳз соҳаҳои маориф, томактабӣ ва тиббиёту варзишро хатм карда баргаштаанд. Бештари ҷои корро занону духтарон дар ҳамин ҳол ишғол кардаанд, ки як теъдоди онҳо кор меҷустанд. Татбиқи лоиҳаҳои таҳти назар минбаъд низ  мусоидат хоҳанд кард, ки ба сифати коргари техникӣ ва оддӣ як қисми калони аҳолӣ дар ин ҷо ба меҳнати доимӣ фаро гирифта шаванд. Ба ин васила мо бекориро то андозае коҳиш медиҳем, ки яке аз рукнҳои асосии фаъолиятҳои имрӯзаи роҳбарони ниҳодҳои давлатӣ, аз ҷумла ҳокимияти маҳаллиро ташкил менамояд,– мегӯяд Ҳалимҷон Умаров. 
Вай қайд намуд, ки агар кас ҷило ва шукӯҳи Ӯзбекистони Навро дар ноҳияи Қува донистанӣ бошад, ба мавзеъҳое ташриф оварад, ки дар пайравӣ бо ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи Гулистони ноҳияи Бағдод барпо мегарданд. Одамони зиёд аз сиёсати Президенти мамлакат хурсанду хушҳоланд, зеро дар биноҳое зиндагӣ мекунанд, ки чандин наслу авлод ҳатто онро орзу намекарданд ё амалӣ шудани онро аз имкон берун мешумориданд. 
– Ҳувайдост, ки имрӯзҳо кори асосии ҳокимиятҳои маҳаллӣ  фароҳам овардани ҷойҳои бештари кор мебошад. Мо сол аз сол ба он ноил мешавем, ки сатҳи бекориро дар ноҳия, хусусан рустоҳо коҳиш дода равем. . Агар андак ба ақиб баргардем, чунин мисол оварданам мумкин аст, ки  1 ҳазору 46 нафар ба наздикӣ дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ ба кор ҷалб карда шуданд. Бо хоҳиши худ аъзоёни баъзе хонаводаҳо ба парвариши гӯсфанд машғул шуданд. Дар ин миён 178 нафар хоҳиши ба паррандапарварӣ машғул шуданро дар миён гузоштанд ва ин хоҳиши онҳоро қонеъ гардонидем. Гузашта аз ин, 174 хонавода дар гармхонаҳое машғул ба фаъолият ҳастанд, ки бунёди он аз ҳисоби маблағҳои субсидия сурат гирифтааст, – иброз дошт Ҳалимҷон Умаров
Иҷрои фармону қарорҳои Президенти давлатамон ва фармоиши Девони Вазирони ҷумҳурӣ низ дар ин ноҳия сари вақт таъмин карда мешавад. Аз ҷумла, мувофиқи фармони рақами 6038-и Сарвари давлат барои аъзои 1 ҳазору 600 оилаи камбизоат ба миқдори 220 ҳазорсӯмӣ ба ҳайси ёрии моддӣ маблағ пурдохт намудаанд. Ҳаҷми умумии ин кумакҳои моддӣ бештар аз 2 миллиард сӯми нақдро ташкил додааст.
Гуфта шуд, ки бар асоси қарори Девони Вазирон 669 оила бо маблағи 500 ҳазор сӯмӣ ёрии моддӣ таъмин карда шуданд. Як қисми оилаҳои камбизоат ба далели ҳаёти мӯътадил аз “Дафтари оҳанин” хориҷ карда шудаанд. Дар ин маврид қарори депутатҳои халқи Шӯрои ноҳия содир шуда, ризоияти худи аъзои ин хонаводаҳо низ ба назари эътибор гирифта шудааст. Дар натиҷа ҳудуди 2 ҳазор оила аз шумори оилаҳое маҳсуб меёбанд, ки аз ин дафтар ихроҷ карда шудаанд. Дар ҳамин ҳол онҳо машғули корҳое мебошанд, ки аз ҳамон ҳисоб даромади доимӣ ба даст оварда, маишати хонаводигии худро таъмин мекунанд.
– Дар ҳар сурат бо ҷои зист таъмин кардани одамоне, ки худашон аз имконияти иқтисодии  сохтани манзил маҳрум мебошанд, аз вазифаҳои иҷрояш ногузир дар ноҳияи мо қарор гирифтааст. Дар се соли охир 17 хонаи бисёрошёна сохта шуд ва дар он аъзои 544 хонавода зиндагӣ мекунанд. Гузашта аз ин, танҳо дар соли равон бо ташаббуси ҳокимияти ноҳия ва пуштибонии ҳомиёни саховатманд аъзои 12 хонаводаи камбизоат ба хонаҳои нав кӯчиданд, – мегӯяд Ҳалимҷон Умаров.
Дарвоқеъ, аксари хонаҳои наву замонавии истиқоматӣ бо чунин маводи сохтмонӣ бунёд карда шудаанд, ки дар фасли гармо ба одамон роҳату салқинӣ мебахшад ва дар фасли сармо одамон бе мушкилӣ метавонанд хонаҳои худро гарм кунанд. 
Гузашта аз ин, аксарияти хонаҳои баландошёнаро соҳибкорон бо маблағҳои шахсии худ месозанд, ба ин далел онҳо талош мекунанд, ки ин хонаҳо аз ҳар ҷиҳат барои зиндагӣ мувофиқу қулай бошад. Масъалаи бо коммуникатсияҳои гуногун таъмин намудани онро низ аз пеш барномарезӣ кардаанд, то ки баъди баҳрабардорӣ таъмини ин хонаҳо бо обу газ, барқ ва амсоли он сокинонашро ба азифту сарсонӣ мувоҷеҳ нанамояд.  
Сафарамонро ба самти ноҳияи Қӯштеппаи вилоят идома медиҳем. Дар ҳамин ҳол маркази маъмурии он– шаҳраки Лангар ба таври шинохтанашаванда тағйир ёфтааст. Дар ин ноҳия низ  корҳои сохтмонии як қатор  хонаҳои истиқоматии намунавӣ анҷом пазируфтааст. Дар баъзе минтақаҳо бошад, корҳои сохтмон босуръат идома дорад. Ҳамаи хонаҳои истиқоматӣ бар асоси лоиҳаҳое бунёд карда мешаванд, ки дар баробари таъмини аҳолӣ бо манзил ба минтақаҳои бошукӯҳ табдил меёбанд.
– Аз сиёсати башардӯстонаи Президенти мамлакат мардуми ноҳияи мо хеле хурсанданд. Анҷоми корҳои зиёде, ки дар дувуним– се соли охир боварӣ ва  эътимоди мардуми моро ба фардои дурахшон боз бештар мустаҳкам намудааст. Онҳо аз шароити зисти беҳтарин бархурдор мешаванд, ки натиҷаи ҳамин сиёсат мебошад, – мегӯяд ҳокими ноҳияи Қӯштеппа Илёсбек Новиков. – Бар асоси лоиҳаҳои наву замонавӣ, ки сохтани хонаҳои арзонро пешбинӣ намудааст, дар чанд шаҳраку деҳ бештар аз  90 хонаи истиқоматии сеутоқаи якманзила ва дорои ду сотих замини наздиҳавлигӣ сохтаву мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. То нимаи аввали соли равон ин нишондиҳанда ба чанд карат афзоиш ёфт ва садҳо одамон ба хонаҳои худ кӯчиданд. 
– Рӯзмарра дар мо маросими бӯрёкӯбон ба вуқӯъ мепайвандад. Ин аз суннатҳои деринаи мардуми мост, ки бидуни пиёда кардани он соҳибон ба ҳамон хона даромада зиндагӣ намекунанд. Дар радифи он як бинои дуошёна барои 16 хонавода, ду бинои сеошёнаи дорои 18 хона, як бинои чаҳорошёна барои 24 хонавода низ дар ихтиёри 166 оила қарор дода шуд, – мегӯяд Илёсбек Новиков.
Вай меафзояд, ки дар мавзеи Хумдони ноҳияи онҳо, ки ба сектори прокурори ноҳия тааллуқ дорад, аз соли 2017 то кунун чандин бинои ду ва сеошёна бунёд гардидааст ва ба ин васила эҳтиёҷи оилаҳои қишри ниёзманд рафъ шудааст. Ҳокими ноҳияи Қӯштеппа иброз намуд, ки сол аз сол теъдоди хонаҳои наву замонавӣ дар минтақаҳои гуногун пайдо шуда, ба шукӯҳи он шукӯҳи тоза зам менамоянд. То соли 2022 ба таври иловагӣ боз ҳудуди 230 хонавода бурёкӯбон кардаанд
– Ин маросимҳоро мардуми мавзеъҳои Қамиштеппа, Хумдон ва Дурмон баргузор намуданд, – мегӯяд Илёсбек Новиков.
Айни ҳамин манзараҳои ҷолибро дар шаҳри куҳану тозабунёди Марғелон низ дидан мумкин аст. Дар ин шаҳр баъди он ки ҳафт бинои панҷошёнаи замонавӣ сохта ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, сесаду ҳаштод хонавода бо шодиву сурур ба ин хонаҳо кӯчид. Яке аз ин хонаҳои баландошёна дар ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи “Зӯҳро”-и шаҳр қомат афрохтааст.
Гуфта мешавад, ки дар сохтани хонаҳои истиқоматии ин ҷамоат, воқеъ дар мавзеи Бофандагон саҳми корхонаҳои сохтумонии “Водийпарсервис” ва корхонаи сохтумонии Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди “Ҷорий қурилиш сервис” хеле калон мебошад. 
Тавре ки ҳокими шаҳри Марғелон Адҳам Зиёвиддинов ба мухбири “Овози тоҷик” гуфт, дар панҷ соли охир вусъати корҳои азим то андозае дар ин шаҳри куҳан доман фарох намуд, ки назирашро дуним даҳсолаи гузашта одамизот надида буд. 
– Мо вазифа ва масъулияти худро хеле хуб дарк мекунем. Ҳарчи мекунем, барои мардуми худ армуғон месозем, – изҳор намуд Адҳам Зиёвиддинов.
Дар айни ҳол корҳои сохтану мавриди баҳрабардорӣ қарор додани хонаҳои истиқоматии баландошёна ва иншооти иҷтимоии мавриди эҳтиёҷи сокинони он дар шаҳру ноҳияҳои дигари ин вилоят бо суръат пеш меравад.

Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири 
“Овози тоҷик”.
Вилояти ФАРҒОНА. 
Суратгир: 
М. ҚОДИРОВ (ӮзА).

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: