ФАРДИ ХУДОГОҲ ВА ВАТАНПАРВАР

Шукри ин маснади хуршед, ки номаш Ватан аст, Шарафи хидмати он воҷиби виҷдони ман аст.

Шукрона мегӯям, ки дар давлати соҳибистиқлоли Ӯзбекистон ҳаёт ба сар мебарам. Ин Ватан аст, ки мафҳумҳои «ватандорӣ, ватандӯстӣ, ватанпарварӣ...» зуд-зуд истифода мешаванд. Дӯсти ҳамсинфе дорам бо номи Обидхӯҷа Қосимов. Ватанпарварӣ, ватандӯстӣ ва хизмат барои Ватан шиори ҳаёти ӯст. 
Мо соли 1984 мактаби миёнаро хатм кардем. Бо тақозои тақдир ӯ барои таҳсил ба Душанбешаҳр ва ман ба шаҳри Хуҷанди Тоҷикистон равон шудем. Хушбахтона, ҳар ду донишҷӯ шудем. Пас аз адои хизмати ҳарбӣ ва хатми донишкада дар мактаби таълими умумии рақами 9-уми деҳаи Навободи ноҳияи Бӯкаи вилояти Тошканд ба кор шурӯъ намудем. Ман омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷик, вай бошад, муаллими фанни математика. Эҳсоси ватандӯстии дӯстам Обидхӯҷа баланд, ки буд, пас аз ду-се сол ҳамчун афсар ба хизмати ҳарбӣ гузашт. 18 сол дар ноҳияи Каттақӯрғони вилояти Самарқанд ва ноҳияи Нишони вилояти Қашқадарё дар вазифаҳои командири взводи алоқа, роҳбари батереяи алоқа, ёвари сардори алоқа, сардори алоқаи бригада, зобити шуъбаи сафарбаркунӣ ва то ба нафақа баромадан дар вазифаи сардори алоқа хизмат кард, ба унвони майор соҳиб гардид. Пас аз адои хидмати ҳарбӣ ба нафақа баромада, ба деҳа баргашт. Баъди чанд соли таваққуф таълими фанни тайёрии ҳарбӣ аз нав роҳандозӣ гардид. Ӯро ба сифати омӯзгори ин фан ба кор пазируфтанд. Алҳол дар мактаби зодгоҳ ҳамроҳ кор мекунем. 
– Хидмат дар артиш барои ҳар як ҷавон шарафу ифтихор аст. Фикр мекунам, тайёрии ибтидоии ҳарбии тодаъватӣ дар оянда барои хонандагони мактаб фанни дӯстдоштатарин мегардад ва онҳо аз он барои худ бобати хидмати ҳарбӣ ва Артиши миллӣ тасаввуроту маълумоти зарурӣ азхуд  мекунанд, – мегӯяд дӯстам. – Ман саъй дорам тавассути фанни мазкур дар байни хонандагон рӯҳияи ватанпарварӣ, ҷаҳонбинӣ, ҳифзи Ватанро баланд бардошта, онҳоро ба иҷрои қарзи шаҳрвандиашон ҳамаҷониба омода кунам.  
Инак се сол мешавад, ки Обидхӯҷа Қосимов ҳамчун омӯзгор ва афсари собиқадор ҷавонон-хонандагони мактабро дар рӯҳи ватанпарварӣ тарбия намуда, онҳоро барои хидмат ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар тайёр мекунад. Ба наздикӣ бо ташаббуси вай ва маъмурияти мактаб бо иштироки хонандагону омӯзгорон дар доираи «Моҳонаи ватанпарварӣ» таҳти шиори «Ватан – муқаддас, ҳифзи он вазифаи ифтихорӣ!», ки дар сартосари кишвар гузаронда мешавад, таҳти «Дарси ҷасорат ва мардӣ» чорабинӣ баргузор шуд. Вай ба аҳли мактаб ва иштирокдорони он таассуроти хотирмон гузошт. 

Сулаймонбек СОДИҚОВ, 
омӯзгор.

Вилояти ТОШКАНД. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: