4 июл таҳти сарварии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бахшида ба масъалаҳои кори нишонадор ва мунтазам бо ҷавонон, фароҳам овардани шароитҳои мусоид барои таъмин кардани онҳо бо шуғл машварати видеоселекторӣ баргузор шуд.
Дар машварат Раиси Сенат, Раиси Палатаи қонунгузории Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон, роҳбарони ҳизбҳои сиёсӣ, Сарвазир ва муовинони ӯ, Мушовирони давлатии Президент, Раиси Жокарги Кенеси Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, ҳокимони вилоятҳо ва шаҳри Тошканд, роҳбарони вазоратҳо, идораҳо ва ташкилотҳо иштирок карданд.
Тавре ки зикр шуд, дастгирии ҷавонон барои дар ҷомеа мақоми сазовори худро дарёфтани онҳо – аз ҷумлаи самтҳои бартариноки сиёсати давлат ба шумор меравад. Аз ҷумла, дар пойгоҳи Ҷунбиши иҷтимоии ҷавонон – «Камолот» Иттифоқи ҷавонони Ӯзбекистон таъсис ёфт, дар амал бобати кор бо ҷавонон низом ва муносибати нав ҷорӣ гардид. 30 июн дар мамлакати мо бори аввал Рӯзи ҷавонон васеъ таҷлил карда шуд.
Вале дар кори вобаста ба ҷавонон ҳанӯз камбудиҳои зиёд мавҷуданд. Аз ҷумла, ба Иттифоқи ҷавонони Ӯзбекистон, ки бо ниятҳои нек таъсис ёфт, ба дараҷаи бояду шояд эътибори нишонадор дода намешавад, кор бо ҷавонон, ҳаллу фасли мушкилоти онҳо мунтазам ба роҳ монда нашудаанд. Ҳангоми аз ҷониби ин ташкилот баргузор шудани баъзе чорабиниҳо ба дабдабаҳои зиёдатӣ ва саҳлангориҳо роҳ дода мешаванд. Фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ, маҳаллаҳо, созмонҳои дигари ҷамъиятӣ ва муассисаҳои таълимӣ дар самти мазкур ғайриқаноатбахш аст. Наметавон гуфт, ки муовинони ҳокимони ноҳияҳо ва шаҳрҳо оид ба масъалаҳои сиёсати ҷавонон, рушди иҷтимоӣ ва корҳои маънавиву маърифатӣ, муовинони роҳбарони шуъбаҳои ноҳиявии корҳои дохилӣ бино бар муаммоҳои ҷавонон дар ин масъала фидокории зарурӣ зоҳир менамоянд. Баръакс, ин вазифаҳои масъул баъзан истифода намешаванд.
Дар натиҷа ҷинояткорӣ дар байни ҷавонон ҳанӯз боқӣ мемонад. Инро он санад собит месозад, ки аз 17,5 ҳазор ҷинояте, ки дар давраи сипаришудаи соли равон содир гардидаанд, тақрибан 31 фоизашро ҷавонон содир кардаанд. Аз 22 ҳазор шахсе, ки ҷиноят содир кардаанд, 11 ҳазораш ҷавонон мебошанд, ин нишондиҳанда бахусус дар вилоятҳои Андиҷон, Бухоро, Самарқанд, Фарғона ва шаҳри Тошканд баланд аст.
Дар вилояти Қашқадарё 70 фоизи онҳое, ки ҷиноят содир кардаанд, ҷавононе мебошанд, ки дар ҷое намехонанд ва кор намекунанд. Ин нишондиҳанда дар вилояти Андиҷон 57, дар вилояти Сурхондарё 43, дар вилояти Ҷиззах 42 фоизро ташкил медиҳад.
Мутаассифона, коҳиш додани дараҷаи ҷиноят нафақат дар байни ҷавонони номуташаккил, балки дар байни толибилмони коллеҷҳо ва хонандагони мактабҳо низ таъмин карда намешавад. Дар давраи сипаришудаи соли равон 371 толибилм ҷиноятҳои мухталиф содир кардаанд. Дар вилоятҳои Сирдарё, Ҷиззах, Намангон ва Самарқанд миқдори ҷиноят дар байни толибилмони коллеҷҳо қатъиян зиёд шуд. Ҷинояткорӣ дар байни мактаббачагон асосан дар вилоятҳои Ҷиззах, Навоӣ, Бухоро, Сирдарё, Фарғона ва Ҷумҳурии Қароқалпоқистон содир мегарданд.
Он чиз боиси ташвиши ҷиддист, ки дар вилоятҳои Хоразм, Андиҷон, Намангон, Қашқадарё ва Тошканд аз ҷониби ноболиғон кушторҳо содир шудаанд.
Дар давраи сипаришудаи соли ҷорӣ дар Тошканд тақрибан 1700 ноболиғони вилоятҳои дигар, ки беназорат мондаанд, муайян карда шуданд, 500 нафари онҳо мактаббача, 670 нафарашон толибилмони коллеҷҳо ба шумор мераванд.
Вобаста ба ин ба зиммаи роҳбарони Иттифоқи ҷавонони Ӯзбекистон, Вазорати корҳои дохилӣ, Прокуратураи генералӣ, Вазорати таълими халқ, Вазорати маълумоти олӣ ва таълими миёнаи махсус бобати коркарди таклифҳои мушаххас, ки ба такмил додани кор бо ҷавонон, пешгирӣ намудани беназоратии онҳо, қатъиян коҳиш додани ҷинояткорӣ нигаронида шудаанд, вазифаҳо гузошта шуданд.
Ҳамзамон зарурияти татбиқ намудани чорабиниҳои мушаххасе, ки ба куллан таҷдиди назар кардан ва таъмин намудани натиҷабахшии фаъолияти лагерҳои варзишиву тарбиявӣ барои ноболиғоне, ки дар мақомоти корҳои дохилӣ ба рӯйхати профилактикӣ қарор доранд, равона гардидаанд, таъкид шуд.
Аксаран бекорӣ сабаби бисёр мушкилот, аз ҷумла, ҷинояткорӣ дар байни ҷавонон мебошад. Дар ҷойҳо бобати бо шуғл таъмин кардани ҷавонон мушкилоти ҷиддӣ мавҷуданд. Бо вуҷуди баргузор кардани зиёда аз 1700 бозори ҷойҳои кор, ҳамагӣ 5 фоизи иштирокдорони онҳо бо кор таъмин шуданд, тӯли соли охир 509 ҳазор ҷавонон барои кори дарозмуҳлат ба кишварҳои хориҷӣ рафтанд, ки шаҳодати муносибати бемасъулиятона ба вазифа мебошад.
Бояд бобати бошуғлфарогирии ҷавонон низоми куллан нав ҷорӣ карда шавад, гуфт роҳбари давлат.
Барномаи давлатии «Ҷавонон – ояндаи мо», ки ба фароҳам овардани шароит барои ҷалби фаъоли ҷавонон ба тиҷорат, ба онҳо таълим додани ихтисос ба касбҳои дар бозори меҳнат харидоргири соҳибкорӣ нигаронида шудааст, дар ноҳияи Чирчиқи Поёни вилояти Тошканд ва ноҳияи Чилонзори шаҳри Тошканд аз санҷиши пешакӣ гузашт. Барои ин аз ҷумлаи намояндагони идораҳои масъул гурӯҳи корӣ созмон дода шуд, шиносномаи ноҳияҳо бо маълумоти муфассал дар бораи ҷавонони аз 14 то 30-сола таҳия гардид.
Чунончи, дар ноҳияи Чирчиқи Поён ошкор гардид, ки миқдори ҷавонони бекор аз 2,5 ҳазор нафаре, ки пештар нишон дода шуда буд, зиёд буда, беш аз 6,3 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Аксар мушкилоти ташвишовари ҷавонони ноҳия дар маҳалҳо аз байн бардошта шуданд. Бо дарназардошти вазъи иҷтимоиву иқтисодӣ ва фаъолнокии ҷамъиятии ҷавонон аз 37 маҳаллаи ноҳия 13 ададаш ба табақаи «душвор», 16-тоаш «ғайриқаноатбахш» ва 6-тоаш «қаноатбахш» дохил карда шуда, барои ба дараҷаи «хуб» бардоштани онҳо корҳои нишонадор ба роҳ монда шуданд. Аз ҷумла, барои ташкил кардани «Гузарҳои меҳнатии ҷавонон» бино ва майдонҳо ҷудо карда шуданд, дар натиҷаи баргузор кардани бозори ҷойҳои озоди корӣ ва чорабиниҳои дигар зиёда аз 1200 намояндагони ҷавонони бекор бо шуғл таъмин гардиданд, барои ба роҳ мондани фаъолияти соҳибкории ҷавонон 2,3 миллиард сӯмина вомҳо ҷудо карда шуданд.
Дар асоси таҷрибаи мазкур дар арафаи Рӯзи ҷавонон Барномаи давлатии «Ҷавонон – ояндаи мо» тасдиқ гардид, ки дар тамоми ноҳия ва шаҳрҳо татбиқ карда хоҳад шуд. Барои татбиқ намудани барнома дар назди Иттифоқи ҷавонони Ӯзбекистон бунёди «Ёшлар – келажагимиз», бахшҳои ноҳиявӣ ва шаҳрии он таъсис дода шуданд. Аз ҳисоби маблағҳои сохтори мазкур барои ҷавонон ба миқдори 7 фоизи солона вомҳои имтиёзнок ҷудо карда мешаванд. Дар барнома ҳаҷми вомҳои ҷудокардашуда дар ҳар кадом ноҳия ва миқдори вомгирандагон, самти фаъолияте, ки барои он вом ҷудо карда мешавад, миқдори ҷойҳои корӣ, ки бо истифода аз маблағҳои гирифташуда фароҳам меоянд, мушаххас карда шудаанд. Ғайр аз ин дар маҳалҳо ба фермерон вобаста кардани як нафар аз ҷумлаи ҷавонони бекор пешбинӣ мегардад.
Роҳбари давлат зарурияти ба вазифаи роҳбарони бахшҳои ноҳиявӣ ва шаҳрии бунёдҳо таъин кардани ҷавонони муваффақи соҳибкор, вобаста кардани 30 фоизи кормандони мақомоти ҷумҳуриявӣ ва ҳудудии маҷмӯъҳои оид ба масъалаҳои сармояҳо ва масъалаҳои иҷтимоиву бонкҳои тиҷоратӣ ба сохтори нав, яъне ба бахшҳои ноҳиявиву шаҳрӣ, ҳамзамон нигоҳ доштани вазифа ва музди меҳнати онҳоро таъкид кард.
Бо мақсади ҳамоҳангсозии самарабахши татбиқсозии барнома ба зиммаи Сарвазир вазифаи вобаста кардани аъзои комиссияҳои ҷумҳурӣ оид ба рушди соҳибкории ҷавонон ҳамчун шахси масъул барои ҳар минтақа, бо роҳбарии онҳо ташкил кардани гурӯҳҳои корие, ки ба он кадрҳои роҳбарии мақомоти давлатӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ ва прокурорҳои вилоят дохил мешаванд, гузошта шуд.
Таъкид гардид, ки ҳокимон ва роҳбарони соҳаҳо бояд ақаллан ҳафтае ду маротиба бо ҳар як ҷавони аз ҷумлаи ҷавонони номуташаккил ва бекор шахсан вохӯранд, мушкилоташонро омӯзанд ва пеш аз ҳама бобати бо шуғл таъмин кардани онҳо чораҳо андешанд.
Дар машварат ба масъалаҳои тарбияи ҷавонони рӯҳан комил, аз таъсири ҷараёнҳои гуногуни зараровар ва ғояҳои бегона эмин доштани онҳо эътибори махсус дода шуд. Барои ин бояд кор бо ҷавононро дар самти маънавиву маърифатӣ беш аз пеш фаъолтар кард, аз тариқи ҷалби фаъоли онҳо ба тамошои осорхонаҳо, театрҳо ва муассисаҳои дигари маданиву маънавӣ, ба маҳфилҳои оид ба илм, варзиш ва санъати тасвирӣ бояд истироҳати пурмазмуни онҳоро таъмин намуд.
Агар мо ба тарбияи фарзандон машғул нашавем, кору кирдори онҳоро ҳар рӯз назорат накунем, ҷавононро соҳибкасб ва ба меҳнат ҷалб накунем, аз таъсири зараровар эмин доштани онҳо душвор хоҳад шуд, гуфт Шавкат Мирзиёев.
Аз ин нуқтаи назар ба Иттифоқи ҷавонон, Маркази маънавият ва маърифати ҷумҳурӣ, идораи оид ба омӯзиши мушкилоти ҷавонон ва тайёр кардани кадрҳои пешомаднок супурда шуд, ки бобати аз ҷиҳати маънавӣ комил тарбия кардани ҷавонон, дар онҳо ташаккул додани иммунитети мафкуравӣ ва эминдорӣ аз таъсири ғояҳои бегона чораҳои муассиру амалӣ андешанд.
Дар машварат махсус зикр гардид, ки бояд ба ин кори муҳим сенаторон, депутатҳои Олий Маҷлис ва шӯроҳои маҳаллӣ фаъолона ҷалб карда шаванд. Зеро ҳайати депутатӣ ҳамчун намояндагони халқ бояд беш аз ҳама дар бораи ояндаи ҷавонон ғамхорӣ кунад. Онҳо бояд ба гурӯҳҳои корӣ, ки фаъолияти худро дар минтақаҳо татбиқ менамоянд, аз тариқи куллан такмил додани кори оид ба ҷавонони ҳизбҳои сиёсӣ дар маҳалҳо, иштироки фаъол дар баргузор кардани вохӯриву чорабиниҳо бобати таъмин сохтани татбиқшавии барномаи мазкур кӯмакҳои амалӣ расонанд.
Ҳамчунин мушкилоти вобаста ба зиёд шудани миқдори никоҳҳои бармаҳал ва таваллуд дар байни духтарони ноболиғ муҳокима шуданд. Мутаассифона, дар маҳалҳо ҳангоми баррасии мушкилоти вобаста ба никоҳи бармаҳал ва талоқ аксаран бо айбдор кардани падару модарон маҳдуд мешаванд. Ҳол он ки барои пешгирӣ намудани ҳодисаҳои манфӣ бояд қаблан амал кард ва низоми кори нишонадорро ба роҳ монд.
Вобаста ба ин ба зиммаи Кумитаи занони Ӯзбекистон, Маркази тадқиқоти илмиву амалии «Оила», Шӯрои оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти худидораи шаҳрвандон, вазоратҳои нигаҳдории тандурустӣ ва таълими халқ бобати аз нуқтаи назари танқидӣ дида баромадани корҳо ва муайян намудани чораҳои муассир дар самти мазкур вазифаҳо гузошта шуданд.
Бино бар он ки дар машварати видеоселекторӣ шахсони мансабдор ва роҳбарони маҳаллӣ иштирок доштанд, масъалаҳои муҳими вобаста ба чорабиниҳои оид ба парвариши пахта низ баррасӣ шуданд.
Қайд гардид, ки бино бар шароитҳои обу ҳаво – набудани борон ва тӯл кашидани хунукиҳо парвариши пахта 10-15 рӯз, дар баъзе ҷойҳо то 20-25 рӯз қафо мемонад. Бобати аз байн бардоштани ин қафомонии парвариши пахта ва ҷамъ овардани ҳосили кафолатнок супоришҳо дода шуданд.
Дар машварат аз 5 июл то 5 сентябр давраи «Думоҳаи зарбдори ҷамъоварии ҳосил» эълон гардид. Корҳое, ки бояд дар ин самт иҷро шаванд, муайян гардиданд.
ӮзА.