ФАРИШТА

Кампири Иззатмоҳ чун одат баъди адои намози бомдод говро дӯшида ба таги дег оташ мегиронд, ки дар баландшохи чормағзи пир зоғе нишаста ба қар-қар даромад.

Кампир ба сӯйи зоғ кулӯхе партофта:
– Шодӣ-шодӣ, хуш хабар бошад, – гуфт ҳарчанд дар таги дилаш сиёҳие пайдо гашт, зеро зоғро чун паррандаи бехосият дӯст намедошт.
Шамолаки форами кӯҳ гесӯҳои сафеди як қисм ба баногӯши кампир афтодаро алвонҷ медоду ба вуҷудаш ҳаловат мебахшид. Ӯ қаймоқи рӯйи ширро ба косае гирифта, рӯйи тоқча гузошта истода чашмонаш ба котиб афтод, ки аллакай дохили ҳавлӣ қадам мезад.
– Биё, Умарҷон, холаат садқа, тинҷиай? – пешвоз баромада пурсид кампир. 
– Ассалому алайкум, хола, тинҷ ҳастед, зиндагиҳотон хуб, камбудӣ нест? – ҳолпурсӣ кард Умар.
– Шукри Худо, бачам, шикоят надорам. Илоҳо, ватанамон обод бошаду роҳбарони давлатамон тансиҳат.
– Хола, пагоҳ як ба маркази ноҳия мерафтаед, идораи ҳукумат шуморо суроғ мекунад. Худам ҳам надонистам, ки барои чӣ? Шояд барои хайру саховат ва ободкориҳоятон ташаккур гӯянд.
– Мани муштипар чӣ хидмате кардаам, ки кирои ситоиш бошад. Хайри ман кардаро ҳама ҳам карда метавонад. Ҳа, майлаш, дар шаҳр ба духтур ҳам кор доштам, пагоҳ бачаи Нуралиро мегӯм, ки маро ба марказ барад, – ҷавоб дод кампир.
Чун пагоҳи дигар кампири Иззатмоҳ ба шаҳр бо азобе омада пушти идораи таъинкарда расид, ба замин нишаста каме нафас рост кард. Ин ҳангом нафаре берун баромаду посбон боз дарро пӯшиданӣ шуда буд, ки кампир ба ӯ матлабашро фаҳмонд. Посбони дар:
– Ин ҷо мунтазир бошед, ман худам шуморо ҷеғ мезанам, – гуфт.
– Баъди панҷ-шаш дақиқа дари оҳанин кушода шуду кампирро ба дарун даъват карданд. Ӯ дар хоначае, ки чанд курсиву як мизи холӣ дошту дигар чизе ба назар намерасид, ба курсие нишаст. Тақрибан баъди ҳашт-даҳ дақиқа ҷавони бисту панҷ-сӣ солае аз дар даромаду бе ҳеҷ салому алейк:
– Ман Кабир Соҳибов, ходими масъули ҳамин идора, – гуфт ӯ.
– Хуб, бачам, хуш омадӣ, аз ман чӣ хидмат? – пурсид момои Иззатмоҳ.
– Кампир, худатро ба муғамбирӣ назан, магар гуноҳатро намедонӣ, ки суол медиҳӣ, – дод зад ходим.
Пиразанро вуҷудаш ларзид, нафаҳмид, ки барои кадом гуноҳаш ба сари ӯ дӯғ мезананд. Вай тамоман бо дигар фикру андешаҳо ин ҷо омада буд.
Гумонаш чанд кораки хайре, ки барои мардуми деҳааш кард ва ҳамчун солхӯрдае, ки яккаву танҳо мондааст, ӯро сипосгузорӣ намуда, ягон кӯмаке карданианд. Аммо ин андешаҳояш сароб баромаданд. 
– Ту худро мусичаи бегуноҳ маҳисоб, туҳо ҳама каждуми таги бӯрёед. Пинҳонӣ, ноаён неш мезанед. Мегӯӣ, чӣ гуноҳ  дорам? Магар дар атрофи худ занону духтаронро ҷамъ карда, китобҳои кӯҳнаи аз дақёнус мондаро ба онҳо хонда дода, майнаашонро заҳролуд кардан гуноҳ нест? Магар ба духтарон илми кӯҳнаро тарғиб намудан савобҷӯии туст? Ана, ба ин сурат нигар, ту ба чашм айнак дорӣ, духтаронро ба атрофат ҷамъ карда, аз китобҳои динӣ дарс мегӯӣ. Ё ин гапам ҳам дурӯғ аст?! – сурати дар телефони дастӣ гирифтаро ба пиразан нишон дода наъра зад Кабир.  
Кампирро сараш давр зада, чӣ гуфтанашро намедонист. Хост фаҳмонад, ки ин ҳама гуфтаҳояш ғалат, кадом худобехабар маълумоти бардурӯғро расонидааст. Ӯ лаб ба сухан кушоданӣ буд, ки торсакии обдоре ба баногӯши росташ расиду фарқи сараш сӯхта, пеши чашмонаш оташаке парид ва якрӯ аз курсии нишаста ба фарши хона афтид.
Пиразан чанд муддат беҳуш хобид, намедонад. Гаҳе ки ба худ омад, дид, ки посбон ба рӯяш об пошида, кӯмаки хестан мекунад.
– Ин паразитҳо ҷонсахтанд, ба осонӣ ҷон намедиҳанд, чаро ёрӣ медиҳӣ, боз як лагади дигар бизан, ки ҷони ман осуда гардад, – бонг мезад Кабире, ки аз зарбаи дасти ӯ пиразан ба чунин ҳол афтида буд...
Кампири Иззатмоҳ вақте чашм кушода ба худ омад, фаҳмид, ки дар беморхона аст. Вай дар палатаи тозаву озода болои кати мулоим, ки ҷилди оҳарии хол-хол дошт, мехобид. Ҳамшира –  духтараки сафедчеҳраи ситорагарме, ки дар тан хилъати сафед дошт, баъди сӯзандору курсиеро назди кати бемор гузошта, мувофиқи супориши духтур ҳолати беморро назорат мекард.
– Ҷони оча, садқаат шавам, ман дар куҷо? – суол дод пиразан дар ҳолате ки тамоми аъзои баданаш бадард буд.
– Холаҷон, ташвиш накашед, ором бошед, шумо дар бемористон, духтур Саидов ин ҷо оварданд.
– Илоҳо, ҳузуру ҳаловати бачаҳоша бинад, аввал ҳам маро ду маротиба табобат карда буд. Вай чӣ хел маро аз дасти он нохалафи беимон халос кард?
– Холаҷон, ман чизеро намедонам, лекин вақти ба касалхона омаданатон аҳволатон бад буд.
Кампирро дардҳои дар ҷисмаш пайдошуда не, балки ким-чӣ хел дарду алами даруние сахт тазйиқ дода, кӯргиреҳе дар дилаш пайдо гашт, ки онро кушода наметавонист. Ногаҳон вуҷудаш ҳама ба ҷунбиш омада, аз чашмонаш ашк шашқатор гашту ҳунгос зада гирист. Кати симин низ гӯё ҳамдарди ӯ гашта меларзиду ғиҷир-ғиҷир садо медод.
– Духтарам, ҷонам садқа, синаи модарро сахт газидагӣ инсон будаам. Намедонам барои кадом гуноҳам мани солхӯрдаро чунин азобҳо пеш омад. Ман ҳам мисли ту духтари зебои ҳавас мекардагӣ, байни писарҳо нозпарвари падар будам. Ба шавҳар баромада, бо раҳматӣ дувоздаҳ сол зиндагӣ кардам, афсӯс, фарзанд нашуд. Дар ғами фарзанд ҳар ду ҳам месӯхтем. Табобат ҷуста ба духтурону шаҳрҳои калон рафтем. Ҳамааш айбро ба шавҳарам гузошта бошанд ҳам, аз ӯ ҷудо нашудам. Зеро ӯ муаллим буду инсони поку ҳалол. Бовар мекунӣ, ҷони оча, то ин ки шавҳарам аз ин дунё бо армон наравад, худам миёнравӣ карда, ӯро бо арӯсаке, ки шавҳараш ҳангоми шикор аз шахе парида ҳалок гашта буд, хонадор кардам. Пиразан бо рӯймолчаи сафеде, ки дар даст дошт, чашмони намгирифтаашро пок карда, идома дод. 
– Палонҷам инсони хуб баромад. Мо дар як ҳавлӣ зиндагӣ доштем. Ӯ корҳои хона, пухтупазро мекарду ман ҳарчанд бароям сахт аламовар буд, бо нигоҳбинии боғ машғул шудам, ҳамчунин, молҳоро ба чаро мебурдам ва ба ин васила худро як навъ андармон месохтам. Албатта, ягона дилбардору ғамзудои ман китоб буд. Пайваста ҳадисҳои пайғамбару кам-кам Қуръони маҷид тиловат мекардам. Шодравон тағоям мулло Шодмон маро хату саводи кӯҳна омӯхта буд. Азбаски Худованд ба ман фарзанд надод, меҳрамро ба китоб монда, худро ба ин кор андармон месохтам.
 Ҷонам садқа, ту худат низ медонӣ, ки бобокалонҳои мо дар бораи одаму одамгарӣ, ахлоқи зебои инсонӣ, маърифати илоҳӣ чӣ қадар китобҳои пурқимат офаридаанд. Ҳар чӣ қадар ҳадисҳоро хонӣ, девони Ҳофизу Бедил, Аттору Ҷомиро мутолиа намоӣ, дилат рӯшан гашта, одамгарӣ дар вуҷудат мустаҳкам мегардад. Ҷони оча, мефаҳмӣ, маро суроғ карда ҳамсоязанону духтарон меомаданд ва ман барояшон ҳикояту ривоятҳо хонда медодам. Кадом нохалаф ин кори маро ба сурат афтонда, ба кадом идорае фиристонда, ба сарам мусибату тӯҳматҳо овард.
– Холаҷон, хафа нашавед, ҳамааш хуб мешавад. «Поёни шаби сияҳ сафед аст», – гуфтаанд. Мана мебинед, ҳамааш равшан шуда, аз шумо узр мепурсанд, – гуфт ҳамширадухтар. «Чӣ симои гарму дилкаш, хаёлам аз ҳастиаш нур меборад. Бо либоси тозаву шинам, сарбанди сафеди сараш зебанда, нигоҳи гарму беғаш, гуфтори пурҳарорату сидқиаш фариштаи қудсиро мемонад», – аз дил гузаронд ӯ. – Боварам намеояд, ки чунин инсон кори бад кунад.
Раҳматуллоҳи ШОҲИМАРДОН

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: