ФАРИШТАҲОИ ЗАМИНӢ

Ду сол боз мардуми гирду атрофи мо ба Душанбе бо чашми умед менигаранд.

Солҳои бистум хабари бо роҳи аз шахси дигар кӯчондани ҷигари сиҳҳат ба ҷойи ҷигари тамоман хушкшудаи бемор ва дар Ҳиндустон ба роҳ монда  шудани он ба мо ҳам расида буд. Аммо ҷарроҳӣ хеле дандоншикан, яъне 30-35 ҳазор доллари амрикоӣ арзиш дошт. Дарёфти чунин маблағ бошад, осон не!
Бо вуҷуди ин ҳамватанони мо илоҷе карда, бо ёриву мадад ва қарз саломатии хешро барқарор мекарданд.
Навиди хуши дар шаҳри Душанбе ҳам иҷро шудани ин кори хайр зуд паҳн шуд.
Шояд онҳое, ки бори аввал бо ин фариштаҳо рӯ ба рӯ шуданд, ба сиҳат ёфтани худ бовар надоштанд. Аммо чун мардум диданд ва эътимод пайдо карданд, ки беморон шифо меёбанд, роҳи Душанберо пеш гирифтанд.
Одил Бобоев, аз деҳаи Дуобаи ноҳияи Узун ин амалиёти ҷарроҳиро аз сар гузаронд. Ба ӯ писараш донор шуд.
Баъд ҳамдеҳаи ӯ Аҳтам Қурбонов низ ҷигари худро ба воситаи писари 21-солааш иваз кард. Шукр, ки ҳоло онҳо сиҳату саломатанд.
Мардум гумон доштанд, ки дар Душанбе духтурони ҷарроҳро аз Ҳиндустон даъват мекунанд. Аммо онҳо тоҷикони худӣ, пайвандони бобои Синоамон будаанд.
Пас биёед, бо яке аз онҳо аз наздик ошно шавем.
Ин ҷавон Маҳмадшариф Мирғозиев ном дорад. Вай соли 2006 Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Синоро бомуваффақият хатм намуда, баъдан дар магистратура таҳсил кард.
Ординатураи клиникӣ – курси такмили ихтисоси баъдидипломиро дар Донишгоҳи ёрии таъҷилии Склифосовскийи Русия аз рӯйи ихтисоси пайванди узвҳо гузашт.
Инчунин, дар Донишгоҳи байналмилалии пизишкии Эрон бинобар тахассуси пайвандкунии узвҳо (рӯда, ҷигар, гурда, ғадуди зери меъда ва ғайра) курси ҷарроҳиро гузашт.
Дар давоми фаъолияти 25-солаи худ ба чандин нафар беморон умри дубора бахшид.
Охир, осон нест якеро аз дами марг дубора ба зиндагӣ баргардондан! 
Маҳмадшариф Мирғозиев ва ҳамкоронаш имрӯз барои корафтодагон фариштаҳои заминианд. Зеро ғайр аз онҳо дар Осиёи Марказӣ ҳанӯз касе дар ин ҷода комёб нест. Онҳоро имрӯз ҳатто ба Тошканд ҳам даъват мекунанд. Духтурони тоҷик ба ҳамкорони хеш аз ин кишвари ҳамсоя низ ёрӣ мерасонанд.
Беморхонаи «Истиқлол»-и Душанбе барои корафтодагони ноҳияҳои Узун ва Сариосиё умедгоҳи охирин аст. Давоми як сол чанд нафар аз дастони шифобахши Мирғозиев умри дубора диданд. Инҳо, тавре ки гуфтем, Одил Бобоев ва Аҳтам Қурбонов, аз деҳаи Дуоба ва Бобомурод Иброҳимов, аз деҳаи Қаршободи ноҳияи Узун мебошанд. 
Шукри Худо, ки ҳамаашон бо донорҳои худ сиҳату саломатанд. Ҳар кадоми онҳо аз духтурон бағоят миннатдор ҳастанд.
Маҳмадшариф Мирғозиев аз соли 2018 инҷониб мудири шуъбаи пайвандсозии ҷигар ва фишорбаландии порталии беморхонаи «Истиқлол» мебошад. Дар ин шуъба аз ҷониби табибони ҳозиқ пайвандсозии ҷигари беморони хурду калон, бемориҳои ҷигар ё нуқсонҳои модарзодии ҷигар дар байни хурдсолон муолиҷа мешаванд. Инчунин, ҷарроҳии омосҳои ҷигар, ғадуди зери меъда гузаронида мешавад. 
Дар ин ҷо духтурони ботаҷриба ва ҳамшираҳои воқеан шафқат хидмат мекунанд. Ҳамшираҳо низ малакаю дониши худро дар мамлакатҳои дигар афзун кардаанд.
Ҳоло ба беморхонаи мазкур Мирғозиевро суроғ карда ҳатто аз Қирғизистон ҳам беморон меоянд.
Бояд гуфт, ки онҳо аз шифокорон Шоев ва Ҷовид Кӯлобиев ҳам миннатдоранд.
Дар ҳақиқат, табибони ҳозиқи тоҷик имрӯз ворисони сазовори Абӯалӣ ибни Сино будани худро собит месозанд. Ин боиси ифтихори мо низ мебошад.
Бигузор дастони шифобахши ин фариштаҳои заминӣ ҳаргиз дард набинад.

Мунаввара МИРЗОЕВА,
Ӯғилой ҶӮРАБОЕВА,
ноҳияи Узуни 
вилояти Сурхондарё.

Дар сурат: 
Маҳмадшариф Мирғозиев.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: