Фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон

Дар бораи рағбатноксозии иштирокдорони Ҷанги дуюми ҷаҳон

Ба мақсади дар мамлакат васеъ таҷлил намудани 9 Май – Рӯзи Хотира ва қадр ҳамчун ҷашни умумихалқӣ, абадӣ гардонидани хотираи гузаштагоне, ки дар Ҷанги дуюми ҷаҳон фавтидаанд, гиромидошти собиқадороне, ки имрӯз ҳам дар сафи мо буда, барои баланд бардоштани обрӯи Ватан ва тарбияи маънавию ахлоқии ҷавонон саҳм мегиранд, ҳамчунин рағбатноксозии моддии иштирокдорон ва ногироҳои ҷанг ба муносибати 78-умин солгарди Ғалаба бар фашизм:

1. Мукофоти пулии якдафъаина барои ҳар як иштирокдор ва ногирои Ҷанги дуюми ҷаҳон дар ҳаҷми 18 000 000 (ҳаждаҳ миллион) сӯм муқаррар карда шавад.

2. Хароҷоти вобаста ба татбиқсозии Фармони мазкур аз ҳисоби маблағи ҷумҳуриявии буҷаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон пардохта шавад.

3. Ба Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, ҳокимияти вилоятҳо ва шаҳри Тошканд супурда шавад, ки якҷо бо Вазорати мудофиа, Гвардияи миллӣ, Хидмати амнияти давлатӣ, Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати иқтисодиёт ва молия, Вазорати фарҳанг ва сайёҳӣ, Вазорати шуғл ва коҳиш додани нодорӣ, Маркази ҷумҳуриявии маънавият ва маърифат дар вазъи мутантан ва идона супурдани ин мукофоти пулиро ба иштирокдорон ва ногироҳои Ҷанги дуюми ҷаҳон таъмин намоянд.

4. Назорати иҷрои Фармони мазкур ба зиммаи Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон А.Н.Арипов гузошта шавад.

 

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ш.МирзиЁев

Шаҳри Тошканд, 2 майи соли 2023.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: