Ҳар сол ин давра барои Вазорати таълими томактабии Ҷумҳурии Ӯзбекистон низ давраи натиҷагирӣ аз соли гузашта ва муҳокимаи нақшаву реҷаҳо барои соли равон ҳисоб меёбад. Ба воситаи расонаҳои ахбори умум бояд ба мардум расонем, ки бурду бохтҳои вазорат аз чиҳо иборатанд ва мо вазифаҳои дар пеш гузоштаи худро то чи андоза ба фарҷом расондаем.
Пеш аз ҳама, қайд карданиам, ки дар соли сипаришуда аз буҷаи давлат барои соҳаи таълими томактабӣ 6,7 триллион сӯм ҷудо карда шуд. Ин дар ҳолест, ки соли 2017 маблағҳои барои таълими томактабӣ ҷудонамуда 0,7 фоизи маҳсулоти холиси дохилиро ташкил менамуд. Барои соли 2021 аз буҷа 7,3 триллион сӯм ҷудо карда шуд. Ин рақам аз рӯи фоизи маҳсулоти холиси дохилӣ баробари 1,6 мебошад.
Ҳоло андак аз овардани рақамҳо сарфи назар карда, дар бораи он маълумоти мухтасар доданием, ки дар баъзе минтақаҳои кишварамон ба ташкилотҳои таълими томактабӣ фаро гирифтани кӯдакон 100 фоизро ташкил мекунад. Инро дар мисоли кӯдакистонҳои ноҳияи Мӯйноқи Ҷумҳурии Қароқалпоқистон метавон дид. Ҳоло дар ҷумҳурӣ талоши зиёд ба харҷ дода мешавад, ки соли равон сатҳи фарогирии кӯдакон ба ташкилотҳои таълими томактабӣ бештар аз 70 фоизро ташкил намояд.
Дар солҳои 2017-2021 ин сатҳ беш аз ду баробар афзоиш ёфт. Агар дар соли 2017 дар маҷмӯъ 708 ҳазор кӯдак ба муассисаҳои томактабӣ фаро гирифта бошанд, соли 2020 ин рақам ба 1 миллиону 700 ҳазор, яъне ба 60,9 фоиз расид ва то охири ҳамон сол сатҳи фарогирии кӯдакон ба 67,2 фоиз боло рафт. Соли гузашта бошад, боз 195 ҳазор кӯдак дар муассисаҳои таълими томактабӣ ба таълиму тарбия фаро гирифта шуданд.
Раванди корҳои мо тибқи Қонун “Дар бораи таълиму тарбияи томактабӣ” сурат мегиранд. Бар асоси он ба кӯдаконе, ки ба мактаби таҳсилоти ҳамагонӣ мераванд, ҳуқуқи аввал дар муассисаҳои томактабӣ таълиму тарбия гирифтан кафолат дода мешавад. Аммо ин таълими ройгони ҳатмӣ мебошад, ки то таҳсил дар мактаби таълимоти ҳамагонӣ кӯдакон фаро гирифта мешаванд. Онҳо кӯдакони синни 6-сола буда, то охири соли гузашта сатҳи фарогирии онҳо ба 567 ҳазор нафар ё 82 фоизро ташкил намуд.
Афзоиши сол ба соли теъдоди муассисаҳои таълими томактабӣ ба як ҳолати ногузир табдил ёфтааст. Агар дар соли 2017 5 ҳазору 211 чунин муассисаҳо фаъолият карда бошад, то соли 2021 шумораи он ба 27 ҳазору 609 адад расид. Дар ин самт бахши хусусиро низ бояд мадди назар гирифт. Ба шарофати роҳандозии бахши хусусӣ шумораи ташкилотҳои таълими томактабии хусусӣ аз 250 ба 21 ҳазору 230 адад расид. Дар ин замина шумораи ташкилотҳои таълимии томактабии оилавӣ бо тарзи шарикии давлатию хусусӣ арзи вуҷуд намудаанд, ки 19 ҳазору 330 ададро ташкил мекунад.
Ногуфта намонад, 56 фоизи кӯдакони муассисаҳои таълими томактабӣ, ки дар асоси шарикии давлатию хусусӣ ташкил шудаанд, фарзандони оилаҳои аз ҷиҳати иҷтимоӣ эҳтиёҷмандро ба канор пазируфтаанд. Маблағе, ки волидайни онҳо мепардозанд, аз андозае зиёд нест, ки барои муассисаҳои таълимии томактабии давлатӣ бо шартҳои имтиёзнок муқаррар шудааст.
Албатта, барои бунёди ин муассисаҳои таълими томактабӣ 2,2 триллион сӯм қарзҳои имтиёзнок ҷудо карда шуданд. Маҳз ба шарофати ҳамин 32 фоизи кӯдаконе, ки ба муассисаҳои томактабӣ фаро гирифта шудаанд, дар муассисаҳои ғайридавлатӣ таълим мегиранд. Ин нукта низ хеле ҷолиб аст, зеро аз фароҳам овардани шароит бозгӯӣ мекунад.
Маълум аст, ки ҳар як нақшаву кори анҷомёфта бар ивази маблағҳои калон сурат мегирад. Вазорати таълими томактабӣ барои нигоҳ доштани дастгоҳи идории марказӣ 10,7 миллиард сӯм ҷудо кардааст. Дар натиҷаи гузаронидани корҳои сохтмону тармим дар 1 ҳазору 424 объект имкон фароҳам омад, ки дар байни солҳои 2018-2021 боз 73 ҳазор кӯдакон ба ин муассисаҳо пазируфта шаванд.
Барои муҷаҳҳаз намудани муассисаҳои таҳти тасарруфи вазорати таълими томактабӣ аз буҷаи давлат 181 миллиард сӯм ҷудо гардид ва иҷрои он 98 фоизро ташкил кард. Барои Хазинаи инкишофи таълими томактабӣ бошад, 103,6 миллиард сӯм ихтисос дода шуд, ки 100 фоиз мебошад.
Вақте сафари матбуотӣ ба вилояти Андиҷон журналистон бо чашмони сар диданд, ки дар вилояти Андиҷон ба ташкили кӯдакистонҳои ғайридавлатӣ то чи андоза таваҷҷуҳ зоҳир гардидааст. Дарҳақиқат, биноҳои баъзе кӯдакистонҳои хусусӣ қасри кӯчакеро мемонад, ки аз тамоми шароит ва таҷҳизоти замонавӣ бархурдор буд.
Дар ин замина ҳамин нуктаро қайд мекунам, ки 1,2 триллион барои кумак ба муассисахои томактабии ғайридавлатӣ ҷудо карда шуд ва он 100 фоиз барои иҷрои корҳо масраф гардид. Барои бо маводи таълимӣ таъмин намудани ин гуна муассисаҳои таълими томактабӣ 39,2 миллиард сӯм ҷудо карда шудааст.
Татбиқи барномаи хоси “Aqlvoy” боис гардид, ки дар ивази 2,6 миллиард сӯм автобусҳои сайёр харидорӣ шавад. Дар доираи ин барнома дар 142 ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаҳо, ки кӯдакони он ҳанӯз ба кӯдакистонҳо ҷалб нашудаанд, ба воситаи 65 автобуси мобилӣ ҳудуди 7 ҳазор кӯдак дар 387 гурӯҳ ба таълиму тарбия фаро гирифта шуданд.
Дар ҳамкорӣ бо ЮНИСЕФ – аз роҳи таҷрибавӣ дар вилоятҳои Намангон ва Хоразм шакли муқобили гурӯҳҳои муассисаҳои томактабии синну солашон гуногун роҳандозӣ гардид. Он 40 кӯдакро ба таълиму тарбияи томактабӣ фаро гирифт.
Ба курсҳои такмили ихтисос фаро гирифтани кормандони муассисаҳои таълими томактабӣ аз шартҳои зарурии як самти кори мост. Зеро замон пеш меравад ва тараққӣ мекунад. Ҳар як корманди муассисаи таълими томактабӣ низ барои ҳамқадами замон бошад, бо азхуд кардани навгониҳои фанниву технологӣ бояд касбашро такмил диҳад. Барои тайёр кардан, аз такмили ихтисос гузаштани онҳо 50,7 миллиард сӯм ихтисос ёфт ва иҷрои он 97,4 фоизро дар бар гирифт.
Дар ин замина ҳамин нуктаро тазаккур медиҳам, ки солҳои 2017-2021 дар Институти такмили ихтисос ва бозомӯзии директорон ва мутахассисони таълими томактабӣ 18 ҳазору 469 нафар дарси маҳорату малака омӯхтанд. Инчунин барои 50 ҳазор нафар курсҳои кӯтоҳмуддати такмили ихтисос ва малака роҳандозӣ гардид.
Дар айни ҳол Вазорати таълими томактабӣ бо ҳамкорони хориҷии худ 71 меморандум ба имзо расонидааст, ки рушди низоми таълими томактабиро мадди назар гирифтааст. Барои боз ҳам бештар ривоҷ ёфтани ин соҳа дар маҷмӯъ 141 миллион доллари Амрико, дар соли 2021 43,6 миллион доллар сармояҳои хориҷӣ ҷалб карда шуд. Дар доираи барномаи сармоягузорӣ давлат барои сохтмон, азнавсозӣ ва таъмири муассисаҳои томактабӣ 1,1 триллион сӯм ҷудо намуд.
Мо ба сифати таълиму тарбия аҳамияти хоса медиҳем. Аз соли таҳсили 2021-2022 дар 96 муассисаи таълимии назди Вазорати таълими томактабӣ шакли таълими рӯзона, инчунин шаклҳои таълими ғоибона ва дугона (дуалная) ҷорӣ карда шуд, ки он 11 ҳазору 300 нафарро фаро гирифт.
Дар Донишгоҳи Пучони Тошканд (Кореяи Ҷанубӣ) ва бахши тошкандии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Русия ба номи А. Гертсен ҳудуди 1 ҳазору 500 нафар ҷавонон маҳз дар равияи таълими томактабӣ таҳсил мекунанд. Агар теъдоди омӯзгорон дар низоми таълими томактаби дар соли 2017 58 ҳазору 400 нафарро ташкил кунад, дар айни ҳол ин теъдод ба 134 ҳазору 641 нафар расидааст. Ҳаҷми афзоиши кадрҳои маълумоти олӣ дар соли 2021 ба 2,2 фоиз боло рафтааст.
Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ 27 ҳазору 103 муассисаи таълими томактабӣ мавҷуд аст, ки аз он 6 ҳазору 387-тоаш давлатӣ ва 20 ҳазору 716-тоаш ғайридавлатӣ (774-то хусусӣ, 18 ҳазору 797-то оилавӣ ва 1 ҳазору 145-то муассисаҳои томактабии назди созмонҳои ҷамъиятӣ) ба қайд гирифта шудаанд. Аз 2,9 миллион нафар кӯдакони синни томактабӣ 1,9 миллион нафар ё 67 фоиз дар муассисаҳои таълими томактабӣ фаро гирифта шудаанд, ки 566 ҳазору 996 нафари онҳоро кӯдакони синни 6-сола ташкил мекунад.
Тибқи нақша ва ҳисобу китобҳои вазорат дар соли 2022 фарогирии кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ ба 70,7 фоиз расонида мешавад.
Дар баробари ин фармони Президент “Дар бораи стратегияи рушди Ӯзбекистони Нав барои солҳои 2022-2026” дар назди Вазорати таълими томактабии ҷумҳурӣ 3 вазифа гузоштааст. Аз ҷумла, то соли 2022-2023 фарогирии кӯдакони синни 6-сола бо таълиму тарбияи томактабӣ ба 90 фоиз ва то охири соли таҳсили 2024-2025 ба 100 фоиз расонида мешавад. Бо ҷалби бахши хусусӣ ба системаи таълими томактабӣ зиёда аз 7 ҳазор ташкилоти нави ғайридавлатии таълими томактабӣ таъсис меёбад. Низоми такмилёфтаи тайёрии касбӣ ва такмили маҳорати коркунони ташкилотҳои таълими томактабӣ ҷорӣ мегардад. Солҳои 2022-2026 зиёда аз 160 ҳазор кадрҳои омӯзгорӣ тайёр карда мешаванд.
Мавлуда АСҚАРХӮҶАЕВА,
роҳбари бахши ахбори Вазорати таълими
томактабии
Ҷумҳурии Ӯзбекистон.