ФАРОМӮШ МАКУН ҲАҚҚИ УСТОДИ ИЛМ...

Дар толори факултаи биологияи Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба муносибати рӯзи таваллуди фарзанди Самарқанд, собиқ корманди рӯзномаи «Овози тоҷик», адабиётшиноси соҳибзавқу соҳибҳунар, номзади илмҳои филологӣ, шодравон Абдусалом Самадов анҷуман ба вуқӯъ пайваст.

Проректори донишгоҳ Аҳмадҷон Солеев ба тадбири адабию фарҳангӣ ҳусни ифтитоҳ бахшида, риштаи суханро ба сафири Тоҷикистон дар Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода дод. Меҳмони олиқадр доир ба риштаҳои дӯстии Ӯзбекистону Тоҷикистон ва ҳамкорӣ бо соҳибҷашн хотираҳои худро нақл кард.
– Маълум аст, ки Самарқанд асрҳо инҷониб Ватани шоирону адибон, олимону донишмандон буд ва хоҳад монд, – иброз дошт нотиқ, – омӯхтани ҳаёти онҳо дар маркази диққати пажӯҳишгарон буд, ки яке аз онҳо Абдусалом Самадов мебошад. Вай дар радифи ихлосмандони каломи бадеъ аз устодони хеш академик Ботурхон Валихоҷаев, профессорон: Раҳим Муқимов, Шавкат Шукуров, Талъат Абдуҷабборов ва дигарон таълим гирифта, корҳои онҳоро идома додааст.
Ман хушҳол ҳастам, ки ҳар ду ҳамкории илмӣ-фарҳангӣ доштем.
Устоди арҷманду борикназар бо қалами рангини худ на танҳо саҳифаи эҷодии илму адаби тоҷику ӯзбек, балки осори гаронбаҳои чеҳраҳои маъруфу машҳури адабиёти рус ва дигар миллатҳои дунёро ба қалам додааст.
Сад дареғ, ки ҳоло ӯ дар байни мо нест, аммо хотири некаш ҳамеша бо мост.
Инчунин, профессори Донишгоҳи давлатии Самарқанд Суюн Каримов, доктори илмҳои филологӣ, профессори Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон Холмуҳаммад Ёров, ноиб-президенти академияи «Турон» Фарҳод Аҳмадҷонов, муҳаррири «Гулобод тонги» Нормурод Каримзода ва дигарон ба минбар баромада, доир ба ҳаёту фаъолияти соҳибҷашн ҳарф заданд.
Ба меҳмонону мизбонон китоби «Хотира абадӣ – қадр муқаддас» тақдим шуд, ки доир ба фаъолияти эҷодии адабиётшинос Абдусалом Самадов бахшида шудааст.

Зоҳир ҲАСАНЗОДА, 
хабарнигори 
«Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: