ФАРОВОНИИ МАРДУМ – ВАЗИФАИ МУҲИМ

Шаҳру деҳоти вилояти Андиҷон намои тоза касб менамояд.

Шаҳру деҳоти вилояти Андиҷон намои тоза касб менамояд. Татбиқи лоиҳаҳои зиёд барои пешрафту тараққӣ намудани ин вилоят омили асосӣ мебошад. Дар шароити пандемия таъмини мардум бо маҳсулоти хӯрокворӣ аз вазифаҳои аввалдараҷа муқаррар шудааст. Тасдиқи қарор “Дар бораи таъмини амнияти хӯрокворӣ ва чорабиниҳо барои барқарории нархи наво дар бозорҳои дохилӣ” мусоидат намудааст, ки дар назди ҳокимияти вилоят хазинаи “Таъмини бехатарии хӯрокворӣ дар вилояти Андиҷон” созмон дода шавад ва дар ин замина аз ҳисоби буҷаи маҳаллӣ ҳашт миллиард сӯм ихтисос ёбад.
Барои ба амал баровардани ин нақшаҳо Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди “Фаровон юрт-савдо-файз” ва хоҷагии фермерии “Темурмалик бурдоқичилик” як миллиард сӯм, Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди “Имрон-экспорт-торг” як миллиарду ҳафтсад миллион сӯм қарзҳои имтиёзнок ба даст дароварданд. Ин ҷамъиятҳо аҳолиро бо гӯшт ва равған таъмин мекунанд.
Дар вилоят таъмини мардум бо картошка ва шакар низ дар радифи аввал қарор дода шудааст. Ҷудо намудани ҳудуди панҷумин ҳазор миллиард сӯм имкон фароҳам овард, ки ба дастархони аҳолии вилоят бо нархи арзон 1 ҳазору 467 тонна картошка, 150 тонна шакар, 130 тонна равғани растанӣ ва 20 тонна гӯшт пешкаш гардад.
Гузашта аз ин, аз ҳисоби маблағи барои кредит ихтисосдодашуда ба аҳолии шаҳраку деҳот 17 ҳазор сар буз, 5 миллион сар парранда ва 66 ҳазор сар харгӯш тақсим намуданд. Ин кор дар шароити пахши пандемия барои бо маблағ таъмин кардани аҳолии бекор, хонаводаҳои камбизоат ва эҳтиёҷманд хеле мусоидат намуд. Аз Олмон, Австрия, Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, кишварҳои назди Балтика ва Украина шаш ҳазор сар чорвои наслдор оварданд ва парвариши ин чорворо ба роҳ монданд.
Дар вилоят ба ривоҷу равнақи соҳаи моҳидорӣ низ аҳамияти хоса дода мешавад. Соли 2020 хоҷагиҳо 108 лоиҳаро маҳз дар ҳамин замина мавриди татбиқ қарор доданд. 143 гектар майдон бар асоси истифода аз усули интенсив ва технологияи Чин барои моҳипарварӣ ихтисос дода шуд. Дар ҳавзҳои ҳар кадомаш як гектар то 100 тоннагӣ моҳӣ парвариш карда шуд. Ба таври мисол, дар ноҳияи Улуғнор бар асоси чунин лоиҳаҳо 84 гектар ҳавзҳои интенсиви моҳипарварӣ ташкил намуданд.  Дар бобати таъмини аҳолии вилоят бо тухм, асал ва шир низ корҳои зиёд анҷом пазируфтанд. 
Ҷанбаи дигари корро бо манзил таъмин кардани аҳолӣ ташкил мекунад. Бунёди хонаҳои баландошёна  ва объектҳои иҷтимоӣ мувофиқи нақша ба роҳ монда мешавад. Дар айни ҳол 1 ҳазору 713 хонаи баландошёна мавҷуданд. Соли равон дар 77 хонаи баландошёна иҷрои корҳои тармиму бозсозӣ барномарезӣ шуда буд. Аммо ин рақам ба даҳ адад боло рафт.
Тармими боми хонаҳо, даромадгоҳҳо, насби дари оҳанин ва тирезаҳо аз шумори корҳое мебошанд, ки бо сифати баланд анҷом дода шуданд. Дар мавзеъҳои истиқоматӣ корҳои зиёди ободонӣ низ пиёда гардид. Барои иҷрои он аз буҷаи вилоят дастикам 7 миллиард сӯм маблағ ҷудо карда шуд. Ба ин васила шароити зисти беш аз бист ҳазор аҳолӣ хеле беҳбуд ёфт.
Солҳои дароз сохтори гармидиҳии объектҳои иҷтимоӣ ба тармим ниёз пайдо карда буд. 110 чунин объект аз тармими куллӣ бароварда шуд ва аҳолии маскуни он зимистонро дар хонаҳои гарм сипарӣ мекунанд. Таъмини эҳтиёҷи қишри аҳолие, ки аз ин шароит бархурдор намебошанд, аз роҳи расондани 145 ҳазор тонна ангишт сурат гирифт. Дар айни ҳол беш аз нӯҳ ҳазор тонна ангиштро захира кардаанд, ки дар сурати пайдо шудани зарурат ба эҳтиёҷмандон тақсим карда мешавад.
Кишоварзони вилоят дар майдони 80 ҳазор гектар пахта парвариш намуданд ва ба ҷои 252 ҳазор тоннаи нақшаи шартномавӣ 268 тонна ҳосил ба даст оварданд. Аксари ин корҳо бо усули кластер ба ҷо оварда шуд ва дар заминаи он ҳосилнокӣ нисбат ба солҳои пеш хеле афзоиш ёфт.
Ҳоло дар вилояти Андиҷон  майдонҳои зиёд дар ихтиёри даҳ корхонаи кластери пахтаву бофандагӣ қарор дорад. Ин корхонаҳои кластерӣ бо хоҷагиҳои фермерӣ шартнома баста, онҳоро бо маводи зарурӣ таъмин намуданд. Дар натиҷа аз майдонҳо ҳосили фаровони пахта рӯёнда шуд. 
Ғайр аз ин, бо иқдоми корхонаҳои кластерӣ хоҷагиҳои фермерӣ бо 530 техникаи замонавӣ таъмин гардиданд. Дараҷаи ҳосилнокии  пахта аз 32 сентнерӣ ба 34 сентнерӣ боло рафт. 
Ногуфта намонад, ки дар вилоят ба парвариши боғу истеҳсоли маҳсулоти зироат, аз ҷумла сабзавот низ таваҷҷӯҳ сол аз сол меафзояд. Соли 2020 аз 156 ҳазор гектар 1 миллиону 936 тонна меваву сабзавот рӯёнда шуд. Як қисми он содир гардид ва даромаду маишати мардум аз ин ҳисоб хеле беҳбуд ёфт.
Барои бо варзиш машғул шудани ҷавонон шароити созгор офарида мешавад. Дар айни ҳол вилоят дорои 4 ҳазору 257 иншооти варзишӣ мебошад. Ин иншооти варзишӣ ҳудуди 590 ҳазор нафарро гирдиҳам овардаанд. Бештари аҳолии ба варзиш машғулро ҷавонон ташкил медиҳад. Барои ҳамин дар вилоят як идда ҷавонон ба воя расидаанд, ки шӯҳрати Ватани азизамонро дар арсаи байналмилалӣ боло мебаранд.

Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири “Овози тоҷик”.

Вилояти АНДИҶОН. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: