Фароҳам овардани шароити муносиб барои занону духтарони мамлакат ҳамеша дар мадди назари мост

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бахшида ба Рӯзи байналхалқии занону духтарон

Ассалому алейкум, модарони муҳтарам!

Хоҳарони меҳрубон!

Духтарони нозанини ман!

Пеш аз ҳама шумо ва дар шахси шумо кулли занону духтарони Ӯзбекистонро бо ҷашни 8 март аз таҳти дил муборакбод менамоям. Ба ҳамаатон эҳтироми баланд ва орзуҳои беҳтарини худро изҳор менамоям.

Мо ин ҷашни муборакро ҳамеша бо шодиву нишоти зиёд интизорӣ мекашем. Зеро ин айёми пуршукӯҳ ба кишвари мо бо худ фасли навсозиву навофарӣ – мавсими баҳорро меоварад. Ин ҷашн имкон медиҳад, ки бори дигар ҳурмату эҳтироми самимӣ ва меҳру муҳаббати худро, ки дар дилҳоямон нисбати шумо – азизон ҷӯш мезананд, ифода намоем.

Табиист, ки дар ин рӯз ҳар кадоми мо бо эҳсоси беандозаи сипос дар ҳаққи зан, ки муъҷизаи бузургтарини Худованд аст, нисбати  хоҳарони қадрдон, духтарони нозанинамон суханони беҳтарини қалби худро изҳор медорем.

Мо шуморо, пеш аз ҳама, тимсоли фидокорӣ медонем. Барои қалби кушод, ақлу заковат, муҳаббат ва садоқататон аз шумо як умр қарздорем.

Барои бунёди Ӯзбекистони Нав, тарбия намудани насли ҷавон, ки офарандагони Эҳёи Сеюм ба шумор мераванд, мо ба фазилатҳои бузурги мураббиёнаи шумо такя мекунем.

Хоҳарони қадрдон!

Мо медонем, ки бобати дар мамлакат бунёд намудани ҳаёти озоду фаровон, ҷомеаи демократӣ ва барои аҳли олам рӯшод дар қатори тамоми халқамон занону духтаронамон низ саҳми беқиёс мегузоранд, мо инро бағоят қадр мекунем. Иҷозат диҳед дар ҳамин бобат баъзе рақамҳоро ба забон оварам.

Саҳми бонувони боэҳтироми мо, ки ҳоли ҳозир дар соҳаи тиббиёти кишвар фидокорона кор мекунанд, 77 фоиз, дар соҳаи таълим 74, дар соҳаҳои иқтисодиёт ва саноат бошад, 46 фоизро ташкил медиҳад.

Агар соли 2017-ум саҳми занону духтарон дар соҳаи идоракунӣ 27 фоизро ташкил дода бошад, айни ҳол ин рақам ба 33 фоиз расид, дар сафи ҳизбҳои сиёсӣ аз 40  ба 47,  дар ҷабҳаи соҳибкорӣ бошад аз 21 ба 37 фоиз афзуд.

Тақрибан 2 ҳазор нафар бонувони босавод, ташаббускор ва фаъоли мо дар вазифаҳои роҳбарӣ кор мекунанд. Аз ҷумла, 33 фоизи депутатҳои Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис, 25 фоизи аъзои Сенат ва депутатҳои шӯроҳои маҳаллӣ занон ба шумор мераванд, ки боиси зикр аст. Барои хидматҳои муносибашон дар назди Ватан ва халқ 17 нафар бонувони мо сазовори мукофоти олитарин, унвони «Қаҳрамони Ӯзбекистон» гардидаанд. Дар байни занону бонувон 5 нафар академик дорем, танҳо дар муассисаҳои таълими олӣ беш аз 700 нафар докторони илм, тақрибан 3 ҳазор номзади илм кор мекунанд, ҳамчунин бонувоне ҳастанд, ки соҳиби унвонҳои ифтихории «Шоири халқии Ӯзбекистон», «Ҳунарпешаи халқӣ», «Омӯзгори халқӣ» ва ғайра шудаанд.

Агар чунин модарону хоҳарони фидокорро захираи тиллоии Ӯзбекистони Нав номем, аз ҳар ҷиҳат дуруст аст.

Муҳтарам иштирокдорони анҷуман!

Дар мамлакат барои беҳтар кардани шароити зиндагӣ ва меҳнати занону духтарон, ҳаллу фасл намудани мушкилоти иҷтимоии онҳо аҳамияти доимӣ дода мешавад.

Бо ин мақсад соли гузашта 872 ҳазор нафар бонувон бо кор таъмин гардиданд. Ба беш аз 233 ҳазор нафар занон ба маблағи 4 триллиону 700 миллиард сӯм вом ҷудо карда шуд.

252 ҳазор нафар хоҳарони мо касбу ҳунарҳоеро, ки дар бозори меҳнат харидоргир мебошанд, ҳамчунин тарзи соҳибкориро омӯхтанд.

Хабар доред, ки мо барои ҳаллу фасли мушкилоти манзили халқ, бахусус хоҳаронамон, ки онҳоро муддати мадид азият медиҳанд, барномаи бузургро татбиқ менамоем. Агар соли 2017-ум дар тамоми мамлакат 191 адад хонаҳои бисёрошёнаи тақрибан дорои 8 ҳазор ҳуҷра сохта шуда бошад, соли гузашта, мехоҳам ба ин эътибор диҳед, 1433 манзили дорои 56 ҳазор ҳуҷра бунёд гардид. Соли равон бошад, боз барои 90 ҳазор оила хонаву манзил барпо шуд.

Соли гузашта шароити манзили анқариб 14 ҳазор нафар хоҳарони мо беҳтар гардид, пардохти иҷораи тақрибан 70 ҳазор бонувони эҳтиёҷманд сарпур карда шуд. Мо бо чунин амалҳои нек ба оилаҳои зиёд шодиву хурсандӣ ато кардем, дараҷа ва сифати ҳаёти бисёр одамон беҳтар гардид, рӯҳи ҳазорҳо занони мо бардошта, эътимоди онҳо ба фардои зиндагӣ мустаҳкам шуд, ки барои мо натиҷаи аз ҳама муҳим аст.

Солҳои охир дар доираи «Дафтари бонувон» низ чораҳои муҳим андешида мешаванд. Дар муддати кӯтоҳ ба тақрибан 642 ҳазор нафар хоҳарони мо кумаки амалӣ расонида шуд, ки аз миқёси бузурги корҳои мо дар ин бобат далолат медиҳанд.

Барои ҳифзи саломатии занону духтарон ва модару кӯдак, бо мақсади беҳтар намудани генофонди миллӣ соли гузашта 9 миллион нафар занон аз назорати тиббӣ гузаронида шуданд. Беш аз 3 миллион нафари онҳо дар шароити амбулаторӣ, 347 ҳазор бошад, дар шакли статсионарӣ табобат гирифтанд.

Дар мамлакат ба соҳиби таълиму тарбияи босифат гардидани занону духтарон эътибори махсус дода мешавад. Агар ба таъбири ниёи мутафаккири ҷадиди мо Абдурауф Фитрат гӯем, «Модарон мураббиёни кулли башарият мебошанд».

Воқеан, агар дар оила як нафар духтар соҳиби маълумоти олӣ, ё худ дорои касбу ҳунари замонавӣ гардад, муҳити ин хонавода куллан тағйир меёбад. Мо ба ин мақсад бобати дастгирӣ кардани таълиму тарбияи занону духтарон дастури муҳимро қабул кардем. Барои муқоиса мисоле меоварам.

Агар 6 сол пеш дар мактабҳои олӣ 110 ҳазор бонувону духтарон таҳсил гирифта бошанд, ҳоли ҳозир ин рақам тақрибан 5 баробар афзуд ва 500 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Ҳамин тариқ имрӯз дар байни донишҷӯёне, ки таълими олӣ мегиранд,  саҳми духтарон ба 50 фоиз расид, ки натиҷаи дар таърихи мо мушоҳида нашуда мебошад.

Бинобар тартиби нав ба беш аз 10 ҳазор толибае, ки дар магистратура мехонанд, зиёда аз 68 миллиард сӯм маблағи қарордодӣ аз ҷониби давлат пардохта мешавад. Ба зиёда аз 65 ҳазор духтарони донишҷӯ анқариб 727 миллиард сӯмина воми таълимии бидуни фоиз ҷудо карда шуд.

Тақрибан 2 ҳазор духтароне, ки дар оилаҳои эҳтиёҷманд зиндагӣ доранд, ҳамчунин зиёда аз 500 нафар бонувоне, ки дорои собиқаи панҷсолаи меҳнатӣ оид ба ихтисос нестанд, ба мактабҳои олӣ дар асоси квотаи махсус қабул карда шуданд.

Алҳол, ки дар олам инқирози амиқи иқтисодӣ идома дорад, бо вуҷуди душвориҳо, шубҳае нест, ки саъю кӯшишҳоямон барои дарёфти маблағ ва имкониятҳои зарурӣ натиҷаи худро медиҳанд. Дар байни бонувону духтароне, ки дар мактабҳои олӣ таҳсил мегиранд, арбобони илму фан, сиёсат ва ҷамъият, намояндагони машҳури маданият, санъат ва варзиш ба воя хоҳанд расид, ман ба ин бовар дорам.

Хоҳарони азиз!

Солҳои охир овози занону духтарони Ӯзбекистон аз минбарҳои байналмилалӣ низ баланд садо медиҳад, ки ин ҳамаи моро хурсанд мекунад. Хабар доред, ки онҳо дар сохторҳои минтақавиву байналхалқӣ, ҷамъомад ва анҷуманҳои бонуфуз фаъолона ширкат меварзанд.

Ҳангоми дар ин бобат сухан гуфтан бояд таъкид кард, ки соли 2020 ба мулоқоти бонувони пешқадами кишварҳои Осиёи Марказӣ дар кишвари мо асос гузошта шуд. Соли гузашта бошад, дар Тошканд анҷумани занону духтарони Созмони ҳамкории Шанхай баргузор гардид. Ҳамаи ин ҷамъомадҳо барои дар миқёси минтақавӣ ва байналмилалӣ баррасӣ намудани мушкилоти занону духтарон, пеш гузоштани ташаббусҳои нав баҳри ҳаллу фасли онҳо имкон медиҳанд.

Аз фурсат истифода бурда, сафирони муҳтарами давлатҳои хориҷӣ ва вакилони созмонҳои байналхалқиро, ки чунин саъю ҳаракатҳои моро дастгирӣ мекунанд, низ самимона муборакбод менамоям. Ҳамаи мо аз таҳти дил ба кишвар ва халқҳои онҳо оромиву фаровонӣ орзу мекунем.

Ҳамватанони гиромӣ!

Дар ин маврид мехостам як нияти некеро, ки дар дил дорам, ба шумо – азизон изҳор намоям.

Мо дар Ӯзбекистон чӣ гуна қонун ва қарорҳоро қабул накунем, чи ислоҳотро ба ҳаёт ҷорӣ нанамоем, дар пеши назари ман ҳамчун роҳбари давлат, пеш аз ҳама, симои модарони мунис, хоҳарони меҳрубон, ғаму ташвишҳои онҳо падидор мегарданд.

Барои дар муҳити оила орому осуда, сиҳҳату саломат, фаровон ва хушбахт зиндагӣ кардани шумо, азизон, барои дар ҳаёти ҷомеа фаъол иштирок намудани шумо хидмат карданро ман нафақат вазифаи асосӣ, балки қарзи пуршарафи худ медонам. Зеро агар модарони мо, ки такягоҳи хонавода, сутуни ҷамъият ба шумор мераванд, бонувонамон аз ҳаёти худ розӣ бошанд, тамоми халқи мо аз зиндагии худ розӣ хоҳад шуд. Халқ розӣ бошад, Худованд низ аз мо розӣ мегардад.

Огоҳ ҳастед, ки созмони занону духтарони ҷумҳурӣ айни замон ба сифати Кумитаи оила ва занону духтарон бо мазмуни нав фаъолият мебарад. Доираи ваколат ва фаъолияти кумита васеъ гардида, ба ҳайати он кадрҳои нави дорои дониш ва таҷрибаи ғанӣ ҷалб шудаанд. Аз ҷумла, дар таърихамон бори аввал дар зинаи поёнтарин – беш аз 9 ҳазору 400 маҳалла вазифаҳои фаъолони занону духтарон, ки ба ҳаллу фасли мушкилоти занон кумак мерасонад, ҷорӣ карда шуданд.

Ҳамаи ин барои ба такягоҳу пуштбони воқеии занони Ӯзбекистон табдил ёфтани Кумитаи оила ва занону духтарон хидмат хоҳад кард.

Ҳамватанони муҳтарам!

Равшан аст, ки дар арафаи ин ҷашни муборак ба духтарони соҳибистеъдоде, ки дар соҳаҳои  гуногун ба натиҷаҳои муҳими аввалин муваффақ шудаанд, ҷоизаҳои давлатии ба номи Зулфия супурда мешаванд, ки ба анъанаи нек табдил ёфтааст. Имрӯз боз ба 28 нафар духтарони донову соҳибистеъдоди мо, ки ба сифати пайравони муносиби Зулфияхонум эътироф шудаанд, чунин мукофотҳоро месупорем.

Шумо, духтарони азизамро бо ин натиҷаи аввалини ҳаётатон аз таҳти дил муборакбод намуда, барои ҳамаатон комёбиҳои нав ба нав орзу мекунам.

Дар ин рӯзи нишот як гурӯҳ занони боэҳтироми мо, ки дар соҳаҳои худ ба натиҷаҳои ибратбахш муваффақ гардида, дар ҳаёти давлат ва ҷамъият фаъол иштирок мекунанд, барои дар рӯҳи ватанпарварона тарбия намудани ҷавонон саҳми муносиб мегузоранд, бо орден ва медалҳои олии давлатамон қадр карда шуданд.

Аз фурсат истифода бурда, ҳамаи онҳоро самимона табрику таҳният мегӯям.

Ҳамдиёрони азиз ва гиромӣ!

Дар ин замони бағоят мушкил ва мураккаб мо дар назди худ вазифаҳои бузург гузоштаем. Бешубҳа, иҷрои онҳо осон нест. Аммо дар ин роҳи пуршараф халқи мард ва баландҳиммат, модарони муҳтарам, хоҳарони азиз дорем, ки бароямон нерӯву мадади бемисл мерасонанд ва мо бо дастгирии онҳо, албатта, ба мақсади худ мерасем.

Ҳама дар якҷоягӣ Ӯзбекистони Навро бунёд мекунем! Ба шумо, ба кулли занони мамлакат сиҳативу саломатӣ, бахти оилавӣ, ба хонаводаи ҳар кадоми шумо файзу барака таманно дорам.

Ҷашни хуҷастаи шумо муборак бод!

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: