ФАРОҲАМ ОВАРДАНИ ШАРОИТҲОИ САЗОВОРИ ЗИНДАГӢ БАРОИ АҲОЛӢ БОЯД ВАЗИФАИ АСОСИИ ТАМОМИ РОҲБАРОН БОШАД

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев барои шиносоӣ бо ҷараёни татбиқшавии ислоҳоти иҷтимоиву иқтисодӣ дар маҳалҳо, корҳои созандагӣ ва лоиҳаҳои бузурге, ки амалӣ мешаванд, ҳамчунин мулоқот бо халқ 30-31 январ аз вилояти Ҷиззах боздид ба амал овард.

Ҳамватанони мо сафарҳои роҳбари давлатро ба минтақаҳо бо рағбати зиёд мушоҳида менамоянд. Зеро дар ҷараёни онҳо мулоқот бо халқ ба миён меояд, масъалаҳо ва мушкилоти рӯзмарра ҳаллу фасл мешаванд, татбиқшавии ғоя ва ташаббусҳои нав такони пурқувват мегиранд.
Сафари индафъаинаи Президент ба Ҷиззах низ бо чунин кайфияти болида оғоз ёфт.
Шавкат Мирзиёев аз ноҳияи Фориш боздид ба амал овард ва ба майдоне рафт, ки дар он ҷо барои сохтмони нирӯгоҳи барқии атомӣ корҳои муҳандисӣ ҷараён доранд.
Тавре ки маълум аст дар мамлакати мо сохтмони аввалин нирӯгоҳи барқии атомӣ ба нақша гирифта шудааст. Мувофиқи фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои истифодаи нирӯи атомӣ ба мақсади сулҳхоҳона Оҷонсии оид ба рушди энергетикаи атомии назди Девони Вазирон ташкил гардид. Дар ин бобат бо корпоратсияи «Росатом», ки дар ҷаҳон бино бар миқдор ва миқёси лоиҳаҳои хориҷӣ ҷойи аввалро ишғол мекунад, муоҳидаи дахлдор ба имзо расид.
Нирӯгоҳи барқии атомӣ аз ду блоки замонавитарини энергетикии ВВЭР-1200-и навъи «3+»-и иқтидори ҳар кадомаш 1200 мегаватт иборат буда, ба тамоми талаботи оид ба бехатарии Оҷонсии байналхалқӣ доир ба энергияи атомӣ ҷавобгӯ мебошад.
Дар натиҷаи ба истифода супурдани ин нирӯгоҳи барқии атомӣ миллиардҳо метри мукааб гази табиӣ сарфа хоҳад шуд. Миқдори партовҳои гази ангидриди карбон ба ҳаво соле то 14 миллион тонна ва оксидҳои азот 36 ҳазор тонна коҳиш меёбанд. Президент ба ҷараёни корҳо рағбат зоҳир намуд, бо роҳбарони оҷонсии «Ӯзатом» ва корпоратсияи «Росатом» ҳамсуҳбат шуд.
Ин лоиҳаи бузург самти нави шарикии стратегӣ бо Русия ба шумор меравад. Саноати мамлакати мо инкишоф меёбад, миқдори аҳолӣ меафзояд. Дар оянда бисёр нақшаҳои бузург татбиқ хоҳанд шуд. Барои ҳамаи ин ба мо таъминоти муттасил бо энергетика зарур аст. Ин имкониятро дар шароити маҳдуд шудани манбаъҳои энергетикӣ ба мо истгоҳи барқии атомӣ, ки ба рушди минбаъдаи иқтисодиёт ва бошуғлфарогирии аҳолӣ хидмат мекунад, фароҳам хоҳад овард, гуфт роҳбари давлат.
Зарурияти дар пояи ҳисобу китобҳои дақиқ ва тайёрии ҳамаҷониба, омӯхтани таҷрибаи хориҷӣ бобати бунёди чунин иншоот сохта шудани нирӯгоҳи барқии атомӣ зикр гардид.
Нирӯгоҳи барқии атомии мо, нисбат ба нирӯгоҳҳои дигар бояд беҳтар, беш аз пеш босифат ва бехатар бошад, таъкид кард Шавкат Мирзиёев.
Дар бораи кори оид ба тайёр кардани кадрҳои соҳавӣ изҳори ақида шуд. Ҳоли ҳозир 30 донишҷӯи ӯзбекистонӣ дар Донишгоҳи миллии тадқиқотии ядроии «Донишкадаи муҳандисиву физикавии Маскав» таълим мегиранд. Дар соли таҳсили нав бахши Донишкадаи муҳандисиву физикавии Маскав аввалин донишҷӯёнро қабул мекунад, ки он дар Тошканд ташкил хоҳад ёфт. Хатмкардагони ин мактабҳои олӣ мутахассисони баландихтисос мешаванд ва метавонанд кори бехатари нирӯгоҳи барқии атомиро таъмин кунанд.
Дар ҳамин ҷо муаррифии лоиҳаҳо оид ба вусъат додани пойгоҳи минераливу ашёи хоми вилояти Ҷиззах, рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Фориш, истифодаи самарабахши имкониятҳои сайёҳӣ ва заминҳои лалмӣ ба вуқӯъ омад.
Фориш яке аз ноҳияҳои дорои имкониятҳои бузург ба шумор меравад. Вале алҳол он аз минтақаҳои дигар каме қафо мондааст. Имкониятҳои онро дар хоҷагии қишлоқ, геология, ҷанбаи коркард дуруст ба роҳ монда, иқтисодиёти ноҳияро метавон чандин баробар инкишоф дод, гуфт Президент.
Чунончи, дар вилояти Ҷиззах конҳои сарватманди базалт (рухом), синк (руҳ), свинс (сурб), симон, гипс (гаҷ), кварс, сангҳои ороишӣ ва захираҳои дигари табиӣ мавҷуданд. Қайд гардид, ки аз худ кардани онҳо дар пояи таҳлили андешидашудаи иқтисодӣ ва геологӣ имкон медиҳад даромади аҳолӣ афзояд ва вай бо кор таъмин гардад. Зарурияти дар ин маврид истифода бурдани минтақаи озоди иқтисодии «Ҷиззах», ҷалби васеи соҳибкорон таъкид шуд.
Ҳудуди васеъ боз як бартарии ноҳияи Фориш ба шумор меравад. Мувофиқи супорише, ки дар ҷараёни сафари пештара дода шуда буд, дар ин ҷо бобати ҷамъ овардан ва сарфа намудани об чораҳо андешида шуданд. Дар натиҷа имконпазир гардид, бар илова 50 ҳазор гектар заминҳои барои кишту кор мувофиқ азхуд шаванд. Президент таъкид кард, ки пештар ин заминҳо барои хоҷагии қишлоқ истифода намешуданд, бобати дар онҳо парвариш намудани зироати бозоргир ва аз ин ҳисоб афзудани даромади аҳолӣ супоришот дода шуданд.
Ҳамчунин зарурияти вусъат додани парвариши моҳӣ дар ҳавзҳои вилоят, рушди чорвопарварӣ дар ноҳияҳои даштӣ, ташкил кардани корхонаҳои коркарди ширу пашм таъкид шуд.
Роҳбари давлат бо оқсақолони Ҷиззах ҳамсуҳбат гардид.
Дар мулоқот аз хусуси корҳое, ки бино бар тағйироти сохтории иқтисодиёти мамлакат, баланд бардоштани сатҳи ҳаёти аҳолӣ амалӣ мешаванд, сухан рафт.
Дар тамоми гӯшаю канорҳои мамлакати мо корхона, хона, мактабҳои нав бунёд меёбанд. Шароит беҳтар мегардад, талабот ба ҳаёти сазовор меафзояд. Барои  ин  талаботро қонеъ кардан мо сарватҳои табиии худро истифода мебарем, вале бояд гуфт, ки захираҳо ҳам беинтиҳо нестанд. Бино бар ҳамин ҳам моро лозим аст, ки манбаъҳои муқобили энергияро фароҳам оварем, гуфт Шавкат Мирзиёев.
Таъкид гардид, ки ҳангоми сохтмони нирӯгоҳи барқии атомӣ тамоми талаботи байналхалқӣ қатъиян риоя мешаванд, чунин нирӯгоҳҳо дар бисёр кишварҳои ҷаҳон васеъ истифода мешаванд.
– Мо ба татбиқ кардани лоиҳаи мазкур баъди пурра ба бехатарии он бовар кардан ва омӯхтани зарурияти иқтисодӣ оғоз менамоем. Агар дар бораи фардо имрӯз фикр накунем, аз пешрафт ақиб мемонем, гуфт Президент.
Президент Шавкат Мирзиёев бо кори корхонаи муштараки «Mega Invest Industrial», ки дар ноҳияи Фориш амал мекунад ва ба истеҳсоли нахи базалтӣ ва арматура аз он ихтисос дорад, шинос гардид.
Дар корхонае, ки фаъолияти худро моҳи декабри соли 2017-ум оғоз карда буд, ҳоли ҳозир аз се навбати он ду навбат ба истифода супурда шуд, ки барои ин аз ҷониби ширкати сармоявии «Leign Barrier»-и Британия дар ҳаҷми 11 миллион доллар ва воми бонкӣ ба миқдори 26 миллион доллар равона гардид. Технологияҳои инноватсионии Олмон, Фаронса, Италия, Русия, Туркия ва кишварҳои дигар ҷорӣ карда шуданд. Дар натиҷа 225 нафар бо кор таъмин гардиданд.
Соли 2018-ум корхона ҳазор тонна арматура ва тӯри базалтӣ истеҳсол намуд. Вай бо иқтидори комили худ метавонад соле чаҳор ҳазор тонна нахи базалтӣ ва 4,8 ҳазор тонна арматура истеҳсол намояд.
Бартарии арматураи базалтӣ дар он аст, ки вай нисбат ба арматураи филизотӣ ҳашт баробар сабук, се баробар мустаҳкам ва 30 фоиз арзон аст. Зиёда аз ин он занг намезанад, ҷараёни электриро намегузаронад ва то сад сол хосияти худро гум намекунад. Корхонаи мазкур бино бар соҳа дар минтақаи мо ягона буда, дар кишварҳои ИДМ дувумин ба шумор меравад.
Роҳбари давлат бо ҷараёнҳои технологии корхона шинос шуд. Бобати зиёд кардани ҳаҷми истеҳсолот, баланд бардоштани сифат ва коҳиш додани арзиши маҳсулот фармоишҳо дод.
Дар нимаи дувуми рӯз Президент ба ноҳияи Мирзочӯл рафт.
Роҳбари давлат бо корҳое, ки дар доираи барномаи «Обод қишлоқ» дар маҳаллаи «Ғалаба»-и ноҳияи Мирзочӯл амалӣ шудаанд, шинос гардид.
Солҳои тӯлонӣ ин ноҳияи даштӣ аз мадди эътибор берун монда буд. Инфрасохтори хароб, ҳолати ғамовари иншооти иҷтимоӣ ба фарвонҳолии мардум таъсири нохуш мерасониданд.
Баъди бо ташаббуси роҳбари давлат қабул гардидани барномаи «Обод қишлоқ» дар маҳаллаи «Ғалаба» низ корҳои ободонӣ татбиқ гардиданд. Манзилҳо, иншооти нави иҷтимоӣ бунёд шуда, роҳҳо обод ва инфрасохтори кӯчаҳо беҳтар гардид. Ҳоло ин ҷо симои нав пайдо кардааст.
Шавкат Мирзиёев ба фаъолияти ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Мирзочӯл тикувчилик мажмуаси» шинос шуд.
Дар доираи барномаи зикршуда бинои холии собиқ корхонаи пахтатозакунӣ таҷдид ва муҷаҳҳаз гардид, ки барои ин се миллиард сӯм равона шуд, ҷойҳои корӣ фароҳам омаданд.
Бо кӯмаки ассотсиатсияи «Тадбиркор аёл» соҳибхоназанҳо аз оилаҳое, ки аз хонаҳои кӯҳнаи намунаи барак ба манзилҳои нави замонавӣ кӯчида буданд, ҳамчунин хатмкардагони коллеҷҳо кори дӯзандагиро омӯхтанд. Онҳо дар корхона ба кор ҷалб гардиданд.
Ҳоли ҳозир ҷамоа барои корхонаҳои низоми ҷамъияти саҳҳомии «Ӯзпахтасаноат» ва ғайра сару либосҳои махсуси корӣ медӯзад. Ҳамчунин аз матои ҷинсӣ сару либосҳои мардона ва занона тайёр карда мешавад.
Кори минбаъд ободкунии Мирзочӯлро мунтазам идома медиҳем. Мақсади мо одамонро розӣ кардан, барои ҳаёти онҳо шароитҳои мусоид фароҳам овардан мебошад, гуфт роҳбари давлат.
Президент аз хонаи Мақсуд Мисиров, ки дар кӯчаи Барокати маҳаллаи «Ғалаба» зиндагӣ мекунад, боздид ба амал овард. Оиларо бо хонаи нав муборакбод намуд. Ҳамсари М.Мисиров Маърифат Ҳайдарова ва духтараш Моҳигул Мелиқулова дар ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Мирзочӯл тикувчилик мажмуаси» кор мекунанд. Аҳли хонавода ба роҳбари давлати мо барои фароҳам овардани шароитҳои замонавии ҳаёт ва меҳнати сокинони ноҳия миннатдорӣ баён карданд.
Президент бо фаъолияти Маркази миллию фарҳангии ӯзбеку қазоқ дар ноҳияи Мирзочӯл ошно шуд.
Барои ҳамватанони миллаташон қазоқи мо, ки дар Мирзочӯл зисту зиндагӣ мекунанд, барои нигоҳ доштан ва инкишоф додани урфу одат ва анъанаҳояшон тамоми шароитҳои зарурӣ фароҳам оварда шудаанд. Дар ин ҷо, аз ҷумла, театри миллии қазоқӣ ташкил гардидааст. Ба қарибӣ бинои театр таҷдид шуд ва симои зебо гирифт. Фаъолияти маҳфилҳои мусиқӣ, рақс, сурудҳои миллӣ, санъати тасвирӣ ба роҳ монда шудаанд.
Созмон дода шудани Маркази милливу фарҳангии ӯзбеку қазоқ боз як таҷассуми дӯстии байни халқҳои мо гардид. Дар марказ ба беҳтар намудани робитаҳои фарҳангӣ, тарбияи ҷавонон дар рӯҳи дӯстии байналмилалӣ эътибори махсус дода мешавад.
Президент махсус таъкид сохт, ки эҳёи театр ва кушода шудани Маркази милливу фарҳангии ӯзбеку қазоқ дар таҳкими робитаҳои байни халқҳои бародар нақши муҳим хоҳанд бозид. Вай зикр намуд, ки ин муассисаҳо бояд созмонҳои эҷодиву маърифатӣ, намояндагони зиёӣ ва ҷавононро ба мақсадҳои нек  муттаҳид намоянд.
Суруду рақсҳои миллии ӯзбекиву қазоқӣ иҷро шуданд.
Шавкат Мирзиёев бо шароитҳое, ки дар муассисаи давлатии таълими томактабии «Бинафша»-и ноҳияи Мирзочӯл фароҳам оварда шудаанд, шинос шуд.
Кӯдакистон соли 2018-ум мувофиқи барномаи «Обод қишлоқ» аз таъмири умумӣ баромад, он барои қабули 280 кӯдак пешбинӣ шудааст. Дар ин ҷо шароитҳои хеле хуб мавҷуданд. Хонаҳои  машғулият бо инвентарҳои замонавӣ ва бо назардошти усулҳои навтарини тайёркунии кӯдакон ба мактаб муҷаҳҳаз гардидаанд. Майдончаҳои варзишӣ ва бозӣ бунёд ёфтаанд. Бозиҳои мухталифи интерактивӣ, лухтакҳои гуногун ба ташаккул додани донишҳои амиқи ибтидоӣ ва саводнокӣ хидмат мекунанд.
Инкишоф додани низоми таълими томактабӣ, масъалаи тарбияи самарабахши кӯдакон мунтазам дар маркази эътибори мо қарор доранд. Кӯдаке, ки ба боғчаи бачагона меравад, солим ба воя мерасад, ба худ эътимод пайдо мекунад, дорои ҷаҳонбинии васеъ мегардад, гуфт Шавкат Мирзиёев.
Президент зарурияти мунтазам давом додани корҳоро дар самти мазкур, вусъат додани фарогирии кӯдаконро аз тариқи ташкил кардани кӯдакистонҳои давлатӣ ва хусусӣ, ҳамчунин баланд бардоштани сифати корҳои таълиму тарбияро таъкид намуд.
Роҳбари давлат ҳамчунин аз поликлиникаи марказии бисёрсоҳавии ноҳияи Мирзочӯл боздид ба амал овард.
Бояд зикр кард, ки муассисаи мазкур ҳамчун поликлиникаи намунавии бисёрсоҳа ташкил гардидааст.
Бинои поликлиника, ки соли 1976 бунёд шуда буд, ягон бор аз таъмири умумӣ набаромадааст. Мувофиқи барномаи «Обод қишлоқ» барои муассиса бинои нав қомат рост кард, ки рӯзе ба  250 мизоҷ хидмат мекунад, дар он беш аз сад ҷойҳои корӣ фароҳам омаданд.
Дар муассисаи тиббӣ ба аҳолӣ мутахассисони гуногун,  аз ҷумла ҷарроҳ, духтури бачагон, шифокори УЗИ, стоматолог, терапевт, отоларинголог, офталмолог, духтури шикасту банд, шифокори асаб, духтури рӯҳ хидмат мерасонанд.
Дар доираи лоиҳаи «Саломатӣ–3» поликлиника бо таҷҳизоти замонавии тиббӣ, аз ҷумла велоэрногометр, ЭКГ, гастрофиброскоп, рентгенографияи рақамӣ, дастгоҳи УЗИ, таҳлилгари биокимиёӣ, аудометр, авторефрактометр ва ғайра муҷаҳҳаз карда шуд.
Барои мусоидат ба аҳолӣ дар поликлиника низоми қайди электронӣ ҷорӣ гардид. Хонаи машварати занона, статсионари рӯзона ва дорухонаи иҷтимоӣ амал мекунанд.
Президент бо шароитҳои поликлиника шинос шуда, зарурияти пурра бо тадбирҳои оид ба пешгирии касалиҳо фаро гирифтани аҳолиро таъкид кард, то ки мардум барои кӯмакҳои тиббӣ ба ҷойҳои дигар нараванд. Бобати хидмати босифат ба аҳолӣ, баланд бардоштани ихтисоси шифокорон тавсияҳои зарурӣ дод.
Президент Шавкат Мирзиёев аз маркази хидматҳои давлатӣ дар ноҳияи Мирзочӯл боздид ба амал овард.
Барои сохтмони бинои замонавии марказ, ки дар қитъаи холӣ бунёд гардид, 5 миллиарду 740 миллион сӯмина маблағ равона шуд.
Марказ метавонад рӯзе ба 200-250 мизоҷ хидмат расонад. Дар ин ҷо 103 намуди хидмат, аз ҷумла оид ба қайди соҳибкорон, татбиқ намудани ҳаракатҳои нотариалӣ, қайди ҳуҷҷатҳои ҳолати шаҳрвандӣ, додан ва иваз кардани шиносномаҳо иҷро мешаванд. Баробари ин дар марказ китобхона, толори ақди никоҳ, хонаи сармоягузорон амал мекунанд, барои қайди гувоҳномаҳои ронандагӣ таҷҳизоти замонавӣ гузошта шудаанд.
Фаъолияти марказ, ки ба раванди «Шаҳрвандон не, балки ҳуҷҷатҳо амал мекунанд» асос мекунад, барои бечунучаро дар роҳи ба ҳаёт татбиқ гардидани ғояи неки Президент «Халқ ба мақомоти давлатӣ не, балки мақомоти давлатӣ бояд ба халқ хидмат кунанд» хидмат менамояд.
Ба роҳ мондани марказҳои хидмати давлатӣ ба сарфаи вақт ва маблағи шаҳрвандон мусоидат менамоянд. Ягон муроҷиати аҳолӣ набояд аз эътибор соқит монад, гуфт Президент.
Шавкат Мирзиёев бо корхонаи «Мирзочӯл текс» шинос шуд.
Лоиҳаи корхонаи мазкур дар се давр татбиқ мегардад. Навбати аввал моҳи декабри соли 2018-ум ба истифода супурда шуд, сад мошинаи дарздӯзии аз Чин ва Туркия овардашуда устувор  гардиданд. Ҳоли ҳозир дар ин ҷо маҳсулоти воридотӣ, аз ҷумла, шимҳои ҷинсӣ истеҳсол мешаванд. Беш аз 70 нафар занон бо кор таъмин гардиданд.
Дар давраи дувуми лоиҳа ба роҳ мондани истеҳсоли матоъҳои ҷинсӣ бо фароҳам овардани 240 ҷойи кор пешбинӣ шудааст. Давраи сеюм барои истеҳсоли калоба пешбинӣ мегардад. Ба нақша гирифта шудааст, ки корхона соли 2021 бо иқтидори пуррааш ба кор медарояд ва тақрибан 800 нафарро бо кор таъмин менамояд.
Роҳбари давлат бобати рушди фаъолияти корхона супоришҳои муҳим дод. Вай таъкид намуд, ки  бо шуғл таъмин кардани занон бояд дар маркази эътибор қарор дошта бошад.
Дар ҳамин ҷо лоиҳаҳо оид ба рушди иҷтимоиву иқтисодии вилоят муаррифӣ шуданд. Аз ҷумла, дар бораи сармояҳое, ки ба вилоят аз ҷониби сафоратхонаҳои мамлакати мо дар Русия, Фаронса ва Белорус ҷалб карда мешаванд, маълумот дода шуд.  Сармоягузорон аз Куриёи Ҷанубӣ, Туркия, Ҳиндустон, Чин ва кишварҳои дигар ба роҳбари давлат лоиҳаҳои худро пешниҳод карданд.
Чунончи, сармоягузорони русиягӣ аз маблағгузорӣ барои истеҳсоли асбобҳои равшанкунӣ, қисмҳои эҳтиётии автомобилҳо, ҷорӣ намудани технологияҳои замонавӣ дар хоҷагии қишлоқ, корчаллонҳои фаронсавӣ бошанд, аз истеҳсоли шишаҳои меъморӣ ва коркарди мева манфиатдор мебошанд. Ҳамчунин ба роҳ мондани содироти анор, харбуза ва решаи ширинбия ба Фаронса пешбинӣ шудааст.

***
Дар рӯзи дуюми сафар таҳти роҳбарии Президент Шавкат Мирзиёев бахшида ба рушди иқтисодиёти вилоят, минбаъд боло бардоштани дараҷаи ҳаёти аҳолӣ машварати видеоселекторӣ баргузор шуд. Дар он фаъолони вилоят, депутатҳо, роҳбарони созмонҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ, ҳокимони шаҳру ноҳияҳо, намояндагони ҷомеаи васеъ иштирок карданд. 
Роҳбари давлат дар бораи корҳое, ки дар вилоят бинобар беҳсозии ҳаёти ҳалқ, ободонии ҳудудҳо мувофиқи раванди «Манфиати инсон – аз ҳама воло» амалӣ мешаванд, сухан ронд.
Аз ҷумла, мувофиқи барномае, ки пас аз сафари соли гузаштаина андешида шуда буд, дар вилояти Ҷиззах бинобар 107 лоиҳаи сармоявӣ иншооти нав сохта ба истифода супурда шуданд. 
Ҳоли ҳозир ҷалб намудани сармоя ва технологияҳо, бунёди корхонаҳои нав, бо кор таъмин кардани мардум, беҳсозии шароити ҳаёт вазифаҳои муҳимтарин ба шумор мераванд, гуфт Шавкат Мирзиёев.
Таъкид гардид, ки бо ин мақсад барномае коркард шудааст, ки дар вилоят тӯли солҳои 2019-2020-ум татбиқ намудани 586 лоиҳаи сармоявиро ба маблағи 21 триллиону 956 миллиард сӯм пешбинӣ мекунад, ки имкон медиҳад зиёда аз 22,3 ҳазор ҷойҳои корӣ ташкил ёбанд. Дар байни онҳо лоиҳаҳо оид ба истеҳсоли нахи базалтӣ ва асбобу ускунаҳо барои энергетикаи бодӣ дар ноҳияи Фориш, панелҳои офтобӣ дар ноҳияи Дӯстлик, воситаҳои доруворӣ дар ноҳияи Зомин, шишаҳои ороишӣ ва нафис дар шаҳри Ҷиззах мавҷуданд. 
Татбиқ намудани 180 лоиҳаи бузурги саноатӣ ба маблағи умумии 14,1 триллион сӯм, ки 64 фоизи маҷмӯи лоиҳаҳоро ташкил медиҳад, барои ба минтақаи саноатӣ табдил додани вилояти Ҷиззах такони пурқувват хоҳад шуд. 
Мувофиқи Фармони Президент «Дар бораи коркарди модели самарабахши танзими давлатӣ ва идораи рушди маҷмӯии вилояти Ҷиззах» аз 3 январи соли равон ибтидо аз 1 март дар вилоят татбиқсозии лоиҳаи пилотии «Илғор худуд» («Минтақаи пешқадам») оғоз меёбад.
Дар доираи лоиҳа бинобар зиёд кардани даромад ва беҳтар намудани шароити ҳаёти аҳолӣ, фароҳам овардани иқлими мусоиди сармоявӣ ва рушди соҳаҳои нави саноат чораҳо андешида мешаванд. 
Шавкат Мирзиёев бобати иҷрои саривақтӣ ва босифати корҳое, ки лоиҳаи мазкур пешбинӣ менамояд, супоришҳо дод.
Фароҳам овардани шароити хуби ҳаёт барои аҳолӣ бояд вазифаи асосии роҳбарони  тамоми зинаҳо бошад. Барои ин ҳамаи мо бояд дастҷамъона ва бовиҷдонона кор кунем, гуфт роҳбари давлат. 
Бинобар истифодаи минбаъдаи самарабахши имкониятҳои мавҷуда барои рушди чорводорӣ, моҳипарварӣ, занбӯриасалпарварӣ, паррандапарварӣ ва пиллапарварӣ супоришҳо дода шуданд. 
Ба масъалаҳои беҳтар намудани шароитҳои маишӣ, инфрасохтори иҷтимоӣ эътибори махсус дода шуд.
Корҳое, ки дар Мирзочӯл ба сомон расонида шуданд, таҷрибаи хуб ва намунаи ибрат мебошанд. Акнун бояд маркази ҳар як ноҳияи вилояти Ҷиззах чунин обод бошад, корҳои зарурии бинокориву таъмирӣ аллакай ҳамин сол ба анҷом расанд, таъкид намуд Президент.
Вазифа гузошта шуд, ки соли равон дар шаҳри Ҷиззах 15 хонаҳои бисёрошёнаи арзон, дар ноҳияҳо бошад, 932 адад хонаҳои алоҳида сохта шаванд. Бобати идома додани нақли қубури магистралӣ ва истгоҳи насосӣ барои кашидани об аз дарёи Зарафшон, сохтан ва таъмир кардани 264 километр шабакаҳои таъминоти об супоришҳо дода шуданд. Қайд гардид, ки дар натиҷаи корҳои мазкур сокинони ноҳияҳои Зарбдор, Бахмал, Пахтакор, Мирзочӯл, Дӯстлик, Ғаллаарал, Шароф Рашидов бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин мегарданд, сифати ҳаёти аҳолӣ беҳтар мешавад.
Дар машварат зарурияти зина ба зина ҳаллу фасл кардани мушкилоти соҳаи иҷтимоии вилоят, ки тӯли солҳои дароз ғун шудаанд, таъкид шуд. 
Дар минтақа ба соҳаҳои таълим ва тарбия эътибори махсус дода мешавад. Дар соли 2019-ум таҷдиди 25 адад муассисаи давлатии томактабӣ, вусъат додани шабакаи кӯдакистонҳои хусусӣ пешбинӣ шудааст. Ғайр аз ин, кори беш аз 230 гурӯҳи беподош бобати тайёркунии кӯдакони шашсола ба мактаб ба роҳ монда хоҳад шуд. Дар натиҷа соли равон фарогирии кӯдакон ба таълими томактабӣ дар вилоят аз 32 то 51 фоиз меафзояд. Баробари ин  дар пояи таҷрибаи Куриёи Ҷанубӣ ва Олмон кушодани 10 боғчаи бачагонаи инноватсионӣ ба нақша гирифта шудааст.
Дар машварат таъкид шуд, ки дар беш аз 150 мактаби вилоят меъёри теъдоди  хонандагон зиёд аст, 29 мактаб бо иқтидори пуррааш истифода намешавад, ба мактабҳои таълимашон амиқи фанҳои дақиқ ва табиӣ, забонҳои хориҷӣ эҳтиёҷ мавҷуд мебошад. Ба ташкилоти масъул супориш дода шуд, ки мушкилоти зикршударо ҳаллу фасл кунанд. 
Роҳбари давлат вазифаҳоеро, ки дар назди низоми нигаҳдории тандурустии вилоят қарор доранд, низ таъкид намуд.
Соли равон бахши вилоятии Маркази илмиву амалии кӯмаки таъҷилии тиббии ҷумҳурӣ, диспансерҳои эндокринологӣ, кардиологӣ, пӯсту венерология, маҷмӯи таваллудхонаи шаҳри Ҷиззах таъмир хоҳанд шуд. Сохтмони муассисаҳои дигари тиббӣ бо назардошти бемориҳое, ки зуд-зуд дучор мешаванд, пешбинӣ гардидааст.
Пас аз машварат Президент аз маҳаллаи ба номи Мирзо Улуғбеки Ҷиззах боздид ба амал оварда, бо лоиҳаҳои оид ба сохтмони хонаҳо, иншооти иҷтимоӣ ва ободонии маркази вилоят шинос шуд.
Дар Ҷиззах бинобар ободонӣ, фароҳам овардани шароитҳои сазовори ҳаёт корҳои васеъмиқёс амалӣ мешаванд. Мувофиқи дурнамои асосии шаҳр бунёди хонаҳои панҷ ва ҳафтошёна дар маҳаллаҳои «Кимёгар», «Иттифоқ» ва дар кӯчаи Мустақиллик бо маҷмӯъаҳои савдо, шифохона, меҳмонхона ва маркази маҳаллаҳо пешбинӣ гардидааст. 
Дар Ҷиззах барои рушди сайёҳӣ имкониятҳои васеъ ва шароитҳои мусоиди табиӣ мавҷуданд. Ба меҳмонон, пеш аз ҳама, вокзали роҳи оҳан бояд таассурот гузорад. Ба ин муносибат вокзали шаҳр куллан таҷдид гардид, дар он тамоми шароитҳо фароҳам оварда шуданд. 
Маҳаллаи ба номи Мирзо Улуғбек, ки дар он корҳои азими созандагӣ амалӣ мешаванд, дар шафати вокзал ҷойгир шудааст. Аз ҷумла, дар ҳудуди байни вокзал ва кӯчаи Тошкент 13 хонаи ҳафтошёна, ки ҳамагӣ 894 ҳуҷра доранд, бунёд меёбанд. 
Дар Ҷиззах барои 250 тамошобин театри лухтаки вилоят сохта мешавад. Ният доранд, ки онро то охири соли равон ба истифода супоранд. Барои сохтмони он зиёда аз 12,7 миллиард сӯм ҷудо карда шудааст. 
Ба роҳбари давлат дар бораи нақшаҳо бинобар тамил додани таъминоти аҳолии вилоят  бо оби ошомиданӣ, беҳтар намудани низоми канализатсияи Ҷиззах низ маълумот пешниҳод гардид.
Президент таъкид намуд, ки бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин кардани аҳолӣ аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарин маҳсуб меёбад. Вай супориш дод, ки корҳои банақшагирифташуда босифат ва дар муҳлати муайяншуда иҷро шаванд. 
Дар ҷараёни муаррифисозӣ дар бораи корҳои минбаъда бобати кабудизоркунии канори роҳҳои автомобилгард, такмил додани инфрасохтори шафати роҳ маълумот дода шуд. Дар канори роҳҳо  ниҳолҳои гуногун, аз ҷумла сада, заранг, булут, акатсия (ақоқиё), софораи ҷопонӣ, тут, ар-ар, буттаи лола, шоҳбулут ва гул – садбарги суриягӣ, ёсумани ҳиндӣ, магнолия ва ғайра гузаронда мешаванд. 
Роҳбари давлат ба шуъбаи корҳои дохилии №3-и Ҷиззах рафта, бо иҷрои супоришҳое, ки соли гузашта дода шуда буданд, шинос гардид.
Дар мамлакати мо  бобати мустаҳкам намудани оромиву осудагӣ, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ корҳои мунтазам иҷро мешаванд. Ба шарофати ҷорӣ гардидани низомҳои «Шаҳри бехавф», «Саёҳати бехавф», «Хонаи бехавф» ва ба роҳ монда шудани посбонии шабонарӯзӣ эътимоди одамон ба адолат ва волоияти қонун мустаҳкам шуд.
Мувофиқи қарори Президент аз 14 феврали соли 2018-ум дар шаҳри Тошканд низоми сифатан нави ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, пешгирии қонунвайронкунӣ ва мубориза бо ҷинояткорӣ ҷорӣ гардида буд. Кори шуъбаи корҳои дохилии №3-юми шаҳри Ҷиззах низ дар пояи ин низоми нав ба роҳ монда шудааст. Шуъба ба сокинони маҳаллаҳои ба номи Ҳамид Олимҷон, «Хайробод», «Маданият», «Тинчлик», «Сайхон», «Обод», ба номи Алишери Навоӣ, «Кимёгар»-и шаҳр хидмат мерасонад.  Қисми навбатдори таъҷилӣ бо низоми назорати видеоӣ муҷаҳҳаз шудааст, ки имкон медиҳад вазъият дар мактабҳо, кӯдакистонҳо ва иншооти дигари ҳудуди зеридоравӣ шабонарӯз муоина шаванд. 
Президент бобати таҳкими минбаъдаи пойгоҳи моддиву техникии таъминоти амнияти ҷамъиятӣ, баланд бардоштани масъулияти ходимон супоришҳо дод.
Бо ҳамин сафари Президент Шавкат Мирзиёев ба вилояти Ҷиззах анҷом ёфт.

Умар АСРОРОВ,
Зиёдулло ҶОНИБЕКОВ,
Улуғбек АСРОРОВ,
хабарнигорони махсуси ӮзА.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: