ФАРОҲАМОРИИ ҶОЙҲОИ НАВИ КОРӢ ИДОМА ДОРАД

Мулоқоти роҳбари ҳар як вилоят бо аҳолӣ, ташриф ва боздиди ӯ аз ҷараёни тадбиқи лоиҳаҳои истиқболнок ба пешрафти ҷомеа такон мебахшад.

Сафари навбатии ҳокими вилояти Навоӣ Нормат Турсунов ба ноҳияи Қизилтепа сурат гирифт. Ҳоким бо ҷараёни сохтмони маркази нави сайёҳии ноҳия шинос шуд. 
Ҳангоми мулоқот бо масъулини сохтмон изҳор дошт, ки ба ободгардонӣ ва кабудизор табдил додани ду самти шоҳроҳ, муҳайё намудани имкониятҳои васеъ барои сайёҳони дохиливу хориҷӣ эътибор дода шавад.
Татбиқ ва амалисозии лоиҳаро Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Navoiy tears invest», ки 4 миллион доллар арзиш дорад, ба ӯҳда гирифтааст. Тибқи лоиҳа дар ҳудуд бунёди дӯконҳои савдо, марказҳои хӯрокхӯрӣ, маркази қувватбахшӣ ба электромобилҳо, автосалон, истгоҳ ва нуқтаҳои хидматрасонӣ ба мошинҳои боркаш ва сабукрав, хостелҳо, майдончаи бозӣ барои наврасон, аспхонаву майдон барои шутурпарварӣ бунёд мегардад. Ҳангоми татбиқи амалии ин лоиҳа садҳо нафар шаҳрвандон бо кори доимӣ таъмин мегарданд.
Ҳокими вилоят ҳамчунин аз маҳаллаи «Маликобод» дидан карда, ба корҳои сохтмони заводи истеҳсолкунандаи дастпӯшакҳои ҶММ «SVS Navoiy» шинос шуд. Дар корхона, ки  фаъолияташро дар асоси технологияҳои инноватсионӣ ба роҳ мондааст, беш аз 200 нафар коргарон бо кори доимӣ таъмин гардидаанд. Ҳангоми пурра ба кор даромадани корхона барои 600 нафар ҷойҳои нави корӣ барпо мегардад.
Ҳокими вилоят ҳамчунин аз шоҳкӯчаи «Мустақиллик»-и маркази ноҳия дидан карда, аз фаъолияти ҷамъиятҳои масъулияташ маҳдуди «World Class Houses» ва «Қизилтепа қурилиш транс» дидан кард, ки онҳо ба сохтмони биноҳои замонавии бисёрошёна сарукор доранд. Ба масъулини сохтмонҳо оиди сифатнок ва шинам бунёд намудани биноҳо тавсияҳо дода шуд.

Ӯзбакбойи РАҲМОН, 
хабарнигори 
«Овози тоҷик».

Вилояти НАВОӢ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: