Фарҳод МУСОҶОН

САБАҚ

САБАҚ
Агар зиндагӣ бо як маром гузарад, дилбазану бемаза мешавад. Бо омад-омади Соли нав ана ҳамин гуна авзои ноҳинҷор ба маротиб тағйири ҳол мекунад ва дар қалбҳо орзуву умедҳои нав ҷӯш мезанад. Кору ташвишҳои тоза, чунончи, баргузидани ҷойи баргузории ҷашн ва ҳамраҳони солинавӣ, анвоъу ақсоми хӯроку мазаҳо, эътои ҳадяву савғотиҳо мағзҳоро ба андеша водор месозад... 
Ширкате, ки дар он Очилака кор мекунад, калон нест, ҳамагӣ аз ҳафт нафар иборат аст: раису муншӣ ва панҷ корманд. Ҳама бо ҳамдигар аҳлу тифоқанд, агарчи ҳар яке феълу хӯйи хоси худро дорад. Соли навро низ доимо бо ҳам пешвоз мегиранд.
Қабл аз итмоми соли куҳна Очилака ҳамкоронро гирди ҳам хонда домани маслиҳат густурд. Ӯ гуфт:
– Бародарон, бо гузашти айём моҳ зоиду соли нав ҳам фаро расид, омодагиро бояд оғоз кунем. Дигар фурсате расид, ки ба як қарор биёем, чанд сӯмӣ мепартоем? 
Ҳамоно яке аз ҳамкорони серҷоғу гапдон Хуррамов ба сухан омад:
– Тақсир, шумо худатон сару сарвар ҳастед, харҷи мешударо ҳисоб кунеду ба сари кас фалон сӯм меафтад гӯед – бас, мо дар хидматем. 
Очилака дар идомаи маслиҳат афзуд: 
– Боз як гапи дигар! Агар розӣ ҳастед, раиси навамонро ҳам фаро мехонем, одами бад наменамояд, хоксору сода барин. Аз омаданаш як моҳ мегузарад, вале ҳанӯз ҳам танҳо, мисли бегонаҳо мегардад, бояд ба сафамон дарорем. 
Хуррамов дубора аз ҳама пештар сухани «сару сарвар»-ро маъқул карда гуфт:
– Бошад, ҳамроҳ мекунем!
Очилака идома дод: 
– Хеле хуб, агар ҳама инро мехоҳад, харҷҳоро ман хомчӯт карда мебароям, баъдан боз ҷамъ мешавем. Дар воқеъ, ин дафъа дар манзили кӣ пешвоз мегирем, навбат ба кӣ омада буд?
Хуррамов боз ҳам пешдастӣ кард:
– Навбати Забеҳулло! Бале, аз они шумост-а, Забеҳулло?
– Оре, аз ман, аммо..., – бо фурӯтанӣ лабханд зада гуфт Забеҳулло, ки то ин дам ба суҳбат ҳамроҳ нашуда хомӯш менишаст.
Очилака суоломез такрор кард:
– Аммо? 
Забеҳулло пеш аз гап задан нигоҳе хиҷолатомез ба сӯйи ҳамкорон афканд. Ӯ одаме буд, ки ба ҳеҷ кас бадиро раво намедид, нарму беозор буд. Чандин сол бо ҳам кор карда бо касе баҳсу даъво накардааст, ғавғо роҳ наандохтааст. Танҳо як нуқсон дошт – лаганбардорӣ. Ҳамкорон ин хислати ӯро нағз медонистанд, вале нороҳат намешуданд, ба рӯй ҳам намеоварданд. Ӯ бо камҷуръатӣ гуфт:
– Нағз шуд, ки аз ҷашни Соли нав ҳарф задед, Очилака, худам низ мехостам сари ин гапро кушоям. Маро бубахшед, ғайри чашмдошт як мушкил пеш омад. Ин бор одати ҳарсолаамон вайрон мешавад, ба назарам.
Очилака, ки аз ин қабил найрангҳои мулоими Забеҳулло огоҳ буд, дарҳол сухани ӯро бурида гуфт:
– Забон нахоида дардатро рез.
– Дардам ҳамин ки, се рӯз пештар боҷаи паркентиам омаду маро ба ҷашни Соли нав даъват карда рафт. Он лаҳза хирагӣ карда ба ӯ ҷавоби аниқ надодам, вале пас аз рафтанаш дар балои зан мондам. Бовар мекунед ё не, ӯ доду бедод роҳ андохта гуфт: «Чаро якравӣ мекунӣ? Ҳар бор ҷашни Соли навро бо ҳамкоронат мегузаронӣ, ҳадди ақалл як бор ин рӯзро барои хешовандони ман ҳам ҷудо кун, осмон омада ба замин намечаспад!».
Чуноне ки лофзан ё одами айбдор барои пинҳон кардани дурӯғ ва ё исботи бегуноҳии худ гапро кашол медиҳад, Забеҳулло низ баҳудаю беҳуда гап мезад:
– Албатта, мешуд занро аз роҳ зада ё пӯписа карда ҷоғашро бибандам, лекин тарафи нозуки масъала ҳам буд. Гӯё, ки рӯзи дигар хушк шудааст, таваллуди боҷаам айнан ҳамин сию якуми декабр, бар замми ин, имсол ҷашни калонаш – ба панҷоҳ медарояд. Дар чунин дам ӯро ёд накардан айб аст. Гузашта аз ин, шояд гумон кунад, ки аз дастовезу савғо гурехтаам. 
Очилака майдагапию илтимосу илтиҷои бехудро бад медид, аз ин рӯ изҳор кард:
– Чӣ ҳам мегуфтем, узри муваҷҷаҳ доштаӣ, дар назди боҷаат набояд шармзада шавӣ, худамон пешвоз мегирем.
Забеҳулло нафаси осуда кашида афзуд:
– Оре, ин дафъа ҳамин хел шуда монд. Худо хоҳад, соли дигарро бо ҳам мегузаронем. 
Масъала ба осонӣ ҳал шуд. Забеҳулло дигар метавонист нақшаи кашидаи худро бе мушкилӣ рӯйи об барорад. Вақти аср чашми ҳамкоронро чапғалат дода, номаълум ба дафтари раис даромад. Таъзиму тавозуъро ба наҳви аъло ба ҷо оварда, илтиҷоомез арз кард:
– Раббим Қудратович, маро маъзур доред, бо коре воҷиб ба наздатон омадам. 
Раис курсиро нишон дода ба нишастан муроот кард ва бо эҳтиром гуфт:
– Марҳамат, гӯшам ба шумо, чӣ кори воҷибе будааст?
– Гап сари ин ки..., – Забеҳулло дар худ печида бо тамаллуқ забон хоид, – ман аз рӯйи як масъалаи нозук, росташро гӯям, бо як илтимос ба наздатон омадам.
Ҳар як раиси тозаворид барои дарёфтани эътимоду ҳурмати кормандон саъй мекунад худро оқилу доно ва меҳрубон нишон диҳад. Ин буд, ки ӯ бо илтифот сухан кард:
– Бо хотири ҷамъ гап занед, Забеҳулло Ҳалимович. Агар аз дастамон ояд, ҳар гуна илтимосро ба ҷо хоҳем овард. Агарчи ҳамдигарро хуб наозмудаем, дар бораи шумо тасаввурам ҳаст. Гузориши моҳонаатонро дидам, коратон пухта, мукаммал. Мо бояд ба шумо барин коршиносон такя кунем. 
Забеҳулло аз ин таърифи раис курта-курта гӯшт гирифта, бо хушомад афзуд:
– Ҳазор бор ташаккур, Раббим Қудратович, хеле дуруст фармудед, ки ҳанӯз ҳамдигарро наозмудаем. Мақсади мо ҳам ҳамин – аз наздик донистани якдигар. Дар коргоҳ, чӣ хоҳему чӣ на, муносибат расмӣ мешавад. Аз ин рӯ, чанд гоҳест, ки шуморо ба хонаам даъват карданӣ будам. Аммо, гоҳ ину гоҳ он, як амре сабаб шуду ин ниятам ба пушт афтид. Бо ин ҳол, бинед, ки ниятҳо холис будааст, соли нав ҳам қариб омад. Бо ин баҳона азм кардам ба ҳузуратон бирасам. Агар ба касе ваъда надодаед, шаби Соли нав ба кулбаи мо ташриф биёваред, сарамон ба осмон мерасад.
Ҳарчанд аз раисиаш вақти зиёде намегузашт, ба чунин илтифот сазовор шудани худро дида, сарвари ширкат рӯҳбаланд гардид. Ӯ гуфт:
– Аз ин ки эҳтиром мегузоред, сипосгузорам, Забеҳулло Ҳалимович, насиб бошад, ҳатман мегузарем.
Забеҳулло аз раис бештар хушҳол шуд.
– Ташаккур, Раббим Қудратович, чун хоҳишамро қабул карда ризоият медиҳед, ман бениҳоят сарбаландам. Пас, гап якто – шоми Соли нав мунтазир мемонем. Ин ҳам адреси мо, – Забеҳулло барги суроғаро ба дасти раис дод, – ёфтани манзиламон хеле осон аст, дар бағали меҳмонхонаи «Тӯрон». 
Раис бо лабханди маҳин гуфт:
– Коре карда меёбем.
Забеҳулло сари ҳол бо раис худоҳофизӣ карда, ҳамон замон дар худ андешид: кор пухт, акнун омодагӣ бояд дид, доди зиёфатро бояд дод!
Аз миён як рӯз гузашту ба назди раис Очилака даромад. Ӯ бе такаллуф муддаои дилашро арз кард:
– Раббим Қудратович, ҳар сол бо ҳамкорон ҷашн гирифтани Соли нав ба ҳукми анъана даромадааст. Танҳо ҳисобдорамон Кӯпайсинов ба хотири бисёр будани бачаҳояш дар хона пешвоз мегирад. Муншиатон Лайлохон ҳам ҳамроҳ намешавад, ҷавон-дия, бо ҳамсолонаш меравад. Раҳбари аввалаамон низ ҳамеша бо мо буд. Ният кардем имсол анъанаамонро давом диҳем. Аз ин хотир, шуморо аз ҷониби ҳамкорон ба ҷашн даъват менамоям.
Раис тааҷҷубомез чанд лаҳза ба корманди худ нигоҳ карда монд. Ин нигоҳро Очилака ба навъи худ бардошт. Ӯ, ки аз кӯйи хушомадгӯйӣ фарсахҳо дур буд, бе мулоҳиза илова кард:
– Шояд ҳам ба ҷое даъватӣ бошед ё одат кардаед, ки дар хона пешвоз гиред... Дар ҳар сурат, ҷойи гила нест, аз мо як даҳан гуфтан, он тараф хоҳиши худатон. 
Раис ҳам гапро кашол накарда, лучу пӯстканда ба сухан даромад:
– Аввалан, ташаккур аз бобати даъват. Худам низ ният доштам бо кормандон аз наздик ошно шавам, лекин гап сари ин, ки дирӯз Забеҳулло Ҳалимович ҳам ба манзилаш фаро хонд, хоҳиш кард шоми Соли навро бо ҳам гузаронем.
Очилака ин гуна амалкарди ҳамкорашро асло тасаввур накарда буд. Ғарқи ҳайрату шигифт зери лаб гуфт:
– Не-е, ба ростӣ?
– Чӣ, хабар надоштед? – бо савол ҷавоб дод раис. – Худатон гуфтед, ҳар доим Соли навро бо ҳам ҷашн мегирем!
Очилака бар хилофи Забеҳулло ӯро нафурӯхт.
– Ҳатман ба мо ҳам мегӯяд, фақат... ризояти шуморо гирифтан хостааст, зоҳиран. Майлаш, узр.
Очилака нороҳату мушавваш ба ҷойи кор баргашт. Болосарӣ Забеҳулло омаду бо оҳанги масхара ба ӯ дида дӯхта истод. Забеҳулло ноҳинҷор шуда пурсид:
– Чӣ гап, ин қадр ду чашм мондӣ? 
– Мабодо, ёрӣ лозим?
Забеҳулло ҳайрон шуд.
– Чӣ хел ёрӣ?
Очилака бо истеҳзо гуфт: 
– Дар интихоби ҳадя барои зодрӯзи боҷаат мабодо, ки азоб кашида бошӣ? Агар ҳанӯз ба як хулоса наомада бошӣ, мо ҳам ба ёрӣ расем? Охир, ҳамеша ҳавои якдигарро дорем, аз рӯйи садоқат, чӣ гуфтӣ? 
Ҳарчанд гапҳои таҳдори ҳамкор вуҷудашро сӯрох карда мегузашт, Забеҳулло сир бой намедод.
– Лутфи шумо зиёд, аммо занак мушкиламонро осон кард, қарор шуд ба боҷаам ҷома туҳфа кунем.
Очилака ғайриоддӣ писханде заду ба ақиб гашт ва рафта ба ҷойи худ нишаст...
Вақти аср ӯ Хуррамов ва Бобосалмоновро ба гӯшаи хилват хонда, ҳар чӣ буд, гуфт. Рафтори дарундори Забеҳулло ҳамкоронро сахт нороҳат кард.
Хуррамов даст аз гиребон фароварда гуфт:
– Аҷаб хушомадгӯест ин номард! Бо чоплусиаш дар пӯстини раиси қаблӣ ҷо шуда буд, акнун мехоҳад ба побӯсии дигарӣ шитобад. Вале ин шумиаш гарон тамом мешавад, мо ҳам ӯро боб мекунем.
Ҳамкорон забон як карданд, ки таъзири Забеҳуллоро диҳанд. Бо ин қасд сир бой надода хомӯш гаштанд.
Рӯзҳо бо як мижа задан гузашту шоми Соли нав фаро расид. Забеҳулло, ки устои ташкили зиёфат буд, ин дам низ беҳтарин харидҳо – аз қазӣ гирифта то меваҳои тар, ҳамаро анҷом дод. Ниҳоят, аз давутози зиёд хаста шуда, ба рӯйи тахтхоби нарм дароз кашид, то нафас рост кунад. Ба ҳамсараш чой фармуда ба болишти пар паҳлу зад. Ҳанӯз як пиёла чой нахӯрда буд, ки занги дар садо дод. Ҷаста аз ҷо хест ва бо иштиёқи истиқболи раис дарро боз кард. Дарро кушоду сари ҷо шах шуд: дар дами остона на раис, балки Очилакаю ҳамсараш меистоданд. Лол мондани ӯро дида, Очилака бо истеҳзо гуфт:
– Ҳа, тақсир, фаромӯш кардӣ меҳмони расидаро ба дохил бихонӣ? 
Забеҳулло базӯр лаб ҷунбонд:
– Не-е, биёед... хуб ҳастед шумо? 
Очилака бо ҳамон лабханди маънодор афзуд:
– Ману ҳамсарам ба хонаи боҷаам мерафтем, сари қадам, барои як дам ҳам бошад, хостем даромада Соли наватонро табрик гӯем. 
Забеҳулло бо зӯр даҳон инҷ карда гуфт:
– Кори хуб кардаед, марҳамат, дароед. 
Ҳамсари ӯ Рисолатхон ҳам аз ошхона баромад ва бо меҳмонон гарм ҳолпурсӣ кард. Меҳмонро ба дохил мушояаткунон изҳор намуд:
– Омаданатон айни муддао шуд, Рихсихон! Медонед, ҳасиб гузоштан чӣ қадар майдакорӣ аст, ба ман ёрӣ мерасонед.
Занҳо ба ошхона ва мардҳо ба меҳмонхона даромаданд. Очилака мизи калони оростаро дида ба шигифт омад.
– Ана инро ороиши дастурхон мегӯянд, ғайр аз ҷони одам ҳама чиз ҳаст-е! Маълум, ки барои пешвоз гирифтани меҳмонҳои нозук суфра оростаед, гап нест!
Забеҳулло зери лаб ғурунгид:
– Не-е, аз ҳад зиёд баҳо медиҳед.
– Дар воқеъ, мехостӣ ба назди боҷаат равӣ, бале?
– Акнун ба роҳ баромаданӣ будем, – ҷавоб дод Забеҳулло забон хоида. 
Очилака аз гуфтани суханҳои таҳдор худдорӣ намекард:
– Чун рафтанӣ будаед, магар шарт буд ин ҳама дастурхонро оро диҳед? 
Забеҳулло аз пайи баҳонаҷӯйӣ шуд: 
– Чӣ гӯям, дастурхон густурдан хосияти нағз дорад, тамоми сол дар манзил серию пурӣ ва барака мешавад. Гузашта аз ин, барои табрики Соли нав шумо барин ёру бародарон, хешовандон, ҳамсояҳо омада мераванд, барои як дам ҳам бошад, – Забеҳулло «барои як дам ҳам бошад»-ро бо таъкид арз кард. 
Очилака дубора сухани нешдор зад:
– Келин гуфт ҳасиб мениҳам, он ҳам барои онҳоест, ки ба як дам омада мераванд? 
Забеҳулло саъй кард худро ба даст гирад:
– Тақсир, магар мешавад ба хонаи касе бо дасти холӣ рафт, ба хусус дар арафаи соли нав? 
Очилака пичингомез гуфт:
– Эҳ, бинед, ки ба ҳамин ҳам ақлам нарасидааст! Аммо, боракаллоҳи ту, ҳамкор! Аз тоифаи касоне шудаӣ, ки ҳар гоҳ бихоҳанд аз об хушк дармеоянд.
Забеҳулло ҳанӯз ин кинояро ҳазм накарда, аз нав садои занги дар баланд шуд. Ин бор ҳам фикри «раис омад» ба зеҳнаш зад. Бо ҳарос дарро кушоду боз ҳам гаранг шуд: дар дами остона ин дафъа Бобосалмонов бо ҳамсараш меистод.
– Ману ҳамсарам ба хонаи боҷаам мерафтем, хонаатонро зер карда нагузарем гуфта, барои як дам ҳам бошад, хостем даромада Соли наватонро табрик гӯем... 
Забеҳулло бо оҳанги аламнок гуфт:
– Хуб коре кардаед, марҳамат, ба дохил дароед.
Кадбону ҳамсари Бобосалмоновро низ ба самти ошхона роҳнамоӣ кард, мардҳо дар меҳмонхона танҳо монданд. Чашмони Забеҳулло алақ-палақ шуда, худаш мисли мурғи посӯхта ноором буд. Очилака ин ҳоли ӯро пай бурда таҳдор пурсид:
– Ҳа, тақсир, бесаранҷом менамоӣ? 
Забеҳулло ӯро дуруст фаҳмида, устокорона ба гап даромад:
– Боҷаамон бо чашми чор мунтазири мо мондагист. Медонед, дар деҳот ҷашни Соли навро аз пешин сар мекунанд. Паркент ҳам ба шаҳр наздик нест, то он ҷо расида рафтан машаққат мехоҳад.
Дар айни ҳол аз нав занги дар садо дод. «Дигар, омадани раис аниқ», бо ин андеша Забеҳулло башаст худро ба даҳлез расонд. Дар дами дар Хуррамовро диду мӯйҳои сараш рост хест. Дар рӯ ба рӯйи ӯ Хуррамов гапи ҳамкорони худро такрор кард:
– Ману ҳамсарам ба хонаи боҷаам мерафтем, сари қадам, барои як дам ҳам бошад, хостем даромада Соли наватонро табрик гӯем. 
Забеҳулло бо сахтӣ сапедии дандонҳояшро нишон дод ва дар ҳоле ки зардиҳояш ба рӯй медамид, меҳмононро ба дохил фаро хонда лаб ҷунбонд:
 – Хуб коре кардаед.
Суханҳои яксони ҳамкорон Забеҳуллоро машкук сохт. Ӯ бештар ба ташвиш омад. Агарчи таҳи дилашро гурба чанг мезад, саъй мекард меҳмоннавозӣ кунад. Ӯ бо мулозимат гуфт:
– Бифармоед, ба дастурхон меҳрубон шавед, як дам гап дода менишинем. 
Очилака бо киноя ба гап сар кард:
– Не, акнун вақти хестани мо шуд, шумо ҳам бояд ба меҳмонӣ равед, дер нашавад. Орзу дорем соли нав барои ҳама омаду пешравӣ, файзу барака фароҳам оварад!
Хуррамов сухани ӯро давом дод: 
– Дуоятон мустаҷоб гардад, бародар, аввали сол бад нест, бароямон бобарор меояд. Дирӯз Раббим Қудратович ба сафари даҳрӯза ба Ҷопон парвоз карданд. Яъне, даҳ рӯз худамон шоҳу табъамон вазир хоҳем буд!
Забеҳулло бо шунидани ин пайғом бепарво гуфт:
– Раббим Қудратович то бегоҳии дирӯз сари кор буданд, чӣ хел як он рахти сафар бастаанд? 
– Оре, тамоми рӯз дар кор буданд. Бегоҳӣ соатҳои ҳашт буд, ки телефонам занг хӯрд. Аз тамошои телевизор сар бардошта гӯширо гирам, Раббим Қудратович. Гуфтанд, ки фавқулодда маъмурият пеш омад, рафта истодаам. Ду-се супориш доданд. Мо ҳам аз он аноиҳо нестем, бо он гапашон дар вақти набуданам назорат карда гард гуфтанӣ буданд, албатта. Ду ҳасиби қазӣ, чаҳор қурс фатирнон, каме меваи тар гирифта ба фурудгоҳ баромадам. Сафар ба хайр, гуфтаму баргаштам.
Забеҳулло ҳушу хавоси худро аз даст дода, ду дида ба ҳамкорон андохта меистод. Каме ба худ омад, ба ҳар эҳтимол, таваккал пурсид:
– Фақат супориш доданд? Дигар ҳеҷ чиз нагуфтанд?
– Дар воқеъ, хуб шуд, ки ба ёдам овардед. Ба Забеҳулло Ҳалимович диҳед гӯён ин номаро доданд, – Хуррамов аз ҷайбаш як покети хурдро баровард, – марҳамат. 
Дар нома каломи кӯтоҳе навишта шуда буд: «Забеҳулло Ҳалимович, аз ин ки ба рӯйи ҳамкорони худ по гузошта лаганбардорӣ кардед, ташаккур. Месазад садоқатро аз шумо омӯхт». Ӯ номаро хонда ҳангу манг шуд.
Очилака пурсид:
– Чӣ гап будааст?
 Забеҳулло чашм аз ҳамкорон гурезонда, ба замин дида дӯхт ва бо истодагарӣ изҳор намуд:
– Гапи хосе нест, дар гузоришам хатое рафта будааст. Навиштаанд, ки ҳамон иштибоҳро ислоҳ кунаму баъд ба раёсат фиристам.
Очилака бепарда гуфт: 
– Не-е, магар мешавад корманде мисли шумои пухтакор хато карда бошад? 
– Ҳама хато мекунад, фақат Парвардигор беайб аст, гуфтаанд.
– Ин гапат ҷон дорад, ҳар кас хато мекунад, вале муҳим ин аст, ки хаторо ба гардан гирифта аз пайи ислоҳи он кӯшад. Иштибоҳро дида худро ба нодонӣ задан камоли мунофиқист.
Забеҳулло зери лаб ғур-ғур кард:
– Албатта, ҳамин хел.
Ӯ ба роҳи раис нигарон буд, вале бо шунидани ин гапҳо умедашро канд. Ҳарчанд аз як сӯ ба харҷи калону омодагии бесобиқа дилаш месӯхт, аз ҷониби дигар худро сабук ҳис кард. Агар дар айни ҳол раис меомад, ӯ дар пеши ҳамкорон шарманда мешуд. Ҳеҷ гап не, дили раҳбарро ягон дафъаи дигар хоҳад ёфт, ҳанӯз ҷашнҳо дар пеш аст: рӯзи бонувон, Наврӯз... Ғайри ихтиёр, ба зеҳнаш фикри хубе омад. Ӯ гуфт:
– Нигоҳ кунед, мегӯянд, меҳмон атои Худост! Барои ҳамин, ман як пешниҳод дорам, ҳамаатон дар ҳамин ҷо бимонед, Соли навро мисли ҳамеша бо ҳам пешвоз мегирем. 
Очилака садо баланд кард:
– Чиҳо мегӯйӣ?! Ту, ки ба хонаи боҷаат даъватӣ будӣ, магар ёдат рафт?
– Ба манзили боҷаам фардо субҳ меравам, тамоми рӯз бо ӯ нишаста хумор мешиканем. Боҷаам аҳли фаҳм аст, нороҳат намешавад. Шумоён ҳам бо боҷаҳои худ дертар менишинед.
Очилака  боз ҳам пичинг парронд:
– Дар уболи ин ҳама таом намонам мегӯйӣ, шайтон! Бо чӣ умедҳое омода шудаанд, фақат ба худату Худо аён! 
Ногаҳон занги дар баланд шуд, ин дафъа Забеҳулло ба он таваҷҷуҳ накард. Лаҳзае нагузашту аз самти даҳлез овози ҳамсараш шунида шуд, ки мегуфт: «Ҳой хӯҷаин, меҳмонҳо омаданд». 
Ҳамин ки Забеҳулло ҷаста аз ҷо хест, Очилака пеши роҳашро гирифта гуфт:
– Исто, дар хусуси он нома ба раис лом-мим нагӯй. Азбаски дар пешвози гирифтани иди Соли нав чап доданӣ шудӣ, онро ман навишта будам. 
Забеҳулло ҳанӯз ҳушу хавоси худро ҷамъ накарда буд, ки Раббим Қудратович ҳамроҳи ҳамсараш бо виқор ба меҳмонхона даромада омад.
– Аҳли ҷамоа ҷамъ-ку! Ана ин корро ба маромаш расондаед, Забеҳулло Ҳалимович, гирди ҳам овардани ҳамкорон аҷоиб шудааст, – гуфт раис ва ба пешгаҳ гузашт.  
Забеҳулло ҳамоно хушомад мезад:
– Хушхабар ё туҳфаи ғайримунтазирро сюрприз мегӯянд. Мо ҳам ба шарафи ҷашни Соли нав хостем шуморо хурсанд кунем, сардор. 
Раис ба ваҷд омада илова кард:
– Бе шӯхӣ, хеле хурсандибахш аст бароям.
– Камина ҳам дар остонаи соли нав сабақ, бубахшед, сюрприз гирифтам. Маълум, ки бегона каму костиамонро ошкоро намегӯяд, бадтар шавад гӯён қасдан пинҳон нигаҳ медорад. Дӯст бошад, баръакс, дашном дода ба роҳи рост ҳидоят мекунад, – Забеҳулло ба хотири пай набурдани раис пардапӯшона сухан гуфт ва бо ин роҳ узри худро ба ҳамкорон низ расонд. 
– Тақсир, ин нозу неъматро бо ҳам мебинем ё фалсафа гӯш карда менишинем? – устокорона дар миён гап андохт Очилака, ки аз оҳанги суханаш маълум буд аз гуноҳи ҳамкори худ гузаштааст.
Забеҳулло ҳамоно ҳазломез гуфт:
– Шуд, даҳони баста – тилло, дигар фақат барои ғизо лаб во мекунем. 
Ҳама мулоим хандиданд. Забеҳулло, ки аз ҳамкорон «тозиёна» хӯрда дар хиҷолат монда буд, акнун шоду хуррам менишаст. Охир, чаро хурсанд набошад? Раисро даъват карданӣ буд, ба нияташ расид, бар замми ин, тибқи анъана ҳамкорон низ гирди ҳам ҷамъ омаданд. Аз ин рӯ, хушомадгӯйиву тамаллуқро ба авҷи аъло расонда, саъй кард ҳам дили раисро ба даст овараду ҳам дили ҳамкорони қаринро...

Аз ӯзбекӣ тарҷумаи 
Юнуси ИМОМНАЗАР.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: