ФАРЗАНДИ АСИЛИ МИЛЛАТ

Нависандаи бузург Расул Ғамзатов дар асари ёддоштии худ «Доғистони ман» чунин меоварад: «Агар донам, ки пагоҳ забони модариам мемирад, ман тайёрам, ки имрӯз бимирам».

Дуруст аст, ки меҳри забони модарӣ дар қалбу вуҷуди шахс аз шири модар ва меҳри бемисли он сарчашма гирифта, ҳама илму дониш ва маърифату маданиятро тавассути ин меҳр чун оҳанрабо ба худ мекашад. Баҳри исботи ин гуфтаҳо мехоҳам тавассути ин сатрҳо дар сифати шахсе авроқ рангин созам, ки ҳамин гуна меҳри забони модарӣ дар қалби пурмеҳри ӯ жарфтар ҷой гирифтааст. 
Дар он замоне, ки барои маҳви забони тоҷикӣ ҳуҷумҳои пинҳонӣ мерафт ва хавфи аз байн рафтани мактабҳои тоҷикӣ меафзуд, дар ин майдон баҳри ҳифзи номуси миллат истодагарӣ намудан хоси ҷавонмардони асили миллат буд...
Нарзулло Муродуллоев аз зумраи чунин фидоиёни миллат аст, ки тавонист бо қуввату нерӯ ва сухану рафтори некаш ба мубориза баҳри пойдории забони модарӣ бархезад ва ҷамъиятеро дар роҳи худшиносиву худогоҳӣ бедор созад, то онҳо низ дар ин хидмат фидоӣ ва камарбаста бошанд:
Агар ман насӯзам, агар ту насӯзӣ,
Кӣ равшан кунад кунҷи зулмотро...
Дар давоми мубориза ва талошу заҳматҳо ин марди наҷиб тавонист исбот созад, ки дар ватани  ӯ – Ӯзбекистон ҳақиқат ва демократия пойдор аст ва наметавонад ҳеч як хасм ва тӯда осудагиву осоиштагии миллатҳоро халалдор созад.
Нарзулло Муродуллоев 3-юми январи соли 1950 дар деҳаи зебоманзари Хуфар, дар оилаи деҳқон таваллуд шудааст. Дар байни солҳои 1956-1966 дар мактаби зодгоҳаш таҳсил намуда, аз устодони бомаҳорати ин даргоҳ илму маърифат омӯхт. Солҳои 1966-1968 дар омӯзишгоҳи педагогӣ таҳсил намуд. Ӯ фаъолияти кории худро ба сифати муаллими синфҳои ибтидоӣ дар мактаби рақами 12-уми ноҳияи Сариосиё оғоз кардааст. Ин ҷавони боистеъдод дар байни солҳои 1969-1971 ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ даъват шуда, хидмати аскариро дар шаҳри Овручи Украина адо кардааст. 
Соли 1971 ба сифати муаллими синфҳои ибтидоӣ дар мактаби зодгоҳаш фаъолияташро оғоз намуд. Мавсуф аз қадамҳои аввалини фаъолияти омӯзгорияш ба навҷӯиву эҷодкорӣ пардохта, бо тозакориҳои худ аз дигар омӯзгорон фарқ карда меистод. Ӯ аввалин омӯзгорест, ки дар мактаби рақами 8 кабинети методии синфҳои ибтидоиро ташкил намуд. Соли 1972 дар таърихи ин мактаб бо саҳми Н. Муродуллоев аввалин иди «Алифбо» таҷлил гардид. 
Дар таълимгоҳ тарзи ташкил карда гузаронидани идҳои тақвимиро бо шаклу усулҳои нав, дар шакли мусобиқаи байнисинфӣ бо роҳи бадеӣ, ба роҳ монд. Аз оғози солҳои 1976-1977 дар деҳа тарзи нави гузаронидани тӯйҳои суннатӣ ва арӯсиро ба роҳ монд, ки дар байни деҳаҳои тоҷикнишини ноҳия ҳамчун сухангӯи хушсалиқа ва соҳибмактаб муаррифӣ гардид.
Н. Муродуллоев дар байни солҳои 1981-1986 дар факултаи ҷуғрофияи Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шуъбаи ғоибона таҳсил карда, жарфтар фарогири таълиму тадриси насли наврас гардид ва аз фанҳои ҷуғрофия ва биология дар мактаби зодгоҳаш ба шогирдон дарс гуфт. 
Хидматҳои устодро ба назар гирифта, барояш унвонҳои «Муаллим- методист», «Муаллими калон» ва Аълочии таълими халқи ҷумҳуриро тақдим намудаанд. 
Соли 1989 маъмурияти таълимгоҳ Муродуллоевро ба вазифаи мудири қисми илмии мактаб пешбарӣ намуд. Дар ин вазифа муаллим софдилона заҳмат кашида, ба ҳамкасбон тарзи усулҳои дарсҳои кушод, дарси намунавӣ ва мактаби «Устоду шогирд»-ро дар таълимгоҳ ба роҳ монд. Соли 1990 бо «Ифтихорнома»-и Вазорати таълими халқ сарфароз карда шуд. Дар давоми солҳои 1993-1996 сарварии таълимгоҳи зикршударо ба ӯҳда гирифта, дар ин давра иштироки  хонандагони мактабро ба олимпиадаҳои ноҳиявию вилоятӣ ба роҳ монд. 
Муаллим дар давоми умри 72-солаи худ 50 соли бобаракати онро ба таълиму тарбияи насли ҷавон бахшид. Имрӯзҳо садҳо мутахассисони соҳаи тиб, кишоварзӣ, санъат ва мактабу маориф устодро бо эҳтироми баланд қадршиносӣ мекунанд...
Вақте ки ин сатрҳоро рӯйи коғаз меовардам, воқеае аз рӯзгори ин марди наҷиб ба хотир омад. Моҳи феврали соли 2014 дар таълимгоҳи деҳаамон ҷамъомади падару модарон баргузор шуд. Яке аз масъалаҳои рӯзномаи ҷамъомад интихоби раиси кумитаи падару модарони хонандагони таълимгоҳ буд. Якчанд нафар номзадҳо ба ин вазифа пешниҳод шуданд. Банда бо таклифи сарвари мактаб ба минбари анҷуман баромада, дар бораи вазъи ногувори он замон, ки ба мактабҳои тоҷикӣ хатари ҷиддӣ таҳдид мекард ва аллакай хонандагони синфҳои якуми ҳамаи мактабҳои тоҷикии ноҳия бо забони ӯзбекӣ таҳсил карданашонро баррасӣ намудам. Ягона нафаре, ки дар ин лаҳзаҳои ҳассос ин вазифаи пурмасъулиятро ба дӯши худ мегирад ва софдилона барои халқу миллат хидмат мекунад, ин Н. Муродуллоев мебошад. Ҳама якдилона устодро ба сифати раиси кумитаи падару модарони хонандагони мактаб интихоб намуданд. Устод Муродуллоев ба аҳли толор қавл дод, ки камарбастаи ин хидмат мешавад ва ин масъаларо ба идораҳои дахлдор мерасонад. Пас аз чанд моҳ, ки барои устод ҳар соату ҳар рӯзаш бисёр сангину вазнин афтода буданд, ин талошу ҷадалҳо самара дод ва мактабҳои тоҷикии ноҳия яке пайи дигар аз сари нав ба забони модарӣ фарогири таълиму тадрис шуданд: 
Забони модарӣ пайванди ҷонам, 
Шуда ҷойи ту мағзи устухонам.
Набошӣ ту бароям зиндагӣ нест,      
Надорад лаззате умри ҷавонам.
Бояд эътироф кард, ки солҳои 2014-2016 барои Н. Муродуллоев ва ба он нафароне, ки бо ӯ дӯш ба дӯш, дар як саф истода барои пойдории забони модарӣ истодагарӣ мекарданд, хеле мушкилиҳо пеш меовард. Хушбахтона, ин родмардони далеру шуҷоъ бо ҳама ин ноадолатиҳои баъзе ашхоси худоношинос, ки ба қавле «салла биёр гӯянд, калла меоварданд», истодагарӣ намуданд ва ин матлаби соҳибзабононро рӯйи об бароварданд ва барои пойдории забону миллат гомҳои устувор гузоштанд.
Муаллим завқи баланди бадеӣ дошта, асбобҳои мусиқӣ аз қабили: доира, таблак ва рубобу дуторро хеле бомаҳорат менавозад. Дубайтиҳои мардумиро ба оҳанг дароварда месарояд.
Сатрҳои шеъри ман сози ту бод,
Ёди ёри меҳрубон ёди ту бод.
Ҳафт иқлими биҳишти ҷовидон,
Дар замини меҳрободи ту бод.
Бештари дубайтиҳои сурудаи устод дар сифати зодгоҳ тараннум шудаанд ва муҳаббати бепоёнаш нисбати табиати диёр доим дар ҷӯш ва ифтихори баланди меҳанпарастии ӯ бараъло ҳувайдост:
Эй Хуфар, эй пораи нури Худо,
Эй фурӯғи ишқу паҳнои вафо.
Эй ҳама маънои буду буданам,
Ифтихори ман ту ҳастӣ доимо.
* * *
Домани сабзат бароям ҷонамоз,
Роҳи ту чун қисматам шебу фароз.
Дар кафи ҳар зарра хокат 
зикри хайр,
Кӯҳсорат аз тамаллуқ бениёз.
Ба чеҳраи гарму нуронии устод назар карда фикр мекунам, ки набзи ин гуна мардон бо садои қалби мардум якрангу якмаром мезанад. Бигзор, ки ин қалб бардавом, бомаром ва пурқуввату хушсадо тапиш кунад, то нафъи ӯ ба халқу Ватан, ҷавонон ва эҷодкорон бештар расида бошад.
Ту худ аслан бузургию бузургият 
аён гардад,
Илоҳӣ, номи некӯят ҳамеша 
ҷовидон гардад.
Дуогӯйи ту гардидам, илоҳо дар 
амон бошӣ,
Ба ҳар ҷое, ки бошӣ ту Худоят 
меҳрубон гардад.
Талошҳои устод дар чанд соли охир барои ободии деҳа яке паси дигар самар медиҳанд. Барои ободии роҳ, барпо шудани боғчаи бачаҳо, васли манораи телевизионӣ ва мобилӣ, ки аз умдатарин муаммоҳои рӯз ба ҳисоб мераванд, хушбахтона, яке паси дигар ҳалли худро меёбанд. Дар паси ҳамаи ин муваффақиятҳо чун пири мушкилкушо устод Муродуллоев меистад, ки дар чандин минбари анҷуманҳо ва қабулхонаҳои сайёр ин муаммоҳои сокинони деҳаро ба самъи роҳбарият расонида, дарди халқро дармонбахш гардид.

Илҳом ХИДИРОВ, 
муаллими тоифаи олии забон ва адабиёти тоҷики мактаби рақами 8-уми ноҳияи Сариосиёи
вилояти Сурхондарё.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: