ФАРЗАНДИ ХАЛҚИ БУЗУРГ

Аҳли эҷод Ватан ва зодгоҳи худро дар асарҳояш тараннум намуда, дарди миллатро дарди худ меҳисобад ва баҳри ояндаи дурахшони он мекӯшад.

Инсон дар давоми умри худ ҳаракат мекунад, ки аз худ кори неку номи нек боқӣ гузорад. Яке аз чунин эҷодкорони дар қалби халқу Ватан ҷой гирифта, фарзанди бузурги халқи қазоқ Абай Қӯнонбоев мебошад.
Абай шоир ва мутафаккирест, ки диле чун дили саҳрову уқёнус ва халқи қазоқ бепоён дошт, аз худ мероси гаронбаҳо боқӣ гузоштааст.
Сеҳри қалами ин эҷодкор дар чӣ буд, ки осори ӯро солҳо инҷониб халқҳои  туркигӯй дӯст дошта, мутолиа мекунанд?
Абай таҳсили ибтидоиро дар мадраса бо усули кӯҳна гирифта, эҷодиёти намояндагони адабиёти муосири Шарқро бозавқ мутолиа мекард. Эҷодиёти даҳонакии халқи худро омӯхта, аз он баҳра мебурд, аз ин рӯ бо асарҳои халқпарваронаи худ ба қалби миллатҳо ворид гардид.
Навгонӣ ва дигаргуниҳои иҷтимоию сиёсии кишвар ӯро низ бефарқ нагузоштанд.
Ӯ бо эҷодиёти адибони рус ошно гардид, нигоҳҳои фалсафию дидактикии олимони Юнон –Арасту, Суқрот, Афлотунро омӯхт. 
Аз ғояҳои пешқадам ва арзишҳои умумиинсонии адабиёти Шарқу Ғарб ибрат гирифта, дар эҷодиёти худ рӯи кор овард.
Мероси адабии шоир зиёда аз 200 шеър ва 4 достон – «Искандар», «Масъуд», «Ривояти азим», «Вадим» иборат буда, ҳар кадом мавқеи алоҳида дорад. Бо мақсади ғанӣ гардондани шуур ва дунёи маънавии ҳамзамононаш асаре бо номи «Андарзгуна» таълиф намудааст, ки аз суханони ҳикматомез иборатанд.
Дар он ҳалолӣ, мардонагиву ҷасорат барин хислатҳои неки инсонӣ тарғиб карда мешаванд, шоир инсонҳоро ба муттаҳидӣ, халқпарварӣ, инсофу адолат даъват мекунад.
Аз ҷумла, Абай дар насиҳатҳояш овардааст:
«Оё одами зиндаро аз қалб ҳам азизтар чиз ҳаст?
Қазоқҳо «шахси шердил»-ро марди ҷасур меноманд. Сарчашмаи раҳму шафқат, инсонпарварӣ дил  аст.
Инчунин ошиқӣ, дӯстдорӣ ва муҳаббат низ кори дил аст. Вақте бо амри дил сухан меронӣ ё ба коре даст мезанӣ, суханат рост ва корат бобарор мешавад, агар ба дил гӯш наандохта, бо амри нафс кор кунӣ, албатта роҳгум мезанӣ!»
Насиҳатҳои шоир ба халқҳои бародар – қазоқу қирғиз, тоҷику ӯзбек, ки урфу одатҳои муштарак доранд, қобили қабуланд. Ғояҳои умумиинсонӣ миллат интихоб намекунанд.
Фикрҳои шоир шахсро ба худогоҳӣ ва худшиносӣ даъват мекунад:
«Агар хоҳӣ, ки ба сафи инсонҳои донову боақл дохил гардӣ, рӯзе як маротиба, ё ҳафтае як маротиба, ҳеҷ набошад моҳе як маротиба корҳои иҷрокардаатро сарҳисоб кун, ки ба касе ё ба ҷамъият кӯмак расондӣ ё не?»
Асарҳои Абайро халқи ӯзбек низ дӯст медорад.
Асарҳои ӯ аз ҷониби шоирони ӯзбек тарҷума шуда, ба китобҳои дарсӣ дохил шудаанд.
Эҷодиёти Абай таърихи гузаштаи халқи ӯзбек, симои фидоиёни онро, ба монанди Фитрат, Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ, Чӯлпон, ки ба фардои миллат ва ояндаи Ватани худ хидмат кардаанд, пеши назар меоварад.
Қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев «Дар бораи омӯхтан ва васеъ тарғиб намудани эҷодиёти шоир ва мутафаккири бузурги халқи қазоқ Абай Қӯнонбоев» яке аз воқеаҳои хурсандибахш ба шумор меравад.
Чорабиниҳое, ки дар чаҳорчӯбаи қарори мазкур татбиқ мешаванд, баҳри абадӣ гардидани хотираи шоир хидмат мекунанд.

Озода ТОҶИБОЕВА, 
устоди Донишгоҳи давлатии забон ва адабиёти ӯзбеки ба номи Алишер Навоии Тошканд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: