ФАРЗАНДИ МУНОСИБИ ВАТАН БОШЕМ

Барои фарзанди муносиби Ватан шудан ҳар як хонанда бояд саъю кӯшиш намояд.

 Пагоҳӣ либоси озода пӯшида, бо китобу дафтар ба сӯи мактаб мешитобем. Дар мактаб дари синфҳои васеъ ва равшан ба рӯи мо боз мегардад. Рӯз то рӯз бо саҳифаҳои нав ба нави китоб ошно мегардем. Дар маҳфилҳои гуногуни мактаб, ноҳия, вилоят иштирок карда, илму ҳунар меомӯзем. Табибони мушфиқ ҳамеша аз саломатии мо бохабар шуда меистанд.
Рӯзҳои таътили тобистона дар оромгоҳҳо истироҳат мекунем. Волидонамон дар идора, завод ва фабрикаҳо меҳнат карда, мувофиқи меҳнати худ маош мегиранд. Бобою момоямон низ нафақа мегиранд, давлати пирӣ меронанд. Мо аз хӯроку либос камӣ надорем, аз ин боис бояд ба қадри ин ҳаёт бирасем. Соҳиби одоби нек бошем, дар мактаб хубу аъло хонем. Асосҳои илми замонавиро аз бар карда, худро ба ҳаёти минбаъдаи мустақилона тайёр намоем, дар гул-гулшукуфии Ватани муқаддаси худ саҳм гузорем.
Назар ба нақли момоям, падарашон иштирокчии Ҷанги дуюми ҷаҳон будаанд. Барои ба озодӣ, ба чунин рӯзҳои нек расидани фарзандон, набераю абераҳояшон ҷангидаанд. Падарашон аз ҷанг ногиро шуда омадаанд ва то охири умр ҷароҳатҳои ҷанг он касро азият додааст.
Модаркалонам мегуфтанд, ки ба шароити имрӯзаи шумоён ҳавасам меояд. Айёми мактабхонии мо ҳам дар либос ва ҳам дар ҷиҳозҳои хониш норасоиҳо бисёр буданд. Бо сиёҳдон ва перо менавиштем, либос, парта, китобу дафтар бо ранги сиёҳдон олуда мешуд. Рӯзҳои сарди зимистон синфхонаҳо хунук буд, дар дарс бо палто, телпаку рӯймол ва мӯза менишастем. Ба қадри фаровонӣ бирасед, аъло хонед. 
Барои фарзанди муносиби Ватан шудан, мустақилияти Ватанамонро бояд чун гавҳараки чашм эҳтиёт намоем. Хидмати бобокалонамонро, ки барои ҳифзи Ватан мубориза бурдаанд, қадр намоем. Чуноне ки устод Лоиқ Шералӣ фармудааст:
Ватан – дилҷамъию озодии мост,
Ватан – хушбахтию ободии мост.

Саъбагул ТӮЕВА,
хонандаи мактаби рақами 43-юми ноҳияи Нуратои вилояти Навоӣ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: