ФАРЗАНДИ САЗОВОРИ БУХОРО

Гӯё дирӯзакак ба муносибати 60-солагии адиби номвар Амон Мухтор, ки ба ҳам наздик будем, чизе навишта будам.

Гӯё дирӯзакак ба муносибати 60-солагии адиби номвар Амон Мухтор, ки ба ҳам наздик будем, чизе навишта будам. Аз байн аллакай бист сол гузаштааст.
Ба идораи маҷаллаи «Шарқ юлдузи», ки Амонака сармуҳарририи онро ба ӯҳда дошт, зуд-зуд рафта ва бо баҳрамандӣ аз суҳбатҳояш тарафҳои тозаи инсонигариашро гӯё кашф мекардам. Хоксори хоксорон буд ин фарзанди арҷманди Бухоро, ба хурду калон баробар. Сермаҳсул буду сермутолиа. Яке аз китобҳои рӯимизиаш – «Таърихи Бухоро»-и Абӯбакр Муҳаммад Наршахӣ.
Дар бораи зиндагиномаи яке аз аввалин таърихнигорони ин сарзамин Муҳаммад Наршахӣ низ аз забони Амон Мухтор шунида ва аз навиштаҳояш маълумот пайдо кардаам. Фаҳмидаам, ки ӯ дар деҳаи Наршах ба дунё омада, аз падараш Ҷаъфар хату савод, кишоварзӣ омӯхтааст. Вақте ҳукмдори бузург Амир Исмоили Сомонӣ вафот кард ва Аҳмад ибни Исмоил ба тахт нишаст, Наршахӣ ҳамагӣ ҳаштсола буд. Вале мисле аз ҳама гапу корҳои дунё бохабар. Аҳмад дере нагузашта аз ҷониби ғуломонаш кушта шуд ва дар таърих чун Амири шаҳид сабт гашт. Дар даврае, ки Абулҳасан Наср ибни Аҳмад (Насри дувум) соҳибтоҷ гардид, Абӯбакр аз Наршах ба Бухоро омад, дар мадрасаҳо таҳсил намуд, ба дараҷаи уламоӣ расид.
Қисми зиёди умри Абубакр Наршахӣ дар давраи ҳукмронии Амири Саъид – Абулҳасан Наср (Насри дувум) гузаштааст. Вай дар давраи салтанати амири панҷум – Абул Фаворис Абдулмалик ибни Нуҳ низ чанд сол зиндагӣ кард. Навъе мебинем, ба ҳукмравоии панҷ подшоҳ шоҳид буд ва мегуфт бузургтарин ва одилтарин амир – Исмоили Сомонӣ буду халос.
Назар ба Исмоили Сомонӣ (вай 58 сол умр дидааст) фарзандонаш умри кӯтоҳ дидаанд (Аҳмад – 25, Наср – 39, Нуҳ – 30 сол ҳаёт ба сар бурдаанду бас).
Соли 943 (мутобиқи 331-и ҳиҷрӣ) Нуҳ ба тахт нишаст, Наршахиро ба ҳузур хонд ва фармуд дар бораи Бухоро китоб нависад.
Шодравон Амон Мухтор мегуфт, дар бораи Бухоро ва мозии он асарҳои зиёд навишта шудаанд, вале онҳоро ба «Таърихи Бухоро»-и Наршахӣ ҳатто қиёс кардан мумкин не. Зеро Наршахӣ ба далелҳои муътамад такя кард, айни замон воқеотеро қаламӣ намуд, ки бевосита шоҳид буд.
Дар маркази диққати Наршахӣ, қабл аз ҳама, Исмоили Сомонӣ чун амири бузург қарор дошт, таъкид месохт Амон Мухтор, дар бораи давраҳои гуногуни таърихӣ сухан ронда, беихтиёр, ба Сомониён ишора карда мегузашт. Муҳаббати ба Сомониён доштаи таърихнигор дар сабтҳои ба ҳикояҳои шавқовар монанди ӯ баръало намудор мегашт. «Таърихи Бухоро», то андозае ба асари бадеӣ монанд, ки хонандаро ба худ мекашад. Беш аз ҳазор сол аст онро нафақат дар ин диёр, балки берун аз он чун романи завқовар мехонанд. Услуби Наршахиро баъдан Мирхонд ва Хондамир барин таърихнигорон то андозае риоя кардаанд. Ба ақидаи Амон Мухтор, ба асри ХХ омада, Садриддин Айнӣ дар баъзе асарҳояш, хусусан дар «Ёддоштҳо» то ҳадде «наршахиёна» қалам рондааст. Вақте сухан дар бораи Бухорост, ягон муаррих, муҳаққиқ ё суханваре нест, ки номи Наршахиро ба забон оварда нагузарад.
Дар бораи он ки Исмоили Сомонӣ дар асл аз Фарғона буд, ишораҳо мавҷуданд. Ва тамоми ишораҳо ба «Таърихи Бухоро»-и Наршахӣ такя менамоянд, ки дар он сабт аст: «Амири Мозӣ (Исмоили Сомонӣ) дар Фарғона ба дунё омад».
Риштаҳои аёну ноаён Бухорову Фарғонаро мепайванданд, мегуфт раҳматӣ Амон Мухтор ва изофа менамуд бо бузургворе чун Исмоили Сомонӣ баробари бухороиҳо фарғониён низ ҳақ доранд бифахранд.
Амон Мухтор адиби фарғонӣ Асқад Мухторро (фамилияашон як аст) бародарбузург меҳисобид. Ба шаҳру деҳоти вилояти Фарғона сафарҳо мекард, бахшида ба мардуми оддӣ ва заҳматкаши водӣ асарҳо менавишт.
Аснои дар зодгоҳ буданам мӯйсафеде аз ҳамсоямаҳалла, ки Мастонбобо ном дошт, китобе дар даст ба хонаамон омад. Гуфт, ки Амон Мухтор ном нависанда дар бораи ман ҳикоя навиштааст, ба Тошканд равӣ ва ӯро дучор оӣ, миннатдориамро расон. Хуб гуфтам барои дили мӯйсафед, ба яке аз ҳикояҳои китоб, ки қаҳрамонаш Мастонбобо ном дошт, як назар давонда. Баъди нависандаро вохӯрданам воқеаро нақл кардам. Гуфтам, ки мӯйсафеди содадил бо дучороии номаш гумон дорад ҳикоя дар бораи ӯ. Ҳеҷ нигарон набудам, ки адиб мегӯяд: «Бале, ин ҳамон Мастонбобои ҳамдеҳаи шумо, ки аснои сафар ба яке аз ҷойҳои хушманзари водӣ моро ҳамроҳӣ дошт ва бо вовайлосароии аҷиб таъби ҳамаамон хуш месохт...»
Амон Мухтор бо «Овози тоҷик» ва ҳайати таҳрири он аз дер ошноӣ дошт. Рӯзе хоҳиш кардам барои қабул шуданам ба Иттиҳоди нависандагон тавсиянома нависад. Хуб гуфт вай, ду-се рӯз муҳлат диҳед. Он вақтҳо асосан бо «мошинка» чоп мекарданд. Амонака се нусха варақи бо компутер чопшударо дароз кард ва гуфт ду нусхаашро гирифта монед, аз ман хотира. Дар тавсиянома номи Муҳаммадҷон Васфӣ ва Ҷонибек Қувноқ низ чун шоирони зуллисонайн зикр ёфта ва ӯ бо мамнунӣ таъкид месохт, чароғи падарон имрӯз дар «Овози тоҷик» фурӯзон, анъанаҳои нек ҳамон давом мекунанд.
На ҳар адиби маъруф навқаламеро ин тавр дастгирӣ мекунад, бо ҳавсалаи том ӯро ин тавр рӯҳбаланд месозад.
Бухоро таърихи зиндааст, мегуфт Амон Мухтор. Ҳар як саҳифаи пуршаъни он саршор аз воқеаҳои таърихӣ... Вай навиштааст: «Ба торкӯчаҳои Бухоро қадам гузошта, замонҳое дар ин ҷо погузории Исмоили Сомонӣ ё Наршахӣ ё Ибни Синоро тасаввур мекунед ва чунин метобад ба назаратон, ки ба олами афсона ворид мегардед...»
А.Мухтор дар бораи бузургмардони олами илм, адаб ва фарҳанги Бухоро бо меҳр ва ҳисси ифтихор сухан меронд. Инсонҳои муътабаре, ки дар Бухоро гузаштаанд, рӯихати калон мегуфт вай: Аҳмади Донишу Садриддин Айнӣ, Фитрату Султон Ҷӯра, Олим Хӯҷаеву Раззоқ Ҳамроев, Мухтор Ашрафию Мутаваккил Бурҳонов...
Имрӯз худи Амонака ҳам дар қайди ҳаёт нест... Вале бо мероси бойи адабие, ки бозгузошт, номаш зинда аст. Ӯ ба сифати шоир, ҳикоянавис, қиссанавис ва романнавис наздик 30 китоб дорад. «Оҳанг», «Шуъла», «Марворид», «Шиддат», «Шаршара» барин дафтари шеърҳояш дасту дили ҳаводорони назмро гарм сохтаанд. Баробари қиссаву ҳикоёт драмаҳо ва манзараҳои адабиаш низ қобили таваҷҷӯҳ. Романҳое дорад бо унвони «Ффу», «Мамлакат ва салтанати бонувон», «Майдон», «Подшоҳи зан», «Муҳаббати аз марг пурзӯр». Вай боз бо «Бибӣ афсона мегӯяд», «Рӯзе аз рӯзҳо», «Баъди ҳазор сол», «Сандуқи куҳна» барин дафтари шеър, афсона ва ҳикоёташ дар рушди адабиёти кӯдак низ саҳм гузоштааст. Соли 1990 барои романаш «Сари хам» ба Мукофоти солонаи Иттифоқи нависандагон сазовор гашт.
Арбоби хидматнишондодаи санъати Ӯзбекистон Амон Мухтор соли 1998 бо ордени «Дӯстлик», соли 2009 барои диологияаш бахшида ба ҳаёти Алишери Навоӣ ба Мукофоти давлатии Ӯзбекистон дар соҳаи адабиёт тақдир шуд. Дар қатори чанде аз намояндагони барҷастаи адабиёт ва фарҳанг, ки ҳоло дар қайди ҳаёт нестанд, дар арафаи 30-солагии истиқлолият Амон Мухтор низ бо ордени «Меҳнат шӯҳрати» – мукофоти баарзиши Ватан сазовор дониста шуд. 80-солагиаш дар Бухоро ва Тошканд васеъ таҷлил гашт.

М. ШОДИЕВ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: