ФАРЗАНДИ СОДИҚИ ВАТАН МЕШАВЕМ

Имрӯзҳо дар саросари кишварамон дар доираи моҳонаи ҳарбию ватанпарварӣ дар корхона, муассисаи таълим ва маҳаллаю манзилҳои истиқоматӣ, вохӯриҳо бо курсантҳо ва афсарони қисмҳои ҳарбӣ бахшида ба ин сана мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ баргузор мегарданд.

Имрӯзҳо дар саросари кишварамон дар доираи моҳонаи ҳарбию ватанпарварӣ дар корхона, муассисаи таълим ва маҳаллаю манзилҳои истиқоматӣ, вохӯриҳо бо курсантҳо ва афсарони қисмҳои ҳарбӣ бахшида ба ин сана мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ баргузор мегарданд. 
Он рӯз дар варзишгоҳи «Ёшлик»-и ноҳияи Тӯрақӯрғони вилояти Намангон ҳазорон ҷавонон  ва вакилони аҳолӣ ҷамъ омаданд. Дар ин ҷо ба муносибати моҳона таҳти шиори «Ҳар кӣ ба Ватан содиқ аст – он ман ҳастам» чорабинии ҳарбию ватанпарварӣ баргузор гардид. 
Чорабиниро ҳокими ноҳия Зулайхо Маҳкамова бо сухани муқаддимавӣ кушод ва таъкид намуд, ки ҷавононро дар руҳи садоқат ба Ватан тарбия кардан аз вазифаҳои умдатарини рӯз аст ва иштирокдоронро дар моҳонаи номбурда ба фаъол иштирок намудан даъват кард. 
Сардори Садорати корҳои мудофиаи вилоят Элмурод Хӯҷааҳмадов риштаи суханро гирифта гуфт, ки барои бунёди Ӯзбекистони нав ҷавонони имрӯза бояд Ватанро дӯст доранд, дар ҳама соҳа пашсафиро аз даст надода, намунаи ибрат бошанд, чунки ояндаи мамлакат дар дасти ҷавонон аст.
Дар варзишгоҳи «Ёшлик» аз тарафи хидматчиёни ҳарбӣ маҳорати ҷангӣ ва техникаи ҳарбию техникӣ намоиш карда шуд. Ин дар дили ҷавонон, барои касби ҳарбиро ихтиёр карда, ҳимоятгари Ватан шудан, меҳру муҳаббат пайдо мекунад.
Дар тантана шеъру сурудҳо бахшида ба ҳифзи Ватан, ободии диёр аз ҷониби  аскарон ва санъаткорони ҷавон ба эътибори ҷамъомадагон ҳавола карда шуд. Идомаи чорабинӣ дар «Бозори деҳқони сабз» ва Боғи маданияту истироҳати «Водии афсонаҳо»-и  шаҳри Намангон ва дигар шаҳру ноҳияҳои вилоят идома ёфт.

А. МУРОДОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».

Вилояти НАМАНГОН.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: