ФАРЗАНДИ ҲУНАР БОШ

Дар вазъи кунунии ҷаҳонишавӣ кишвари мо босуръат пеш меравад, иқтисодиёт рушду равнақ ёфта, ҳаёти иҷтимоии мардум рӯ ба беҳбудӣ овардааст.

 Дар ин раванд суол пайдо мегардад: оё мо ба ин ҷараёни тараққиёт омодаем? Ҷаҳонбинӣ ва тафаккури мо ҷавобгӯйи замон аст? Агар на, пас чӣ бояд кард?
Бо замон ҳамқадаму ҳамнафас будан марбут аст ба ташаккулу такомули маданияти ҳуқуқии инсон ва ё шаҳрванд. Ташаккули маданияти ҳуқуқӣ ба дарки моҳият ва равандҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва сиёсии ҷомеа кумак мекунад. Инсон мавқеи худро дар ҷомеа пайдо намуда, метавонад озодона дар ҳаллу фасли мушкилоти ҷомеа, рушду нумӯи кишвари худ саҳм бигирад. Мақом ва мавқеи худро дар ҷамъият пайдо намояд. Ташаккул ва такомули маданияти ҳуқуқӣ дар иртибот бо ташаккули маънавият сурат мегирад. Ҳар як шаҳрванди кишварро зарур аст пайваста дар омӯзиш, ҷустуҷӯ ва такомули маънавият ва маърифати хеш бошад.
«Бешубҳа, дар солҳои истиқлолият дар кишвари мо дар роҳи бунёди давлат ва ҷомеаи нав корҳои таърихӣ анҷом дода шуданд, – омадааст дар ҷавобҳои Президент Шавкат Мирзиёев ба саволҳои рӯзномаи «Янги Ӯзбекистон», бо иродаи шикастнопазир ва иқтидори бузурги мардуми мо комёбиҳои бузург ба даст оварда шуданд. Дар як муддати кӯтоҳи таърихӣ Конститутсия таҳия ва қабул карда шуд. Мамлакати мо ҳамчун давлати соҳибихтиёр дар ҷомеаи ҷаҳонӣ мақоми сазовор ишғол кард. Дар Ӯзбекистон  ба сохти конститутсионӣ асос гузошта шуд. Се шохаи мустақили ҳокимият – ҳокимияти қонунгузорӣ, иҷроия ва суд таъсис дода шуданд. Давлати бо маънои том конститутсионӣ барпо карда шуд». Асосҳои давлати демократии ҳуқуқ-бунёд барпо гардид.
Бешубҳа, имрӯз дар мамлакати мо перомуни ислоҳоти ояндасоз боз як ҷараёни муҳиму бедоршавӣ амалӣ мегардад. Ибораҳои «Ӯзбекистони Нав» ва «Эҳёи Нав» дар зиндагии мардуми мо ҳамоҳанг садо медиҳанд, мардуми моро ба ҳадафҳои бузург илҳом мебахшанд, ба бунёдкории ояндасоз ва бунёди давлати пурқудрати демократӣ ва ҳуқуқӣ раҳнамун месозанд. Баҳри тадбиқи амалии ин раванди таърихӣ дар кишвар имкониятҳои васеъ муҳайё гардиданд.
Ба ибораи «Ӯзбекистони Нав» сарвари давлат чунин таъриф додааст: «Ӯзбекистони Нав – ин давлатест, ки мақсади асосии он таъмини ҳаёти озод, некуаҳвол ва фаровони халқи бисёрмиллатаи мо мебошад. Ин давлатест, ки ба таври қатъӣ мутобиқи меъёрҳои аз ҷониби умум дар соҳаи демократия, ҳуқуқу озодиҳои инсон эътирофшуда, ки ба принсипҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ бо ҷомеаи байналмилалӣ асос ёфтааст, рушд мекунад«.
Барои расидан ва татбиқи амалии ин ҳадафҳои бузург Президент вазоифи устуворро, ки ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятиро фарогир аст, пешниҳоди халқи кишвар намудааст. Татбиқи амалии вазифаҳои устувор аз шаҳрвандон таҷриба, донишу маърифат, омӯзиш ва ҷустуҷӯйи доимиро тақозо  дорад.
Дар Ӯзбекистон муносибат ба ҷавонон ба сиёсати давлатӣ табдил ёфта, барои мақом ва мавқеи худро дар ҷомеа пайдо намудани онҳо ҳама гуна имконот муҳайё гардонида шудааст. Таълими босамар яке аз рукнҳои ҳаллу фасли ин мушкил мебошад. Аз ин рӯ, дар соҳоти таълиму тарбия, яъне оиди мактабу маориф зимни омӯзиши таҷрибаи давлатҳои мутараққӣ ислоҳоти ояндасоз гузаронида мешаванд. Татбиқи амалии ин ислоҳот ба рушди маънавияту маърифати ҷавонон кумак намуда, ба дарки асос ва моҳияти ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсии ҷомеа имкон медиҳад. Ин раванд аз омӯзгор низ таҷрибаву дониши ғаниро тақозо дорад. Ҳар як омӯзгор бояд аз ҳаёти иқтисодию иҷтимоӣ ва сиёсии ҷомеа огоҳ, ба таъбир, бо замон ҳамнафас бошад ва тавонад ин ҳамаро дар шуури шогирдон ҷо диҳад. Пас татбиқи амалии ин раванди ояндасоз аз кулли омӯзгорон омӯзиш, омӯзиш ва боз омӯзишро тақозо дорад. Дар акси ҳол ӯ симои омӯзгории худро гум мекунад. Абулқосими Фирдавсӣ фармудааст:
Замоне маёсой аз 
омӯхтан,
Агар ҷон ҳамехоҳӣ 
афрӯхтан. 
Таърихи тараққиёти давлати рушдёфтаи дунё – ИМА далели боэътимод ва сабақест ибратпазир. Яке аз муҳимтарин омилҳои тараққиёти босуръати ин кишвар муҳоҷирати 25 миллион нафар олимон, коргарони соҳибҳунар ва соҳибкорони бомаърифати аврупоӣ буд, ки «онҳо дар амал мутахассисони баландмалака буданд». («Таърихи ҷаҳон», китоби таълимӣ барои донишомӯзони синфи 9, Т., 2019, саҳ. 48). 
Албатта, имрӯз замон дигар асту вазъият дигар. Давлатҳои рушдёфта ба кишварҳои рӯ ба тараққӣ сармоягузорӣ мекунанд. Чун дар ин мамолик қувваи кории арзон ва ашёи хоми истеҳсолӣ зиёд аст, аз ин ҷараён ҳар ду ҷониб манфиатдор мешаванд. Сармоягузор даромади изофӣ гирад, дар кишвар соҳибҳунарон бо кор ва маош таъмин ва буҷаи давлатӣ ғанӣ мегардад. Иқтисодиёти давлат рушд ёбад, вазъи иҷтимоии аҳолӣ беш аз пеш хубу беҳтар мегардад.
Сармоягузорони хориҷӣ на ҳар коргар – иҷоракорони пешомадаро бо кор таъмин менамояд. Байни корҷӯён рақобат авҷ мегирад. Аз 10-12 нафар толиби кор як-ду нафар довталаби фаъоли соҳибҳунари бомаърифат интихобан бо кор таъмин мегардад. Пас ҳар як ҷавон бояд пайваста дониш ва ҳунар омӯзад, маҳорати касбии худро сайқал диҳад. Ин гуна ҷавонони соҳибҳунару бомаърифатро ҳамеша ҷойи кор ва маоши хуб интизор аст...
Дар Ӯзбекистон ҷавонон қишри асосии аҳолиро ташкил медиҳанд. Барои рушду камоли онҳо дар кишвари мо ҳама гуна имконоти дониш ва касбу ҳунаромӯзӣ муҳайё гардидааст. Ҷавононро танҳо омӯзиши донишу касбу ҳунар ва такмили маҳорат зарур асту бас. Дар ин сурат ба муҳоҷирати меҳнатӣ зарурат намемонад.

Ӯзбакбойи РАҲМОН,
таърихнигор.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: