Имрӯзҳо хешону пайвандон, шогирдон ва ҳамкорон 100-солагии Ҳуқуқшиноси хидматнишондодаи ҶШС Ӯзбекистон, Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ, полковник Боис Иргашевро ҷашн мегиранд.
Имрӯзҳо хешону пайвандон, шогирдон ва ҳамкорон 100-солагии Ҳуқуқшиноси хидматнишондодаи ҶШС Ӯзбекистон, Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ, полковник Боис Иргашевро ҷашн мегиранд.
Боис Иргашев дар овони ҷанг разведкачии полки артиллерии рақами 132-юми артиши дувоздаҳуми Фронти 3-юми Украина буд. 5 майи соли 1921 дар Самарқанд таваллуд ёфтааст. Баъди хатми мактаби миёна ба сифати моторист, ёвари механики фабрикаи дӯзандагии «8-уми Март», механики театри драмавии Самарқанд кор кард. Ба сафи лашкари дарамалбуда соли 1942 даъват шуд. Дар фронтҳои Ҷанубу Ғарбӣ, Сталинград, Дон ва 3-юми Украина ҷангид.
Гирудорҳои ӯ ҳангоми фатҳи Днепр дар шаҳри Запароже ва набардҳо дар платсдарми забткардашудаи ҷазираи Хортис эҳсосшаванда буд. Шаби 26 октябри соли 1943 бо десант полки гвардияи тирандози рақами 185 ба соҳили дигари Днепр убур карда, дар ҷазира ҳамроҳи алоқачиён хати телефонро аз мавқеи пиёдаҳо то нуқтаи фармондиҳии полки артиллерӣ кашид. Ба мақсади пайвастани ноқили канда дарёро чанд бор убур кард. Дар тӯли рӯз бо қисми ҳарбии тирандоз чанд бор ҳуҷуми душманро зада гардонд. Дар муҳосира монда дар ҷанги даст ба гиребон чанд сарбозу афсари адӯро ба ҳалокат расонд, пулемёти душманро ба даст дароварда, алайҳи онҳо оташ кушод, ин кори ӯ имкон дод, ки пиёдаҳо дар амон монанд. Барои ин ҷасорат бо Фармони Президиуми Шӯрои Олии СССР 22 феврали соли 1944 ба Иргашев Боис Ҳамидович унвони Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ ҳамроҳ бо ордени Ленин ва медали «Ситораи Сурх» дода шуд.
Старшинаи гвардия Б. Иргашев соли 1944 демобилизатсия карда шуд ва ба Ватан баргашт. Ба ҳайси котиби кумитаи вилояти самарқандии ВЛКСМ кор оғоз кард. Як муддат бори мудири шуъбаи рӯзномаи «Ӯзбекистони сурх» (ҳоло «Овози тоҷик»)-ро бар дӯш дошт. Баъди хатми мактаби олии ҳизби назди КМ ҲК Ӯбекистон дар вазифаҳои гуногуни давлатӣ кор кард. Донишкадаи ҳуқуқи Тошкандро хатм намуд. Солҳои 1968 — 1986 дар Кумитаи бехатарии давлат кор кард, роҳбари дастаи посбонони номзад ба узвияти Бюрои Сиёсии КМ ҲКИШ, котиби якуми КМ ҲК Ӯзбекистон Шароф Рашидов буд.
Ҳуқуқшиноси шоистаи ҶШС Ӯзбекистон 21 июни соли 2000 олами фониро падруд гуфт. Ӯро дар қабристони Яланғоч-2 шаҳри Тошканд ба хок супурданд.
Аз китоби Владимир Конев «Лаънатшудагон ва фаромӯшшудагон» мо медонем, ки «дар ин гурӯҳ разведкачии полки артиллерии рақами 132-юм, старшина Б. Иргашев низ буд. Фашистон далеронро дар назди соҳил ба даст мегирифтанд. Қарибии субҳ аз паррондани мушак ҳама ҷо рӯшан шуд. Дар назди кемаи Иргашев мина таркид. Ду нафар сарбоз ҳалок шуданд, мавҷи таркиш Иргашеви аз пой захмдоршударо ба оби сард афканд. Либосу афзори гарони ҷангӣ ҷисми ӯро ба таҳ мекашид. Хушбахтона, соҳил наздик буд.
Старшина тамоми нерӯяшро ҷамъ карда, то соҳил шино кард. Ӯ аввал дар паҳлӯи ҷасади афсари немис дароз кашид, сипас тоскулоҳи ӯро пӯшида ба хандақ гузашт, аз он ҷо гирду атрофро таҳти назорат гирифт. Гитлерчиён аз се самт фишор оварда ба дарё десант партофтан мехостанд.
Онҳо гурӯҳи ҳаждаҳнафараеро, ки дар байнашон Иргашев низ буд, аз қисми асосӣ ҷудо карда тавонистанд. Гурӯҳ ба ҳимоя гузашта чор ҳуҷуми душманро гардонд. Тири гурӯҳ ба охир расид, ҷанги дастбагиребон оғоз ёфт. Боис вақте ба дунболи душман медавид, тири миномёт ӯро аз пой афтонд, аз ҳуш рафт... Субҳ ба худ омад. Ин ҳангом ҷанг ба самти соҳил кӯчида буд. Немисҳо атрофро печонда гирифта буданд. Садои таппонча баланд шуд, маълум шуд, ки душман захмиҳоро як-як мепарронад. Шуълаи фонар рӯ-рӯйи замин медавид, қадаммонии душман наздиктар мешуд. Боис нафас ба дарун кашид. Эсэсчӣ бо зарби пойи мӯзадор ҷисми хуншори старшинаро ғелонд ва ба гумони он, ки мурдааст, роҳашро идома дод.
Аз соҳили чап садои артиллерия баланд шуд, қисми мо ба ҳуҷуми навбатӣ гузашта буд. Боис ба самти соҳил гавак кашида баъди чанд метр пеш рафтан дид, ки сарбози захмие нолидан дорад. Захми ӯро басту ба пеш кашид, ӯ об мехост. Боис обдонашро ба даҳонаш дошт. Дар обдонаш об намонда буд. Захмиро ба самти дарёча кашида мерафт, ки аз пешорӯяш ду немиси пулемёт дар китф баромаданд. Боис дар паси дарахт руст шуд. Онҳо чанд қадам гузашта рафта машварат оростанд. Маълум шуд, ки онҳо дар соҳил мавқеи худро устувор намуданианд. Ин ҳангом сарбози захмӣ нолиш кард. Немисҳо ба сӯйи садо рафтанд. Яке аз миён теғашро бароварда кори сарбозро тамом кард. Нафаскашии Боис торафт душвор мешуд. Десантҳои мо ба ҳуҷум гузаштанд. Сарбозҳои немис рӯйи харсанге қарор гирифта, хостанд десантҳоро бо тири пулемёт «пешвоз» гиранд. Боис филфавр автоматро ба кор андохта, ҳар дуро замин газонд. Сипас худро ба болои пулемёт ҳаво дода, онро ба даст даровард. Немисҳои дар хандак буда ба сӯйи десантҳо тирандозиро давом медоданд. Вақте Боис аз пулемёти ба даст афтода ба сӯи хандақи немисҳо оташ кушод, онҳо роҳи гурезро пеш гирифтанд. Бад-ин тариқ, душман талафоти калон дод.
Ин иқдомро рӯзномаву маҷаллаҳои марказию ҷумҳуриявӣ равшан намуданд, дар бораи он панҷ китоб рӯйи чопро дид. Дар тахтасанги ёдгории воқеъ дар Запороже доир ба Б. Х. Иргашев навишта шудаааст:
«Фарзанди Зарафшон, қаҳрамони Днепр».
Ному иқдоми Б. Иргашев дар таърихи Ҷанги Бузурги Ватанӣ сабт ёфтааст.
Раҳимҷон СУЛТОНОВ.