Баъд аз мутолиаи маводи Фаридуни Фарҳодзод «Агар устоду шогирд «ишқ» варзанд» («Овози тоҷик», 25.09.2019, №78) зери рукни «Доғи рӯз» мушкилоту нозукиҳои тарбияи фарзанд, бахусус духтарон, имрӯз аз чӣ гуна «устод»-он таълиму тарбия гирифтани онҳо, ба сифати модари 3 фарзанд, маро ба ташвиш овард.
«Биринҷ бе курмак намешавад» мегӯяд мардуми мо. Таассуфовар аст, ки имрӯз дар байни устодони ҷонсӯзу маърифатпарвар чунин омӯзгорони ба номи инсонӣ нолойиқ низ ҳастанд.
Солҳои 90-уми асри гузашта, яъне солҳои донишҷӯиям низ шунида будам, ки чунин «омӯзгор»-он ҳастанд. Фикр мекардам, ки ин гуфтаҳо «овозаҳо»-и донишҷӯдухтарон аст.
Мақола ҳадиси машҳурро ба хотирам овард: рӯзе дар як маҷлис пайғамбарамон Муҳаммад (а) мегӯянд, ки агар мӯъмин ба 3 нафар духтараш тарбияи хуб дода, ба камол расонад, бешубҳа, ба биҳишт хоҳад рафт.
Яке аз ҳозирон суол мекунад: «Ман 2 духтар дорам, оё ҷаннатӣ мешавам?».
–Албатта, ҷаннатӣ мешавӣ! Шарт ин аст, ки духтаронатро бо ахлоқи ҳамида тарбия намоӣ, – мегӯянд Муҳаммад (а).
Пайғамбар (а) баъд аз таваққуф боз гуфтаанд: «Агар як нафар духтарро низ ҳамчун солиҳа ба воя расонед, ҷаннатӣ мегардед».
Аз ҳадиси мазкур аён мегардад, ки тарбияи духтар масъулиятнок аст.
Баъд аз ба мактаб рафтани фарзанд дар ҷамъомадҳои синфӣ иштирок намуда, бо муаллимон доир ба тарбия ва таълими ӯ борҳо суҳбат мекунем.
Кӯшиш менамоем, каму костиҳои рафтору кирдорашро ислоҳ намоем. Аммо вақте ки ба синфҳои болоӣ мегузарад, ба коллеҷ ё муассисаи олӣ дохил мешавад, чаро ӯро «аз даст медиҳем». Ҳол он ки баъзан фарзанди 16 ё 20-солаи мо низ дар ин синну сол муҳтоҷи тарбия мешавад. Аз рӯйи ақидаи равоншиносон ҷавонони ин синну сол ҳанӯз ҳамчун шахс ташаккул намеёбанд.
Агар мо – модарон соле 2-3 маротиба ба таълимгоҳ рафта, ба хонишу тарбияи ӯ эътибор диҳем, ба манфиати мою ҷамъият хоҳад буд. Бешубҳа, хабардор гардидани падару модар ё калонсолони оила аз аҳволи фарзандон ҳолатҳои нохушеро, ки дар мақола оварда шудааст, пешгирӣ менамояд.
Дар дини мубинамон илм омӯхтани занон низ фарз шуморида шудааст. Ҳеҷ кас ҳуқуқ надорад, ки ба илмомӯзии духтаронамон монеъ шавад. Танҳо модари бо илму маърифат ва дорои ҷаҳонбинии васеъ фарзандони ба ояндаи кишвар нафъоварро тарбия карда метавонад.
Фарзандамонро, хоҳ ӯ духтар бошад, хоҳ писар, чунон тарбия намоем, ки онҳо моро ба сифати дӯсти маслиҳатгӯй қабул кунанд. Мушкилиҳои пешомадаро ба атрофиён не, балки бе биму ҳарос ба мо гуфта тавонанд.
Ба ҷуз ин, лозим аст, ки онҳоро чунон тарбия намоем, ки қадру қимати инсонии худро донанд. Қадру қимати инсон дар сарвати моддӣ ё либоси зебои ӯ нест, балки ба ғановати маънавии ӯст, ки дар натиҷаи тарбияи дуруст ҳосил мешавад. Он гоҳ ба ҳаёти фарзандони худшиносамон омӯзгорони сабукрафтору бадкирдор осебе расонда наметавонанд.
Нодира НОДИРОВА,
шаҳри Бухоро.