ФАРЗАНДОНИ БОМАЪРИФАТ — БАХТИ ОИЛА

Сарвари давлатамон аз рӯзҳои аввали ба вазифаи худ шурӯъ кардан, ба таълим ва тарбияи ҷавонон эътибори алоҳида зоҳир мекунад.

 Инчунин, баробари баланд бардоштани мақоми омӯзгорон, зина ба зина зиёд кардани маоши муаллимон қарорҳои дахлдор қабул кард, то ҷавонон соҳибони дониши баланд шаванд. 

Ҳар як эроди некбинона ва дурандешонаи сарвари давлат ба ояндаи дурахшони ҷавонони кишварамон нигаронида шудааст.
Ҳоло ман бо рӯзномахонон таҷрибаҳоямро доир ба таълиму тарбияи хуб додан ба фарзандон, сармоя гузоштан барои маълумоти олӣ гирифтани онҳо ва дар оянда меваи ширини онро чашидан баҳам диданиам. 
Пас аз хатми Донишгоҳи давлатии Намангон, дар мактаби таълими ҳамагонии рақами 1-уми шаҳри Чуст ба мактабиён аз фанни забони русӣ дарс додам. 
Барои илмомӯзии фарзандонам аз синни бачагиашон ҳамаи шароитро фароҳам овардам. Кӯшиш намудам, ки ягон дақиқа вақташон беҳуда наравад. Саъю ҳаракати ман натиҷаи дилхоҳ дод. Писари калонӣ Беҳзодҷон ба Донишгоҳи муҳандисию технологии Намангон бо гранти давлатӣ қабул шуд. Ба бародараш такя карда, писари дуюмӣ Бобурҷон ҳам ҳар як фанро сари вақт азбар кард. Ба факултаи иқтисодиёти Донишгоҳи шарқшиносии Тошканд қабул шуд. Ӯ орзу мекард, баъди хатми бакалавриат магистратураро дар Ҷопон идома диҳад. Ба орзуяш расид. Ҳатто дар олимпиадаи Токио тарҷумонӣ низ кард. Бунёдҷон низ аз пайи бародаронаш рафт. Ӯ ҳоло дар Донишкадаи муҳандисию технологии Намангон таҳсил мегирад. Духтарам Марҷона донишҷӯйи факултаи забони русии Донишгоҳи миллии Ӯзбекистон мебошад. Беҳзодҷон ва Бобурҷон ҳоло соҳиби хонаву дар. Онҳо бо ҳамсаронашон аҳлу тифоқ умр ба сар мебаранд.
Меҳнатдӯстӣ, илмомӯзӣ гарави комёбиҳои бузург мебошад.

Манзурахон КАРИМОВА,
шаҳрванди ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи Дӯстлики ноҳияи Чусти вилояти Намангон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: