ФАРЗАНДОНИ КӮҲҲОИ БАЛАНД

Деҳаи Хӯҷадияки ноҳияи Бойсун дар доманакӯҳҳои Саримаск воқеъ буда, сокинони он тоҷиктаборанд.

Деҳа  беш аз 700 нафар аҳолӣ дорад. Дар ин ҷо мактаби таълими ҳамагонии рақами 14-ум амал мекунад, таҳсил ба забони тоҷикист. Урфу одат ва тарзи зиндагии аҳли деҳа бештар ба анъана ва рӯзгори мардуми ҳардурии деҳаи Боғучорбоғи вилояти Қашқардарё шабоҳат дорад. Мо ин ҷо ният кардем дар бораи ҳаёт ва кору фаъолияти падару писар – Ҷӯрабой Сафарови 97-сола ва сарвари хоҷагии фермерии «Мулло Ботурбой» Абдухалил Сафаров ҳикоя кунем.
Ҷӯрабой Сафаров дар ҳамин деҳа ба дунё омада, бо меҳнати ҳалол зисту зиндагӣ кардааст. 
Солҳои 60-уми асри гузашта аксар сокинони деҳаро ба таҳдашти ноҳияҳои Музработ ва   Қумқӯрғон мекӯчонанд. Азбаски бобои Ҷӯрабой нисбат ба зодгоҳи хеш меҳри беандоза дошт, аз муҳоҷират канораҷӯӣ мекунад.
– Ман дар ҳамин сангистон ба дунё омадам, ин диёр Ватани ман аст, — гӯён дар деҳа монд. Ба назараш деҳаро сел бурда буд он замон. Ҳама кашару манзили сокинон вайрону ҳайрон ба назар мерасид. Баъзан ба ёди ҳамдеҳагон дилаш ба таъзиқ меомад ва худро маломат мекард, ки чаро ҳамроҳи онҳо ба таҳдашт нарафт. Акнун танҳо дар ин сангистон, чӣ гуна зиндагӣ мекунад. Пас аз муддате чанд нафар аз таҳдашт дубора ба деҳа баргаштанд. Баъдтар деҳа ва чаргоҳҳои Хӯҷадияк ба тасарруфи совхози «Гагарин»-и ноҳияи Қумқӯрғон ҳамроҳ карда шуду роҳбарони хоҷагӣ Ҷӯрабой Сафаровро сарвари бригадаи хошоктайёркунӣ таъин карданд. Ҳамин тариқ бобои Ҷӯрабой дар вазифаҳои гуногун зиёда аз чил сол кор кард. Вақти ба нафақа гусел кардани ӯ роҳбарият ва иттифоқи касаба қарор доданд, ки бо назардошти хизматҳои хубу бенуқсонаш трактори МТЗ-и хоҷагиро ба Ҷӯрабой Сафаров туҳфа кунанд. Ҳокимияти ноҳия қарори ҳайати маҷлиси хоҷагӣ ва иттифоқи касабаро маъқул донист.
Бобои Ҷӯрабой  соҳиби 11 фарзанд мебошад. Ҳамаи онҳо дар зиндагӣ роҳи хешро пайдо карда, хонаву дару фарзандони баркамол доранд. Бобои Ҷӯрабой раҳнамову дуогӯи ҳам хонавода ва ҳам аҳли деҳа аст. 
Чанд сол қабл аз ин, вақте ки хоҷагиҳои фермерӣ ташкил шуданд, бобо ба писари хурдиаш Абдухалил Сафаров маслиҳат дод, ки ӯ низ аз ҳисоби заминҳои лалмӣ ва чарогоҳҳо чунин хоҷагиро ташкил кунад. Ҳокимияти ноҳия барои ӯ зиёда аз 60 гектар замини лалмӣ ва 70 гектар чарогоҳ ҷудо кард. Ҳамин тариқ Абдухалил Сафаров дар деҳаи Хӯҷадияк хоҷагии фермерии «Мулло Ботурбой», ки ба ёди бобояш гузошта шудааст, ташкил намуд. 
Ба қарибӣ бо сарвари хоҷагии фермерии «Мулло Ботурбой» Абдухалил Сафаров дар маркази ноҳия вохӯрдем. Аз кору фаъолияти хоҷагиаш пурсон шудем. Ӯ дар суҳбат гуфт, ки ба шуъбаи кишоварзии ноҳия ариза дода, хоҳиш кардааст, ки барои чорвои калон ва моли реза беш аз 100 гектар замин ҷудо кунанд.
– Корҳо чӣ хел? – пурсидем аз ӯ.
– Минтақаи мо кӯҳсор. Замини кишт хеле кам. Дар тасарруфи хоҷагии мо беш аз 60 гектар замини корам мавҷуд. Ҳар сол дар нисфи ин заминҳо кишт мекунем. Нисфи замини боқимондаро барои кишти соли оянда дам медиҳем. Беш аз 200 сар гӯсфанд ва 15 сар чорвои калон дорем. Ҳар сол барои парвариши онҳо хошоки бисёр зарур. Мо, агар дар шароити кӯҳистон шумораи чорворо зиёд накунем, фоида ба даст овардан муҳол аст. Аз ин хотир бояд ҳар як хоҷагии фермерӣ шумораи чорвояшро зиёд кунад.
– Ҳар сол бо маслиҳату машварати падарам дар заминҳои хоҷагӣ гандум, ҷав, нахӯд корида, аз онҳо ҳосили дилхоҳ мерӯёнем. 
Дар урфият беҳуда «Бепир марав, ки дар бимонӣ, ҳарчанд Сикандари замонӣ» намегӯянд. Дар иҷрои ҳар як кор падарам маслиҳатгари мо ҳастанд. Имсол дар тирамоҳ зиёда аз 15 гектар гандуму ҷав коридем. Худо барори корамонро диҳад, баҳорон ба 10 гектар нахӯд мекорем. Ният дорем, ки саршумори чорворо зиёд намуда, аз он фоидаи бештар гирем. 
Аз суҳбати сарвари хоҷагии фермерии «Мулло Ботурбой» Абдухалил Сафаров дарк кардам, ки одамон дар кӯҳистони баланд беҳуда зиндагӣ   намекардаанд. Орзуи онон чун кӯҳҳо баланд буда, дар роҳи амалӣ гаштани он аз ягон душвориву монеагиҳо намеҳаросанд. Омад, ҳамеша ёри шумо бод, эй фарзандони кӯҳи баланд.

Нуралӣ РАҶАБ, 
хабарнигори 
«Овози тоҷик» дар вилояти Сурхондарё.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: