ФАСЛИ ХАЗОНРЕЗ: МУШКИЛОТ ВА ҲАЛЛИ ОНҲО

Мо ҳама нағз медонем, ки дарахтон дар табиат ва ҳаёти инсон чӣ қадар муҳиманд.

Аз ҷумла, дунёи «сабз» ҳавои шаҳрро 2-8 дараҷа хунук нигоҳ медорад. Як дарахт дар як сол то 15 ҳазор литр обро дар хок захира мекунад. Ба туфайли манфиатҳои экологии дарахтон бузургшаҳрҳо ҳар сол тақрибан 150 миллион доллар сарфа мекунанд 
Дарахтон ҳамеша ба табиат ва инсон нафъ расонидаанд. Мевааш  ба тан сояаш ба ҷон дармон аст. Аммо ҳар мавсим хусусиятҳои худро дорад. Бо фаро расидани фасли тирамоҳ дарахтон дунёи сабзи худро ба хазонрезӣ медиҳанд. Дар ин фасл мардум дар бораи ҷамъоварӣ ва кашонидани баргҳои рехташуда нигаронанд. Инчунин, ҳодисаҳои сӯхтани он низ мушоҳида мешавад. 
Биёед, бо истифода аз маълумотҳои статистикӣ зарарнокии хазони сӯхтаро  таҳлил кунем. Ҳангоми сӯхтани як тонна хазон ба атмосфера 30 кг оксиди карбон хориҷ мешавад. Ғайр аз ин, дигар моддаҳои ба саломатии инсон ва муҳити зист зараровар, аз қабили диоксиди сулфур, дуд, оксиди азот ва пайвастагиҳои мураккаби органикӣ – диоксинҳо низ партофта мешавад. Дуде, ки аз хазон мебарояд, миқдори оксигенро дар атмосфера кам мекунад. Махсусан, хазони нимсӯхта гази заҳрдор мебарорад. 
Ба фикри мутахассисон, роҳи нафас, чашм ва системаи марказии асаби шахсе, ки аз ҳавои пур аз моддаҳои зарарнок нафас мегирад, осеб мебинад. Дар баробари ин, хатари пайдоиши бемориҳои хавфнок, аз қабили саратони шуш ва диққи нафас меафзояд. Дуди зарарнок аз сӯзондани хазон ба кӯдакон, гирифтори бемориҳои дилу раг, роҳҳои нафас ва одамони аллергия бештар таъсири манфӣ мерасонад.
Набояд фаромӯш кард, ки дар шароити пандемияи коронавирус ифлосшавии атмосфера бо моддаҳои гуногун барои шахсони гирифтори ин беморӣ ва онҳое, ки шифо ёфтаанд, ниҳоят зараровар аст. Бинобар ин, риояи қатъии талаботи ҳифзи атмосфера дар таъмини тозагии муҳити зист ва ҳифзи саломатии инсон аҳамияти хосса дорад. Дар моддаи 88-уми Кодекси ҷавобгарии маъмурии Ҷумҳурии Ӯзбекистон  «Агар сӯзондани бутта, хазон ва шохаҳо ё дигар боқимондаҳои растаниҳо дар киштзорҳо ва маҳалҳои аҳолинишин боиси бо моддаҳои зараровар ифлосшавии ҳаво гардад, шаҳрвандон ба андозаи аз се то панҷ, шахсони мансабдор аз панҷ то даҳ баробар нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад», – гуфта алоҳида қайд карда шудааст.
Дар баробари ин аз рӯйи оқибатҳои сӯхтор низ ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ шудааст. Бар асоси ин, шаҳрвандон, фаъолони маҳалла набояд аз кори нигоҳ доштани вазъи солимии экологӣ дар канор монанд. Дар ошкор намудани шахсоне, ки қоидаҳои экологиро вайрон мекунанд, роли фаъолони маҳалла хеле калон аст. Натиҷаи чорабиниҳо нишон медиҳад, ки ҳодисаҳои сӯхтани хазон, шоха ва дигар боқимондаҳои растаниҳо сол то сол кам шуда истодааст. Бо вуҷуди ин, дар айни замон як қатор вазифаҳо мавҷуданд, ки бояд иҷро шаванд. Ин ба якчанд омил вобаста аст.
Якум, барои сари вақт пешгирӣ намудани ҳодисаҳои хазонсӯзӣ аз тарафи идораю ташкилотҳои дахлдори расмӣ чораҳо андешидан лозим. Хазонҳои дарахтро ҷамъ карда, бо дастгирии ташкилотҳои расмӣ ба ҷойҳои дахлдори берун аз шаҳр партофтан; 
Дуюм, дар натиҷаи коркарди шохаҳои бурида ба тайёр кардани масолеҳи гуногуни бинокорӣ ва брикет шурӯъ кардан;
Сеюм, дар натиҷаи алоҳида ҷамъоварӣ намудани хазон, аз онҳо тайёр намудани нуриҳоро ба роҳ мондан;
Чаҳорум, дар ободонию кабудизоркунии маҳаллаҳои аҳолинишин қатъиян риоя намудани талаботи экологӣ ва тозагии муҳити зист дар асоси мавқеи географии ноҳия ва таваҷҷуҳи махсус ба шинонидани навъҳои растанӣ ва дарахтони барои саломатии инсон фоидабахш;
Панҷум, дар ободонию кабудизоркунии маҳаллаҳо тадбирҳои экологӣ, ба тартиб андохтани партовгоҳҳо ва махсусан пурзӯр намудани назорати ҷамоатӣ диққати махсус додан;
Шашум, баланд бардоштани маданияти экологии аҳолӣ, гузаронидани корҳои фаҳмондадеҳӣ дар байни онҳо тавассути воситаҳои ахбори омма дар пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳои экологӣ муҳим аст. 
Масъалаи дигаре, ки дар ин замина таваҷҷуҳро тақозо мекунад, такмили қонунгузорӣ дар ин самт мебошад. Бояд гуфт, ки ҳоло вакилони Палатаи қонунгузорӣ оид ба ворид намудани тағйири иловаҳо ба як қатор қарорҳо, қабули қонунҳои нав, аз ҷумла таҳияи Кодекси экологӣ, фаъолона кор карда истодааст. Такмили минбаъдаи қонунгузорӣ дар соҳа ба таъмини беҳдошти экологӣ, ташаккули тарзи ҳаёти солим дар ҷомеа, ҳифзи саломатии аҳолӣ ва муҳити зист, кафолати ҳуқуқи насли оянда ба зиндагӣ дар муҳити тоза хидмат мекунад.

Моҳира ХӮҶАЕВА,
узви Кумитаи масъалаҳои экология ва ҳифзи муҳити зисти Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: