ФАСОҲАТИ НУТҚИ ТОҶИКИИ УСТОД

Ба кушода шудани Донишкадаи давлатии омӯзгории Чирчиқ вақти зиёд нагузаштааст, ки он алъон барои муассисаҳои таълимии вилояти Тошканд кадрҳои педагогӣ, мураббӣ ва мутахассисон омода менамояд.

Бо вуҷуди ҳамин, гуфтан мумкин, даргоҳи маърифати номбурда байни мактабҳои олии педагогии ҷумҳурӣ мавқеи ба худ хос пайдо менамояд. Вуҷуд доштани гурӯҳ ва кафедраҳои тоҷикӣ, айни замон, хушоянд аст.
Дерест онҳое, ки ба таҳсили рӯзона дар мактабҳои  олӣ бинобар сабабҳои гуногун имконият надоштанд, аз нав барқарор гардидани шуъба ва гурӯҳҳои ғоибонаро интизорӣ мекашиданд. Инак, дар ҳузури якчанд муассисаҳои таълими олии педагогии ҷумҳурӣ дар вазъи идома додани фаъолияти педагогӣ дар дабистонҳои таълими олӣ имконияти ғоибона хондан ва соҳиби маълумоти олӣ шудан ба хатмкардагони омӯзишгоҳ ё коллеҷҳои  ҳунарии омӯзгорӣ фароҳам омадааст.
Муаллифи ин сатрҳо низ имкон ёфт бо шарофати дигаргунсозиҳои азим орзуи худро амалӣ гардонда ва дар шуъбаи ғоибонаи назди Донишкадаи давлатии омӯзгории Чирчиқ таҳсил намояд. Аз ҷонибе бинобар бо забони модарӣ ба омӯзиш фаро гирифта шудани худ мамнун бошем, аз тарафи дигар масъалаи устодони тоҷикидон дар Чирчиқ моро нигарон мекард. Дар Самарқанд ё Тошканд мутахассисони варзидаи соҳа зиёд, вале дар Чирчиқ кӣ мувофиқи талаби рӯз ва ҳамоҳанг бо стандартҳои давлатии таълим ба донишҷӯён дарс мегӯяд?
Маълум шуд, ки дар Чирчиқ низ ин гуна мутахассисон ҳастанд ва дараҷаҳои илмӣ, таҷрибаи чандсолаи омӯзгорӣ доранд. Яке аз онҳо Алиҷон Каримҷонов, ки зодаи ноҳияи Сӯхи вилояти Фарғона буда, устоди нуктадон ва педагоги  хушсалиқа аст. Ба шарҳи ҳоли Алиҷонака аз наздик шинос шуда, амин гардидем бо фаъолияти дурударози ибратбахш вай дар пешбурди корҳои таълимӣ ва тарбиявӣ, омодасозии кадрҳои лаёқатманди омӯзгорӣ ва равнақи соҳаи педагогию методикаи таълими ибтидоӣ саҳми муносиб ҳамроҳ намудааст.
Хусусан, суханронии равон ва хушоҳанг, меҳр ва муҳаббати самимиаш ба забон ва адабиёти ноби форсӣ-тоҷикӣ диққати ҳамзабононро ба худ кашид. Муносибаташ ба шогирдон низ қобили таваҷҷӯҳ.
Дар наздаш худро озод ҳис мекунед ва гумон мебаред бо дӯсти деринаи худ, ки кайҳо боз мешиносед, муколама доред.
Алиҷон Каримҷонов дар деҳаи Қалъаи ноҳияи Сӯх соли 1952 таваллуд ёфт ва дар дабистони маҳаллӣ, ки он вақт номи Амиралӣ Саидбекови маълум ва машҳурро дошт, таҳсил намуд. Бо гирифтани «номаи камол» роҳи Хуҷандро пеш гирифт. Аз имтиҳони қабули Донишкадаи давлатии омӯзгории Хуҷанд бомуваффақият гузашт ва тӯли чаҳор сол дар риштаи педагогика ва методикаи таълими ибтидоӣ чун донишҷӯи хушзеҳн, ҷӯянда ва қобилиятнок эътибори устодон ва шарикдарсонро ба худ ҷалб намуд. 
Онро соли 1973 бо дипломи имтиёзнок ба итмом расонд. Ӯро, ки «таҳи чашм» карда буданд, дар кафедраи педагогика нигоҳ доштанд. Инак, Алиҷон Каримҷонов дар факултаи педагогика ва психологияи ДДПХ чун омӯзгор ва тадқиқотгар ба фаъолияти мустақилона шурӯъ намуд. Одатан ба кадрҳои ҷавоне, ки нури ташаббус дар гунаашон дурахшида, дар ҳар ҷабҳа фаъолнокӣ нишон медиҳанд, дар ҳама ҷо бо чашми харидорона назар мекунанд.
Идораи маорифи халқи вилоят низ хост А. Каримҷонов ба сифати нозир-методист фаъолият ба роҳ гузорад. Розӣ шуд. Бовар дошт агар инсон азм намояд, ба иҷрои вазифаҳои муҳим вақт пайдо карда метавонад. Ҷуз ин лекторӣ дар Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони вилоят низ як шохаи фаъолияти ӯ қарор гирифт. Аз ҳар дақиқа самаранок истифода карда, ҳар вазифаеро, ки дар зимма дошт, сидқидилона ба иҷро мерасонд. Боз фикр кард ҳимояи рисолаи илмӣ низ чизи муҳим. Болои мавзӯи «Роҳ ва усулҳои баланд бардоштани дараҷаи ихтисоси муаллимони синфҳои ибтидоӣ», ки ба ӯ супурданд, кори тадқиқотӣ пеш бурд. Лозим омад роҳи Тошкандро пеш гирифта ва чун аспирант дар Донишкадаи давлатии омӯзгории Тошканд ба номи Низомӣ доманаи фаъолияти пажӯҳишии худ тавсеа бахшад. Доктори илмҳои педагогӣ, профессор Комилҷон Ҳошимов чун роҳбари илмӣ дар роҳи ноҳамвори таҳқиқу тадқик ҳидоятгар қарор гирифт. Чанд муддат дар даргоҳҳои таълими олӣ, муассисаҳои пажӯҳишӣ, китобхонаҳои давлатии  Маскав ва Санкт-Петербург болои китоб, дастхат ва дастуруламалҳои илмӣ умр гузаронд. 
Хусусан, сабақҳое, ки аз академик Пётр Дробязко бардошт, дар чорраҳаи илм барояш чун чароғаки роҳнамо хидмат карданд. Соли  1989 ба Тошканд баргашт ва соли 1990 номзадӣ дифоъ намуд.
А. Каримҷонов чанд муддат дар Донишкадаи давлатии педагогии Тошканд ба номи Низомӣ чун дотсенти кафедраи педагогика адои  вазифа кард. 
Бештар аз 70 мақола ва гузоришоти илмӣ ва оммавиаш рӯи нашр диданд.
Бо тавсияи Вазорати таълими олӣ ва  миёнаи махсуси ҷумҳурӣ соли 2008 китоби ӯ «Асосҳои идоракунии сохтори педагогӣ» ҷомаи табъ ба бар намуд.
Соли 2012, инчунин, рисолааш бо унвони «Асосҳои идоракунии сохтори таълим» аз чоп баромад ва барои ҷӯяндагони илм, педагогҳои оянда, ки дар муассисаҳои  таълими олӣ мехонанд, дастуруламали хуб қарор гирифт.
Алиҷон Каримҷонов дар Омӯзишгоҳи ҳарбии Чирчиқ, ки ба артиш мутахассисони соҳибмаълумот омода месозад, чанд муддат омӯзгорӣ кардааст. 
Ҳанӯз соли 2000-ум бо тавсия ва дархости Вазорати дифоъ китоби ӯ «Педагогикаи ҳарбӣ» аз тариқи идораи табъу нашри «Шарқ» дар 2 ҳазор нусха ба чоп расида буд, ки онро курсантҳои қисмҳои ҳарбии ҷумҳурӣ чун китоби дарсӣ ҳамон истифода мебаранд.
Алҳол дотсенти кафедраи методика ва варзиши синфҳои ибтидоии Донишкадаи давлатии омӯзгории Чирчиқ А. Каримҷонов баҳри омодасозии кадрҳои сазовори педагогӣ ҳунар ва маҳорати касбӣ ба харҷ медиҳад. Рисолааш «Асосҳои меъёрии идоракунии муассисаҳои таълимӣ» дар арафаи нашршавист. Барои гурӯҳҳои тоҷикӣ болои таълифе кор мебарад марбут ба инкишофи нутқи мураттаб. 
Бовар дорем бо шарофат ва ҳаракатҳои устодоне чун Алиҷон Каримҷонов нутқ ва баёни даҳонию хаттии мо, соҳибзабонон, мураттабӣ ва ҷозибаю оҳанг касб менамояд.

Зарифа КАБИРОВА,
донишҷӯи шуъбаи ғоибонаи Донишкадаи давлатии омӯзгории Чирчиқ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: