ФАТҲИ ҚУЛЛАҲО Ё ХУД ШОҲМОТ БОЗИИ ЗЕҲНӢ

Шоҳмот бозии варзишӣ, тафреҳӣ-зеҳнӣ буда, дар худ ҳам хусусияти маърифатӣ ва ҳам унсурҳои илмиро муҷассам кардааст.

Шоҳмотбозони асил даҳҳо асарҳои илмию оммавӣ оид ба тахайюлу тафаккури мантиқӣ, таҳаммулпазирӣ, сабру тоқат, аз даст надодани инону ихтиёр, таҳлили вазъи кунунӣ ва дурнамои онро меомӯзанд.

Шоҳмот бозиест, ки чандин паҳлуи мусбат низ дорад. Он ба таҳкими ирода барои ғалаба, раҳоӣ аз ҳолатҳои мураккаб, мустаҳкамии хотира, мураттаби кории майнаи сар, афзоиши дараҷаи мантиқии фикрронӣ мусоидат менамояд. Пас барои пешрафти соҳа дар кишвар ҷорӣ намудани омӯзиши шоҳмот чун соати дарсии алоҳида, на ҳамчун маҳфил дар муассисаҳои таълимӣ барои кӯдакону наврасон, хеле муҳим аст.

Шоҳмот ҳамчун фанни алоҳида дар муассисаҳои таълимии давлатҳои пешрафтаи Аврупо ва Эрону Ҳиндустон омӯзонида мешавад. Он ба тафаккури наврасон рушд бахшида, хотираро қавӣ мегардонад. Пеш аз ҳама бачагон тарзи дурусти рақобат ва саъю талош бо ҳарифро ёд мегиранд, дар онҳо бовар ва эътимод нисбати иродаи худ ҳосил мегардад. Зеро шоҳмотбози ҳақиқӣ  дар душвортарин лаҳза ҳам сари тахтаи шоҳмот рӯҳафтода нест, ӯ ҳамеша ба пирӯзии худ эътимод дорад. Мақсад ин нест, ки дар оянда ҳама шоҳмотбози маълуму машҳур шаванд, балки ҳадаф он аст, ки шахсиятҳои ботаҳаммулу боандеша, ботадбиру боирода ба воя расанд. Аз ин рӯ роҳандозӣ намудани дарси шоҳмот дар муассисаҳои таълимӣ, тавре ки гуфтем, хеле муҳим ва судманд аст.

Федератсияи шоҳмот аз лаҳзаи таъсисёбиаш (соли 1992) то имрӯз ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст. Ҷавонону наврасон аз рӯйи шоҳмотбозӣ дар мусобиқаҳои дохил ва хориҷи мамлакат иштирок намуда, сазовори ҷойҳои намоён  гардидаанд.

Солҳои охир дар Ӯзбекистон таваҷҷӯҳ ба бозии шоҳмот зиёд гардида, ҷавонону наврасон ва калонсолон ба ин намуди варзиш майли зиёд пайдо намуданд. Шоҳмотбозони тими мунтахаб дар Олимпиадаи ҷаҳонии шоҳмот, ки моҳҳои июл – августи соли 2022 дар шаҳри Ченнайи Ҳиндустон баргузор гардид, байни тимҳои мунтахаби 169 давлати ҷаҳон ҷойи аввалро касб кард. Ӯзбекистон бори аввал соҳиби медалҳои тиллои Олимпиадаи ҷаҳонии шоҳмот гардид. Ва имрӯз тими мунтахаби шоҳмотбозон дар радабандии байналхалқии шоҳмот байни 169 давлат дар ҷойи 12-ум қарор дорад.

Ба дастаи мунтахаби мардон Нодирбек Абдусатторов, Ҷавоҳир Синдоров, Нодирбек Яъқуббоев, Шамсиддин Воҳидов ва Ҷаҳонгир Воҳидов ва ба тими занона Афрӯза Ҳамдамова, Нилуфар Яъқуббоева, Умеда Амонова, Марҷона Маликова ва Нодира Нодирҷонова шомил мебошанд.

Дар радабандии байни 40 гроссмейстери ҷавонтарини ҷаҳон Ҷавоҳир Синдоров дар ҷойи чорум ва Нодирбек Абдусатторов дар мақоми шашум қарор гирифтаанд. Ҷавоҳир Синдоров дар синни 12 солу 10 моҳу 5 рӯзагӣ ва Нодирбек Абдусатторов дар 13 солу 1 моҳу 11 рӯзагӣ ба гирифтани рутбаи олии бозии шоҳмот – гроссмейстер ноил гардидаанд.

Дар радабандӣ байни 100 нафар шоҳботбозони беҳтарини ҷаҳон Нодирбек Абдусатторов дар ҷойи ҳаштум ва Ҷавоҳир Синдоров дар мақоми даҳум қарор доранд. 4 нафар шоҳмотбозони ӯзбекистонӣ ба сафи 100 нафар шоҳмотбозони беҳтарини ҷаҳон ворид гардидаанд.

Аъзои тими мунтахаби занон комёбиҳои назаррас ба даст овардаанд. Афрӯза Ҳамдамова агар дар чемпионати ҷаҳонии шоҳмоти синнашон то 14 ҷойи аввал ва унвони қаҳрамониро соҳиб шуда бошад, соли равон байни духтарони то 16 сола низ ба гирифтани унвони қаҳрамонӣ ноил гардид.

Қарори Президент аз 4 августи соли 2022 «Дар бораи  тадбирҳои иловагӣ барои боз ҳам ривоҷ додан ва оммавӣ гардонидани бозии шоҳмот» ба рушди бозии шоҳмот дар мамлакат имкониятҳои навро муҳайё намуд. Мувофиқи ин қарор дар ҳудуди истироҳатгоҳи «Тӯдакӯл»-и  ноҳияи Қизилтепаи вилояти Навоӣ Мактаби байналхалқии шоҳмот ташкил ёфт. Мактаб аз ҷониби Комбинати маъданҳои кӯҳии Навоӣ мувофиқи талаботи стандартҳои байналхалқӣ бунёд ёфтааст. Дар мактаб шоҳмотбозон барои иштирок дар мусобиқаҳои байналмилалӣ, олимпиадаҳо ва Бозиҳои осиёӣ, чемпионатҳои ҷаҳон ва Осиё, универсиадаҳо тайёр карда мешаванд. Ба тарбияи шоҳмотбозони ҷавон мутахассисони бомаҳорат, рӯҳшинос, услубшиносон ва гроссмейстерҳои машҳури ҷаҳон ҷалб гардидаанд. Мураббиён ҳам бо мактабҳои байналхалқии машҳури шоҳмоти ҷаҳон ҳамкориро ба роҳ монда, таҷрибаи ҳамдигарро меомӯзанд.

Мувофиқи қарори сарвари давлат аз соли 2023 ҳар сол дар мактаби мазкур зинаи ниҳоии мусобиқаҳои «Рокировка», «Нуронийлар», «Чексиз имкон», «Womens Chess Cham-piohshir» ва «Uzbekistan Chess Open» мунтазам гузаронида мешаванд.

Мувофиқи қарори сарвари давлат маблағи умумии ҷоизаҳо барои ғолибони мусобиқаҳои байналхалқӣ вобаста ба сатҳи онҳо муайян гадидааст. Чунончи, ғолибони ҷойҳои 1, 2, 3-юми Олимпиадаи ҷаҳонии шоҳмот мутобиқан бо маблағи 600 миллион сӯм, 300 миллион сӯм ва 150 миллион сӯм мукофотонида мешаванд. Мураббиёни онҳо низ бо ними ҳамин маблағҳо сарфароз мегарданд.

Ӯзбекистон дар соли 2026 мизбони Олимпиадаи ҷаҳонии шоҳмот мешавад. Ин қарор аз ҷониби Конгресси ФИДЕ, ки дар шаҳри Ченнайи Ҳиндустон баргузор шуд, қабул гардид. Мусобиқа дар шаҳри Самарқанд ташкил гардида, бозиҳои ниҳоии он мувофиқи нишондоди сарвари давлат дар Мактаби байналмилалии шоҳмоти истироҳатгоҳи «Тӯдакӯл» баргузор хоҳанд шуд.

Мояи хушнудист, ки соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар маркази таваҷҷуҳи махсуси Президент Шавкат Мирзиёев қарор дорад. Дар замони муосир ба тарзи ҳаёти солим ва варзиш, махсусан ба намуди шоҳмот ҷалб кардани қишрҳои гуногуни ҷомеа аҳамияти муҳим дошта, ба рушди зеҳнии наврасону ҷавонон ва калонсолон мусоидат хоҳад кард.

Ӯзбакбойи РАҲМОН,

хабарнигори «Овози тоҷик».

Вилояти Навоӣ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: