Ба қарибӣ собиқадори таълими халқ, сокини шаҳри Самарқанд Ҳалима Низомова барои хизматҳои босамар дар тараққиёти ватан ва тарбияи насли наврас аз тарафи Фонди байналмилалии Садриддин Айнӣ бо нишони сарисинагии «Садриддин Айнӣ» мукофотонида шуд.
Агар дар ҷаҳон набвад омӯзгор,
Шавад тира, аз бехирад рӯзгор.
А.ҶОМӢ
Ба қарибӣ собиқадори таълими халқ, сокини шаҳри Самарқанд Ҳалима Низомова барои хизматҳои босамар дар тараққиёти ватан ва тарбияи насли наврас аз тарафи Фонди байналмилалии Садриддин Айнӣ бо нишони сарисинагии «Садриддин Айнӣ» мукофотонида шуд.
– Зеро муаллимаи соҳибтаҷриба, зани хирадманд, модари ғамхор, собиқадори таълими халқ Ҳалима Низомоваи боғимайдонӣ аз зумраи бонувони меҳнатдӯсте аст, ки тамоми умр барои тарбияи фарзандону набераҳову абераҳо, баланд бардоштани сифати таълим ва тарбияи шогирдон, пешрафти ҷомеа ва рушди Ватани азизаш фаъолият пеш бурдааст, – иброз дошт собиқ директори мактаби рақами 25-уми ноҳияи Самарқанд Раъно Камолова, ки тӯли чанд сол бо Ҳ.Низомова ҳамкор буд.
Дар давоми фаъолияти бисёрсола Ҳалима Низомова ҳазорҳо шогирдонро тарбия намуда, ба онҳо асрори донишомӯзӣ, беҳтар донистани забони модарӣ ва адабиёт, ахлоқу хиради нек омӯхт. Дар натиҷа аксарияти шогирдони ӯ дар ҳаёт роҳи худро ёфта, боиси ифтихору сарбаландии омӯзгори худ шуданд.
Муаллима баробари устодӣ ба ҳамкасбон, бахусус, омӯзгорони ҷавон маслиҳатҳои муфид медод, онҳоро роҳнамоӣ мекард. Ба муаллимаҳои навхонадор асрори оиладориро омӯхта, онҳоро ҳамеша ба роҳи дуруст ҳидоят намуда, дар ҳалли баъзе масъалаҳои оилавӣ роҳи хубро нишон медод.
Ӯ соли 1939 дар хонадони Низомбобо Исомов ба дунё омадааст. Соли 1948 ба синфи якуми мактаби ҳафтсолаи рақами 25-уми деҳаи Боғимайдони ноҳияи Самарқанд (ҳоло 69-уми шаҳри Самарқанд) қабул шуд. Меҳри омӯзгорӣ, ки дар солҳои таҳсил дар дилаш пайдо гардид, ӯро ба омӯзишгоҳи педагогии Самарқанд овард ва ин боргоҳи таълимро бо дипломи имтиёзнок (сурх) хатм намуд. Сипас дар мактаби азизи худ солҳо чун омӯзгори синфҳои ибтидоӣ фаъолият бурд. Дарк кард, ки ҳоло донишаш пурра нест ва таҳсилро дар Донишкадаи омӯзгории ба номи С.Айнӣ идома дод ва онро соли 1972 хатм намуд. Сипас солҳо ба фарзандони маҳаллаҳои Обираҳмат, Қир, Қирча, Чилсутун, Боғимайдон ва ғайраи шаҳри Самарқанд асрори илму дониш омӯзонд. Аз соли 1969 дар синфҳои болоӣ аз фанни забон ва адабиёти тоҷик таълим дод.
Низомова на танҳо муаллимаи заковатманд ва ботаҷриба, балки зани оқила, ҳамсари меҳрубону вафодор ва модари ғамхор аст. Вай соли 1957 риштаи ҳаёти худро бо яке аз мардони некном Расул Юнусов пайваста, чор нафар фарзандро таълиму тарбияи нек дод. Ҳоло муаллима дар иҳотаи 50 нафар набераву абера ва чабераҳо гашти нафақа меронад.
Қобилияти ташкилотчигӣ ва хислатҳои муаллимаро ба ҳисоб гирифта, соли 1986 вайро дар маҳаллаи навташкили Обираҳмат машваратгари зан ва духтарон интихоб карданд. Муаллима дар ин вазифаи пурмасъулият ва серташвиш, ки босабрӣ ва дурандеширо талаб мекунад, беш аз 35 сол фаъолият дошт ва ба таври ҳаққонӣ сазовори эҳтироми ҳаммаҳаллаҳои худ ва аҳли ҷомеа шуд.
– Ман аз паи модари муқаддас рафта, солҳои тӯлонӣ омӯзгор будам, – иброз дошт духтараш Нигина Наҷмиддинова, – ҳоло чанд нафар набера низ касби муаллимиро гирифтаанд. Ҳар гоҳ комёб шавем, байти шоири зиндаёд Лоиқ Шералӣ ба хотирам мерасад:
Сад ҷону дил фидои як
муддаои модар,
Фатҳу кушоиш орад,
дасти дуои модар.
– Ман бо устодам ифтихор дорам, – ба сӯҳбат ҳамроҳ шуд журналист ва адиби номдор, корманди рӯзномаи «Овози Самарқанд» Тошқул Азимзода. – Вақте дар мактаб ҳамроҳ кор мекардем, аз таҷрибаи омӯзгории бисёрсолаашон бисёр баҳраманд шудаем.
Муаллима ба синни 85-уми умри азизашон расидаанд, ки мехоҳем боз солҳои тӯлонӣ дар иҳотаи пайвандону наздикон сиҳату саломат ва дуогӯй бошанд.
Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
хабарнигори
«Овози тоҷик»
дар вилояти Самарқанд.