ФАЗО ФАЗОИ ФАРЗАНДҲОИ ХУРДСОЛ

Солҳои охир дар шаҳри Тошканд масканҳои томактабии замонавӣ таъсис меёбад. Муассисаи таълими томактабии давлатии рақами 203 аз он ҷумлаест, ки дар ноҳияи Яшнободи пойтахт сохта, ба истифода супурда шуд.

Дар он ҳокими шаҳр Шавкат Умурзоқов, роҳбари садорати таълими томактабиву мактабӣ Нилуфар Ҳусанбоева, ҳокими ноҳия Бахтиёр Раҳматқулов, масъулони ҳокимият, намояндагони соҳаи таълими халқ, фаъолони Иттифоқи ҷавонон ва вакилони ҷамоатӣ иштирок намуданд. Дар чорабинӣ ҳокими шаҳр таъкид кард, ки фазо фазои муоширати фарзандони хурдсол аст. Дар Ӯзбекистони Нав ба сифати бунёдкорони ояндаи мамлакат, барои дониши амиқ гирифтан, аз ҳар ҷиҳат чун насли солим ба воя расидани онҳо шароити муносиб фароҳам овардан яке аз самтҳои устувори сиёсати давлат ба шумор меравад. Ин бинои дуошёна дорои воситаҳои таълиму тарбияи талаби имрӯза мебошад. Муассисаи мазкур барои беш аз 240 нафар наврас пешбинӣ шудааст. Дар маскани тарбия нуқтаи тиббӣ, хонаҳо мувофиқи синну сол, толори мусиқӣ, варзиш, хонаҳои забонҳои хориҷӣ, ошхона, толори тобистона, майдончаҳои бозӣ барин қулаиҳо баҳри истироҳат ва илмомӯзии кӯдакон офарида шудааст. Таъкид гардид, ки барои баланд бардоштани сифати таълими кӯдакон ҷорӣ намудани барномаҳои муосири таълимӣ ба нақша гирифта шудааст. Далер Азизов, хабарнигори «Овози тоҷик»

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: