Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 6 июн дар шаҳри Самарқанд директори иҷрогари Фонди байналмилалии асъор Кристалина Георгиеваро қабул кард.
Масъалаҳои рушди минбаъдаи ҳамкории бисёрҷонибаи Ӯзбекистон бо Фонди байналмилалии асъор, аз он ҷумла бинобар чунин самтҳои афзалиятнок ба мисли ислоҳот оид ба таъмини устувории макроиқтисодӣ, такмил додани сиёсати пулию қарзӣ ва фиксалӣ баррасӣ шуданд.
Бо қаноатмандӣ қайд карда шуд, ки солҳои охир ҳамкорӣ бо ФБА ба таври қобили мулоҳиза густариш ёфт. Дар солҳои охир беш аз 70 миссияи фонд ба Ӯзбекистон ташриф оварда, кумаки экспертӣ ва техникӣ густариш меёбад.
Сарвари ФБА Кристалина Георгиева изҳори пуштибонӣ ва омодагии комил ба идомаи барномаи ислоҳоти бебозгашт дар Ӯзбекистони Нав кард.
Инчунин оид ба масъалаҳои мубрами иқтисоди ҷаҳонӣ ва рушди устувор табодули афкор сурат гирифт.
Бо ҳамин сафари Президенти Ӯзбекистон ба Самарқанд анҷом ёфт, сарвари давлат ба Тошканд баргашт.