ФЕДЕРАТСИЯИ БОКСИ ӮЗБЕКИСТОН УЗВИ СОЗМОНИ WORLD BOXING ШУД

Сомонаи расмии World Boxing хабар дод, ки Федератсияи бокси Ӯзбекистон ба узвияти Созмони ҷаҳонии бокс қабул шудааст.

Чор федератсия, аз ҷумла Федератсияи бокси Ӯзбекистон узви нави ин созмон шуданд. Ба ғайр аз Ӯзбекистон, Қазоқистон, Гватемала ва Лаос ба сифати узви нав пазируфта шуданд. Ҳамин тариқ, шумораи федератсияҳое, ки ба ин созмон шомиланд, ба 55 адад расид.

"Ҳамроҳ шудани Ӯзбекистон ва Қазоқистон барин давлатҳои пешқадам, мавқеи созмони байналмилалиро дар Осиё ба таври қобили мулоҳиза боло мебарад", омадааст дар паёми созмон.

Ёдовар мекунем, ки Борис ван дер Ворст аз Ҳолланд раиси Созмони ҷаҳонии бокс мебошад. То кунун 44 кишвар ба ин созмон шомил шудаанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: