ФЕДЕРАТСИЯИ ИТТИФОҚИ КАСАБАИ ӮЗБЕКИСТОН УЗВИ КОНФЕДЕРАТСИЯИ УМУМИИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА ГАРДИД

Дар Тошканд ҷамъомади сайёри кумитаи иҷроияи Конфедератсияи умумии иттифоқҳои касаба баргузор шуд.

Дар ҷамъомад роҳбарият ва ходимони масъули Федератсияи Иттифоқи касабаи Ӯзбекистон, роҳбарони шӯроҳои ҷумҳуриявии иттифоқи соҳавии касаба ва иттиҳодияҳои минтақавии созмонҳои иттифоқи касаба, ҳамчунин роҳбарият ва аъзои кумитаи иҷроияи Конфедератсияи умумии иттифоқҳои касаба, иттифоқҳои касабаи Арманистон, Белорус, Озарбойҷон, Тоҷикистон, Қирғизистон ва кишварҳои дигар иштирок карданд. 
Раиси Федератсияи Иттифоқҳои касабаи Ӯзбекистон Қудратилла Рафиқов, президенти Конфедератсияи умумии иттифоқҳои касаба Михаил Шмаков, ноиб – президенти Конфедератсияи умумии иттифоқҳои касаба, раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи кормандони соҳаҳои ҷангали ИДМ Виктор Карнюшин ва дигарон қайд карданд, ки таҳкими ҳамкориҳои байналхалқии байни иттифоқҳои касаба омили муҳими ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои меҳнаткашон ба шумор меравад.
Алҳол дар Ӯзбекистон миқдори миёнаи маблағе, ки ба як корманд барои татбиқ намудани чорабиниҳои ҳифзи иҷтимоӣ, ки дар муоҳидаҳои ҷамоавӣ муайян шудаанд, харҷ мегардад, 2,9 миллион сӯмро ташкил медиҳад. Масъалаҳои пардохти сазовори меҳнат, фароҳам овардани шароити бехавфи кор, ҳифзи саломатии ходимон мунтазам дар маркази эътибори иттифоқҳои касаба қарор доранд.
– Баргузор намудани ҷамъомади кумитаи иҷроияи Конфедератсияи умумии иттифоқҳои касаба дар кишвари мо аҳамияти бузург дорад, – мегӯяд роҳбари хидмати матбуоти Федератсияи Иттифоқи касабаи Ӯзбекистон Муҳаббат Ӯрмонбекова. – Ин шаҳодати эътибори баланд ба ислоҳоти дар мамлакати мо татбиқ шудаистода ва ба фаъолияти федератсияи мо мебошад.
Иштирокдорони ҷамъомад бо самтҳои асосии фаъолияти Федератсияи Иттифоқи касабаи Ӯзбекистон муфассал шинос карда шуданд. Аз ҷумла ба корҳое, ки федератсия бобати пурзӯр кардани ҳифзи иҷтимоии кормандони корхонаҳо, ташкилот ва муассисаҳо, аъзои оилаи онҳо, мустаҳкам намудани шарикии иҷтимоӣ дар соҳаи меҳнат баргузор мекунад, эътибори махсус дода шуд.
– Иштироки иттифоқҳои касабаи Ӯзбекистон ба ҷараёни эҷоди қонун, фаъолияти онҳо бинобар фароҳам овардани ҷойҳои корӣ, ҳифзи меҳнат, ҳимояи манфиатҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва ҳуқуқҳои меҳнатии меҳнаткашон, ба хусус занон ва ҷавонон, механизмҳои иртиботи муттасил бо аҳолӣ сазовори таъкид мебошад, – гуфт котиби генералии Конфедератсияи умумии иттифоқҳои касаба Владимир Щербаков. – Мо ба он санад, ки дар кишвари шумо ҳуқуқ барои иттиҳоди озод дар иттифоқҳои касаба пурра таъмин карда мешавад, низоми шартномаҳои ҷамоавӣ амал мекунанд, Федератсияи Иттифоқи касабаи Ӯзбекистон дар ҳамкории байналхалқӣ инкишоф меёбад, баҳои баланд медиҳем.
Дар ҷамъомади кумитаи иҷроияи Конфедератсияи умумии иттифоқҳои касаба дар бораи бо нишони тиллоии ифтихории конфедератсия «Барои хидмат дар пешбурди ҳаракати иттифоқҳои касаба» мукофотонидани Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев барои саҳми назарраси шахсияш дар таъмин гардидани манфиатҳои иҷтимоиву иқтисодии меҳнаткашони Ҷумҳурии Ӯзбекистон, мустаҳкам намудани шарикии иҷтимоӣ дар сатҳи умумимиллӣ, боло бардоштани обрӯйи иттифоқҳои касабаи Ӯзбекистон таклиф ворид карда шуд. Ин таклиф якдилона дастгирӣ ва қабул гардид. 
Дар ҷамъомади сайёр ҳамчунин масъалаи ба узвияти Конфедератсияи умумии иттифоқҳои касаба  пазируфтани Федератсияи Иттифоқи касабаи Ӯзбекистон баррасӣ шуд. Таклиф якдилона дастгирӣ гардид ва федератсия расман узви Конфедератсияи умумии иттифоқҳои касаба шуд. 

Насиба ЗИЁДУЛЛАЕВА, хабарнигори ӮзА.      

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: